Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳи мубораки Рамазон соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар авҷи гармо фаро мерасад.

Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон санаи шурӯи ин моҳи барои мусалмонон муқаддасро дар ҷумҳурӣ 20-уми июл эълом кардааст. Санае, ки ба гуфтаи ҳавошиносон тоҷик ҳарорати ҳаво дар кулли манотиқи кишвар зери 40 дараҷаи гармӣ аст ва тӯли рӯз ва ё мӯҳлати рӯзадорӣ бештар аз 16 соат идома хоҳад кард. Ҳавошиносон дар тӯли ин моҳ ҳавои барои мардуми рӯзадор хушҳолкунандаро пешгӯӣ намекунанд.

Ба гуфтаи Ҷамила Байдуллоева, сардори раёсати Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон: "Дар тӯли моҳи шарифи Рамазон эҳтимол ҳарорати ҳаво дар Ҳавошиносони тоҷик

Ҳавошиносони тоҷик

Душанбе то 40 дараҷа гарм шавад. Дар вилояти Хатлон эҳтимоли то 45 дараҷа болоравии ҳарорати ҳаво дар назар аст. Тибқи пешгӯии якмоҳаи мо моҳи августи соли ҷорӣ дар қиёс ба солҳои гузашта 1 дараҷа гармтар хоҳад буд."

Аммо сарфи назар аз он ки моҳи Рамазони соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳаво гарму рӯзҳо тӯлонитар хоҳанд буд, аксари мардум аз ҳоло ба ин моҳи муқаддаси мусалмонон омодагӣ гирифтаанд. Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон тақвими рӯзадорӣ ва вақти намозҳо дар моҳи Рамазон омода ва ба мардум пешниҳод кардааст.

Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд рӯзадорӣ дар моҳи Рамазони соли ҷорӣ осон нахоҳад буд, аммо бар тибқи қонунҳои шариат, танҳо нафарони узрдор метавонанд рӯза нагиранд: «Агар табибе беғараз бигӯяд, ки шумо воқеан мариз ҳастед ва рӯза доштан ба сиҳатии шумо зарар дорад, хӯрдани рӯза барои он нафар ҳатмӣ аст. Аммо бояд пас аз сиҳат шудан ҳатман бар ивази ҳар рӯзи рӯзаи ногирифта рӯзаи қазоӣ бигиред.”

Раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон гуфт, ҳар нафаре, ки корҳои сангин ва масъулияте муҳим барои ҷомеаро бар дӯш дорад ва рӯза доштан ба кор ва ё масъулияти ӯ халал ворид мекунад, иҷозаи дар замони кор рӯза нагирифтанро дорад, аммо пас аз озод шудан аз масъулият бояд рӯзаи қазоиро бигирад.

Дар ҳоле, ки рамазон дар авҷи гармо дар Тоҷикистон фаро мерасад, оё мақомоти ҳукумат ҷиҳати ироаи сабукӣ ба мардуми рӯзадор соатҳои кориро ихтисор ва ё тағйир медиҳад? Мақомоти вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, то ҳол Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон.

чунин пешниҳоди таъйир ё кӯтоҳ кардани соати корӣ дар моҳи Рамазон аз сӯи кадом корхона ё мақомот ба ин вазорат нарасидааст. Аммо, мегӯянд онҳо, маъмулан дар моҳҳои Рамазон бо дархости кормандон иттиҳодияҳои коргарии бархе корхонаҳо як соати истироҳати нимарӯзиро корӣ эълон мекунанд ва шом кормандонро як соат пештар иҷозаи рафтан медиҳанд.

Раҷабалӣ Раҷабов, сардори раёсати муносибатҳои меҳнатӣ дар вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар ин замина гуфт: "Дар сатҳи ҷумҳури бошад, бо қарори ҳукумат ин масаъла ягон дафъа баррасӣ нашудааст, барои он ки коргарон ягон бор муроҷиат накардаанд. Зеро масъалаи тағйири соатҳои корӣ дар Рамазон аксаран дар худи корхонаҳо мустақилона ҳалли худро пайдо кардааст."

Дар ҳамин ҳол, табибон ҳушдор медиҳанд, ки ҳар чанд ба рӯза доштан барои теъдоде аз гирифторони бемориҳои дил, фишори баланд, маризиҳои талха ва ҷигар аз манфиат холӣ нест, аммо гармии ҳаво дар рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон барои сиҳатии бархе маризони дигар хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.

Бобоназар Назаров, мудири шӯъбаи маризиҳои кардиоревматологии бемористони шумораи 5-и шаҳри Душанбе мегӯяд: "Ҳарорати баланди ҳаво албатта ба сиҳатии ҳама мардуми рӯзадор таъсири манфӣ дорад. Ба он хотир ки табодули моддаҳо дар организми инсон мавриди ҳарорати баланди ҳаво халадор ва номӯътадил мешавад. Ва ба нафароне, ки дар саҳро ё ҳавои бозу гарм кор мекунанд, тавсия дода мешавад, мавриди рӯзадорӣ ҳар чи камтар зери шуоъи офтоб бошанд."

Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед

Дар моҳи шарифи Рамазон маъмулан дар масоҷиди Тоҷикистон шумораи намозгузорон ба маротиб меафзояд. Аммо чизи дигаре, ки дар ин моҳ мушоҳида мешавад, ин афзоиши қиммати маҳсулоти ғизоӣ аст. Бо вуҷуди даъвату таъкидҳои рӯҳониён, Шӯрои уламо ва шаҳрдорӣ ҷиҳати поён бурдани қимати маводи ғизо дар моҳи Рамазон, аҳли бизнес тиҷоратҳои беҳтаринро маҳз дар ҳамин моҳ ба роҳ мемонад.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG