Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз панҷ ошхонаву тарабхонаи шинохташуда ва серодами шаҳри Душанбе, дар моҳи Рамазон чаҳорто низоми кори худро тағйир дода, яке барои як моҳ дарҳои худро мебандад.

Тарабхонаи «Кишмиш», воқеъ дар маркази шаҳр, ки бо ғизо ва ороишоти миллиаш маъруфу сермуштарист, таътили якмоҳа эълон кардааст. Пешхизмату ошпазҳо ба истироҳат мераванд ва муассиса ҳам таъмир хоҳад шуд. Ин тасмим ба гуфтаи Рустам Қаҳҳоров, як корманди маъмурияти тарабхонаи «Кишмиш», ба хотири ҷилавгирӣ аз зиёни молӣ гирифта шудааст, зеро ба гуфтаи ӯ дар моҳи Рамазон мардуми мусалмони Тоҷикистон умдатан ба ошхонаҳо кам сар мезананд.

«Албатта маълум аст, ки ин моҳ муштарӣ кам мешавад ва мо мехоҳем бо ҳамин баҳона тарабхонаро таъмир кунем. Мо солҳои қаблӣ ҳам дар моҳи Рамазон кор намекардем. Дар рӯзҳои маъмулӣ муштариёни тарабхонаи мо зиёданд. Агар барои ташкили ягон ифтору маъракае дар ин моҳ фармоиш шавад, мо хизмат мекунем ва дари тарабхонаро ҳам мекушоем, аммо дар маҷмӯъ ин моҳ фаъолият намекунем.»

Дар тарабхонаи дигаре воқеъ дар берун аз маркази шаҳр ва мавсум ба номи «Бохтариён» ҳам пешхизматҳо имрӯз ба ҷамъугири мизу курсӣ ва гилему дастурхонҳо машғуланд. Масъулони ин муассиса мегӯянд, бо таҷрибаи рамазонии солҳои гузашта онҳо хуб медонанд, ки дар ин моҳ даромади кофӣ ба даст нахоҳанд овард.

Аммо бархе аз дигар тарабхонаву ошхонаҳои маркази шаҳр умед ба сайёҳони хориҷӣ ва ё афроде бастаанд, ки рӯза намегиранд. Онҳо кори худро дар ин моҳ ҳам идома хоҳанд дод, вале албатта бо назардошти андаке дигаргуниҳо дар низоми кор ва мизони масрафи масолеҳ .

Чойхонаи маъруфи “Роҳат” ба умеди меҳмонони хориҷӣ дарҳояшро боз мемонад ва аз субҳ то соати 12 шаб ба қабули муштариён омода аст. Вале ба гуфтаи Азиз Намозов, сармуҳосиби ин тарабхонаи калонтарин дар маркази Душанбе, ҳаҷми ғизои таҳияшаванда коҳиш дода мешавад.

«Нархи маҳсулоти мо аз бозори истеъмолӣ вобаста аст. Ҳар қадаре, ки нарх дар бозор арзон шавад, мо ҳам кӯшиш мекунем, ки нархро поён барем. Қабл аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳамасола мо кӯшиш мекунем, 10-15 дар сад барои мизоҷон тахфифҳо пешкаш кунем».


Бояд гуфт, имрӯз дар шаҳр шумори ошхонаву қаҳвахонаҳое, ки хӯроки зудпаз ё ба истилоҳ “фаст фуд”-ро пешниҳод мекунанд, хеле зиёданд ва талабот ба ин муассисаҳо ҳам кам нест. Аксар донишҷӯён ва коргарҷавонон, ки кисаашон ба тарабхона мувофиқ намеояд, бештар аз хӯроки фаст фуд истеъмол мекунанд. Ҷамшед, як корманди кафеи маъруф бо номи «Chicken» ё «Чӯҷа», гуфт, онҳо нияти бастани дарҳои худ дар моҳи Рамазонро надоранд, ӯ ҳадс мезанад, ки дар ин гармои тобистон шумори рӯзадорҳо мисли солҳои қаблӣ зиёд нахоҳад буд, вале ба ҳар ҳол, мегӯяд Ҷамшед, онҳо ҳам дар кори худ каме тағйир ворид хоҳанд кард.

«Хӯрок бисёр тайёр намекунем. Ин хӯроки “фаст фуд” аст ва зуд омода шуда зуд вайрон мешавад, барои ҳамин, мо кӯшиш мекунем дар вақти шом бештар хӯрок омода кунем. Ҳарчанд ба фикрам ин моҳ акнун мисли рамазонҳои пеш рӯзадорон зиёд намешаванд».

Ба ин тартиб аксар тарабхонаву ошхонаҳои шаҳр, ки дар моҳи шарифи Рамазон фаъолияташонро идома медиҳанд, тасмим доранд кори худро бештар дар шомгоҳон ҳангоми ифтор ҷоннок кунанд. Ва бояд гуфт, теъдоде ҳам аз сокинони кишвар, ки тавони гирифтани рӯзаро надоранд ва ё узре доранд, дар ин моҳ ҳангоми наҳору чошт кӯшиш мекунанд пинҳон аз чашми дигарон ба ошхонаҳои дуртар аз маркази шаҳр бираванд.

Аммо маъмулан дар моҳи Рамазон ниёзмандии мардум ба маҳсулоти бозор меафзояд ва дар зимн ҳамасола баробари фарорасии моҳи Рамазон дар бозорҳои кишвар болоравии қиматҳо ба мушоҳида мерасад. Соли ҷорӣ низ аксар сокинони шаҳр аз гаронии нархи бозор дар ин моҳ шикоят мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG