Пайвандҳои дастрасӣ

Имсол тибқи квотаи президентӣ беш аз ҳазор ҷавон аз навоҳии дурдаст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Квота барои таҳсили духтарони манотиқи дурдасти Тоҷикистон дар донишгоҳҳои кишвар дар соли 1997 ва бо ибтикори раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, таъсис ёфта буд.
Дар Тоҷикистон
на ҳама ба тақсими одилонаи квота ё мушарраф шудани ҷавонони лаёқатаманд ба ин имтиёз бовар доранд...


То кунун беш аз 5448 ҷавондухтар тавассути ин саҳмия ба донишгоҳҳои кишвар дохил шуда, аз ин теъдод 1614 нафар донишгоҳҳоро хатм кардаанд.

Аз миёни 524 донишҷӯ, ки ихтисоси омӯзгориро доранд, 509 нафар барои кор ба маҳалли зисташон фиристода шуданд, ки 102 нафари дар ҷои кор ҳозир нашудаанд.

РОҲИ БОЗ БА СӮИ ДОНИШГОҲҲО

Бо имтиёзи президентии таҳсили духтарон, ба истилоҳ орзуҳои ношукуфтаи бархе аз ҷавонондухтарон шукуфонд ва роҳи даҳҳои дигарро, ки ҳатто таҳсил дар мактабҳои миёна барояшон бо мушкилот ҳамроҳ буд, ба сӯи донишгоҳҳо боз кард.

Фирӯза, аз аввалин духтаронест, ки дар соли 1997, дар ноҳияи Рашт соҳиби квотаи президентӣ шудааст. Бародари ӯ дар сафи ҷабҳаи мухолифон меҷангид ва барои хонаводаи онҳо мазҳабу суннат аз ҳар чизи дигаре боло меистод.

Ҳамсӯҳабати мо мегӯяд, бо вуҷуди он ки аҳли хонаводааш мухолифи таҳсили ӯ буданд, ӯ соҳиби квота гардид ва ба Душанбе барои таҳсил омад.

КВОТА БАРОИ КИСТ?

Аммо дар Тоҷикистон на ҳама ба тақсими одилонаи квота ё мушарраф шудани ҷавонони лаёқатаманд ба ин имтиёз бовар доранд. Ин дар ҳолест, ки сару садоҳо дар бораи ин ки гӯиё дар минтақаҳои дурдаст квота бештар ба фарзандони раисони ноҳияҳо ва мансабдорон дода мешавад, зиёд ба гӯш мерасад.

Наргис, донишҷӯи соли севвуми яке аз мактабҳои олии кишвар мегӯяд, роҳхате, ки мебоист ба ӯ барои таҳсил дар донишгоҳи тиббӣ медоданд, ба яке аз хешовандони раиси ноҳияашон дода шуд. Наргис барои ин ҳаққи худ то ба назди вазири маориф омадааст ва бо тавсия ва ҳимояти вазир ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст.

НИЁЗ БА МУТАХАССИСОН

Аслан ҳадафи асосии роҳандозии квота, таъмини кадрҳо дар минтақаҳо мебошад. Вале барномарезии номукаммал аз тарафи ниҳодҳо, мушкили кадрҳо дар минтақаҳо ҳамонон боқӣ мондааст.
Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки акнун вақти он расидааст, то ба рушди дигар касбҳо ва омода кардани ихтисосҳои зарурӣ дар минтақаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кард.

Мавҷудаи Соҳибназар, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, дар деҳот ниёз на танҳо ба кадрҳои омӯзгорӣ ва тиббӣ, балки ҳамчунон ба мутахассисони хоҷагидорӣ, техникӣ, саноат низ бузург аст. Ин таҳлилгар мегӯяд, "мо имрӯз танҳо дар фикри омода кардани омӯзгор ҳастем, ҳол он ки дар деҳот ба мутахассисони бахши санот, хоҷагидорӣ, тиб эҳтиёҷи бештаре ҳаст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG