Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт мегӯянд, баъд аз коҳиши боҷи содиротии маводи сӯхти Русия, қимати бензин дар Тоҷикистон то 20 дарсад коҳиш хоҳад ёфт.

Як намояндаи ширкати «Газпром -Тоҷикистон» мегӯяд, дар сурати кам шудани боҷи содиротӣ дар авоили моҳи июн, нархи навъҳои бензин низ бознигарӣ хоҳад шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Русия қасд дорад, аз моҳи июн ҳаҷми боҷи содиротӣ барои як тонна бензинро аз 403,7 доллар ба 377,8 доллар пойн бибарад. Дар ду моҳи пеш ҳукумати Русия арзиши боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтиро афзоиш дод ва онро барои як тонна бензин аз 370 то 414,6 доллар боло бурда буд.

Бино ба иттиллои вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, дар муддати 4 моҳи соли равон аз Русия ба кишвар 81 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст.

Ҳафтаи гузашта ширкатҳои воридкунандаи нафт дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки раванди арзон шудани нархи бензин дар кишвар оғоз шудааст .

Намояндаи яке аз ширкатҳои асосии воридкунандаи маводи сӯхти нафтӣ ба Тоҷикистон мавсум ба «Газпромнефт-Тоҷикистон», ки худро Шералӣ Сироҷов муаррифӣ кард, гуфт, ки сабаби аслии коҳиши нархи бензин, хусусан навъи 92 дар он аст, ки ширкатҳо ин навъи бензинро ҳоло на танҳо аз Русия, балки аз кишварҳои дигар низ ворид мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, агар ворид намудани бензин аз Русия 15 фоиз коҳиш ёфта бошад, дар иваз аз Туркманистон 8 дарсад бештар шуд. Ба гуфтаи оқои Сироҷов, ба ғайр аз Туркманистон, ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт ба мисли "Умед-88", «Нафтрасон» ва дигарон аз Қирғизистону Қазоқистон ва Озарбойҷону Беларус ва ҳатто Украина низ бензин ворид мекунанд.

Масъалаи афзоиши нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон ду сол қабл ба миён омада буд. Дар соли 2010 баъд аз он, ки Русия боҷи гумрукиро ба маводи сӯхте ки ба кишварҳои ғайри узви Иттиҳоди гумрукӣ содир карда мешуд, афзуд, нархи бензин дар Тоҷикистон тайи ду соли охир ду маротиба бештар шуд. Ҳукумати Тоҷикистон борҳо аз Русия дархост кард, пардохтҳои баланди гумрукиро ба маводи сӯхти нафтӣ коҳиш диҳад. Худи Путин дар замони сарвазирияш чанд бор ин ваъдаро дод, вале ба ҷо наовард, ҳарчанд Маскав ин пардохтҳоро баро Қирғизистон ба поинтарин ҳад коҳиш дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG