Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори давлат ба ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхтро аз боло бурдани нархҳо бидуни огаҳӣ, ҳушдор додааст.

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон тибқи шароит ва қавонини зиддиинҳисорӣ, ба ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт «Аноҳито», «Нури Дилшод», «Умед-88», «Ойл трединг», «Фароз» ва «Зет Газ» ҳушдор дод, ки дар сурати тағйир додани нархи бензин, бояд Хадамоти зиддинҳисориро расман дар ҷараён гузоранд.

Акбар Хоҷаев, сардори раёсати Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи ҷумъа ба радиои «Озодӣ» гуфт, алайҳи ин ширкатҳо, ки дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2012 ҷиҳати пешниҳод накардани хабарнома оид ба фурӯши маводи сӯхт, тибқи муқаррароти қонунгузории зиддиинҳисорӣ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол», парванда боз карда шуд.

Ба қавли Акбар Хоҷаев, «ин як қонуншикании ҷиддӣ ҳаст, ки аз тарафи ин ширкатҳо содир мешавад ва дар натиҷа боиси болоравӣ ва бебандуборӣ дар нархҳои бензин мегарадад.»

Вай гуфт, ки алайҳи Агентии захираҳои моддии давлатии назди президенти Тоҷикистон низ парванда боз карда шудааст, ки чун дигар ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт, нархномаи худро ба хадамот пешинҳод накардааст.

Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар 6 моҳи ахир аслан се ширкат - «Газпром нефти Тоҷикистон» ба андозаи 45510,6 тонна, «Нури Дилшод» ба миқдори 2435,5 тонна ва ширкати «Умед-88» ба андозаи 3503,2 тонна маводи сӯхт ба Тоҷикистон ворид кардаанд.

Ҳоло нархи як литр бензини навъи «92» ба 6 сомониву 30 дирам баробар аст ва бензини навъи "95" ба қимати 6 сомониву 60 дирам фурӯхта мешавад.
XS
SM
MD
LG