Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон моҳи мубораки Рамазон сар аз имрӯз, ҷумъаи 20-уми июл оғоз ёфт.

Шаби панҷшанбеи 19-уми июл дар ҳама масоҷиди Тоҷикистон нахустин намози таровеҳ бо ҳузури ҳазорҳо тан аз мусалмонони кишвар баргузор шуд ва субҳи имрӯз, ҷумъаи 20-уми июл мардум рӯза доштанд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қаблан оғози моҳи шарифи Рамазонро ҷумъаи 20-уми июл эълом карда буд. Ҳамзамон, аксари кишварҳои исломӣ рӯзи ҷумъаи 20-уми июлро оғози моҳи мубораки Рамазон эълон кардаанд.

Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд. Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд.

Кӯмак ва хайру эҳсон ба камбизоатон ва мӯҳтоҷон низ яке аз суннатҳои ин моҳи муборак будааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи моҳи мубораки Рамазон зимни паёми шодбошӣ, ба таври сунъи боло бурдани нарху наво дар бозорҳоро "амали носавоб" хонд ва савдогаронро ба адлу инсоф даъват намуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки мушоҳидаҳо ҳокист, ки умдатан дар айёми моҳи Рамазон ва иду ҷашнҳои миллӣ ва мазҳабӣ нарху наво дар бозорҳо афзоиш меёбад ва ин мояи нигаронии сокинон мешавад.

Ҳамзамон дар остонаи моҳи мубораки Рамазон Шӯрои уламои Тоҷикистон бо баргузории ҷаласа бо ширкати имомхатибҳо масъалаи мушаххас кардани ҳаҷми закот ва садақаи фитри мусалмонони Тоҷикистонро маълум кард. Атоуллоҳ Давлатов, сухангӯи Маркази шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки ду рӯз қабл бо ширкати раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ҷаласаи навбатӣ доир ба андозаи закоту садақа баргузор карда шуд.

Вай гуфт, бо назардошти вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум, агар тавони молӣ ва пасандози солонаи фард ба 3 ҳазору 480 доллар ё худ ба 16 ҳазору 878 сомонӣ баробар бошад, метавонад 87 доллар ё 422 сомонӣ ба мардуми ниёзманд бидиҳанд.

Ҳамчунин, ҳаҷми садақаи фитр мушахас шудааст, ки он ба 3 сомонӣ баробар мебошад. Ба қавли Атоуллоҳ Давлатов, Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзе пеш аз оғози моҳи Рамазон бо пахши як баёния аз мардуми доро даъват намуд, ки ба мардуми нодору ниёзманд дасти ёрӣ дароз кунанд.

Зимнан, моҳи шарифи Рамазон муддати чанд соли ахир дар фасли тобистон фаро мерасад ва гармои ҳаво мунҷар ба изтироби аксари сокинон барои гирифтани рӯзаашон шудааст. Зеро онҳо мегӯянд, дар ҳоле, ки рӯзҳо дароз ҳастанд ва гузашта аз он дамои ҳаво низ маҳсус аст, рӯза гирифтан барояшон чандон саҳл нахоҳад буд.

Фарорасии Рамазон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:16 0:00
XS
SM
MD
LG