Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонони суғдӣ мехоҳанд ба телевизиону радио дастрасӣ дошта бошанд


Рустам Юсуфов, раҳбари созмони "Ваҳдати ҷавонон"

Рустам Юсуфов, раҳбари созмони "Ваҳдати ҷавонон"

Дар ин бора ба унвонии раиси вилояти Суғд аз номи даҳҳо созмони ҷамъиятии ҷавонон дархост ироа шудааст.

Раҳбарони созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон дар як муроҷиатномаи расмӣ
ба унвони Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд дархост кардаанд, ки барои ҷавонон ҷиҳати фаъолияти иҷтимои фазои беҳтар ва озодтарро фароҳам оварад. Ин номаи дастҷамъӣ бо ибтикори созмони навтаъсиси ҷамъиятии «Ваҳдати ҷавонон» дар Хуҷанд ироа шуда, зери он 70 масъули созмонҳои ҷавонон имзо гузоштаанд.

Рустам Юсуфов, раҳбари созмони мазкур дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «дар муроҷиатнома ҷавонон, омодагии худро барои бар дӯши худ гирифтани масъулият ба хотири бунёди ояндаи беҳтар баён доштанд. Аз ин рӯ дархост карданд, ки давлат ба онҳо шароит ва фазои беҳтари кору фаъолият ва татбиқи барномаҳояшонро фароҳам созад».

Дар нома пешниҳодҳои мушаххаси ҷавонон, аз ҷумла таъсиси Шӯрои ҷавонон ва «Маркази захиравии ҷавонон», нашрияи хосе бо номи «Ваҳдати ҷавонон», дастрасии ҷавонон барои нашри барномаҳои иҷтиомии худ дар телевизион ва радиоҳои маҳаллӣ, баён шудааст.

Рустам Юсуфов афзуд, дар ҳоли кунунӣ шароит ва фазои мусоиди кору фаъолият барои ҷавонон бештар дар рӯи коғаз вуҷуд дорад. Ба ақидаи вай, фазои маҳдуди зиндагию кору фаъолиятҳои иҷтимоӣ, дастнорасӣ ба иттилооти дурусту саривақтӣ ба гаравидани бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва зери таъсири унсурҳои тундраву ҷиноӣ қарор гирифтани онҳо сабаб шудааст.

Аз ҷумла, дар 6 моҳи сипарӣ 140 ҷавони суғдӣ бо ҷурми фаъолият дар гурӯҳҳои мамнӯъи диниву мазҳабӣ ва ҷиноӣ дастгир ва муҷозот шудаанд. Зиёда аз ин дар ҳоли яъсу рӯҳафтодагӣ даст ба худкушӣ задани ҷавонон рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, аз ҳукумати Суғд ба Озодӣ гуфтанд, ки номаи ҷавононро дастрас кардаанд ва назару вокуниши худро дар ин замина ба зудтарин фурсат баён хоҳанд дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG