Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бархе аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии минтақаи Кӯлоб набуди нусхаҳои атестат ё шаҳодатномаи хатми маткаб хонандагон ва волидайни онҳоро нигарон кардааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки таҳсил дар тамоми макотиб аз ду ҳафтаи пеш поён ёфта ва хонанадгони синҳои 9 ва 11 бояд бояд то ин замон соҳиби номаи камол мешуданд.

Ин вазъ бештар онҳоеро низ ба ташвиш овардааст, ки тасмим доранд, то фарзандонашон дар хориҷа таҳсил намоянд.

Баҳромшоҳ Раҳматуллоев, падари яке аз чунин ҷавонон гуфт, ба истилоҳ «болои сӯхта намакоб», дар канори мушкили дарёфти атестати хатми мактаб, ду моҳ боз наметавонад, барои фарзандаш шиносномаи хориҷӣ низ бигирад.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоле, ки барои ҳуҷҷат супурдан ба Донишгоҳҳои хориҷӣ вақти каме мондааст, масъулини мизи шиносномадиҳӣ ва маориф бо баҳонаҳои гуногун шиноснома ва шаҳодатнома ё номаи камол»-ро ба онҳо намедиҳанд.

Раҳматуллоев афзуд, «ду моҳ шуд, ки наметавонем, шиноснома бигирем. Ҳар боре, ки муроҷиат мекунем, мегӯянд, нусха ё бланк нест. Ин соли аввал нест, ки дар чунин вақти ҳасос бланка дар мизи шиносномадиҳӣ тамом мешавад. Имсол, боз гирифтани аттестат ё шаҳодатномаи хатми мактаб ҳам ба таъхир афтод. Садҳо нафар саргардон аст. Баҳонаҳои мизи шиносномадиҳӣ шубҳаовар менамояд. Агар кор ба ин шакл рафтан бигирад, дар хориҷа таҳсил кардани фарзандам дар гумон аст».

Ин ҳам дар ҳолест, ки Меъроҷ, як хатмкунандаи дигар мегӯяд, аллакай, дар моҳи май барои шаҳоданомаи хатм аз ҳар нафари онҳо 25 сомонӣ ҷамъ карда буданд, вале бо гузашти қариб як моҳ аз хатми имтиҳонот ин шаҳодатнома дастрасашон нашудааст.

Меъроҷ мегӯяд, «рӯз то рӯз дер шуда истодааст. Аз интизорӣ девона шудем. Қабули ҳуҷҷатҳо сар шудааст, вале ҳар рӯз ба мо ваъда медиҳанд, ки имрӯз биёеду пагоҳ. Атестатро, ки дер гирифтем, нархҳои шартномавии Донишгоҳ ҳам қиммат мешавад ва дохил шудан мушкил мегардад».

Аммо Абдулафиз Мазарипов, муовини раиси Идораи маорифи шаҳри Кӯлоб «масъалаи додани шаҳоданомаҳои хатм»-ро ҳалшаванда арзёбӣ кард. Ӯ гуфт, ҳоло шаҳодатномаҳои хатм дастрас шудааст ва давоми ду рӯзи дигар ба дасти соҳибонашон мерасанд.

Абдулафиз Машарипоф, муовини раиси Идораи маорифи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, «Вазорати маориф атестат ё шаҳодатномаи хатми мактабро тақсим кардааст ва имрӯз то пагоҳ дастраси хонандагон мешаванд. Дар дер шудани тақсими шаҳодатномаи хатм на гуноҳи Вазорат ҳаст, на аз Идораи маорифи шаҳр. Сабаб дар он аст, ки шаҳоданомаҳоро дар Русия нашр мекунанд, ки барои аз онҷо оварданашон каме ба фикрам мушкили пеш омада буд. Лекин ҳоло ҳам дер нашудааст, ҳуҷҷатсупорӣ нав сар шудааст ва ҳар нафар бе мушкил метавонад, рафта ба дилхоҳ Донишгоҳ ҳуҷҷат супорад».

Аммо бархе коршиносон нопайдо шудани шиносномаи хориҷӣ ва шаҳоданомаҳои хатмро ба тиҷорати ғайриқонунии доираҳои муайян марбут медонанд. Сафари Раҳмат, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, гурӯҳҳои муайне аз ин ҳисоб даромад гирифтан мехоҳанд. Вай гуфт, «ҳоло мегӯянд, бланк нест, вале бисёриҳоро мебинӣ, ки шиносномаи хориҷӣ дастрас мекунанд. Зеро ба гуфтаи худи онҳо бо пардохти пули бештар метавонӣ шиносномаи хориҷӣ бигирӣ. Дар додани шаҳодатномаи хатм ҳам чунин мушкил пеш меояд, вале таъсири ин ба Донишгоҳҳо мерасад, ки нархи ғайрирасмиву ғайриқонунии дохилшавии донишҷӯ боло меравад. Баҳона ҳам ин аст, ки дер кардӣ ва ҳоло ҷойҳо пур шудаанд, аммо пули бештар диҳӣ ҳатман ҳуҷҷатҳоят қабул мешаванд».

Дар ҳамин ҳол бо вуҷуди оғози мавсими қабул ба Донишгоҳи Кӯлоб ҳоло нафароне, хуҷҷат месупоранд, ки соли гузашта мактаби миёнаро хатм кардаанд. Аммо мушкили пешомада дар дарёфти атестат ё номаи камол ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо бештар ба хатмкунандагоне зиён мерасонад, ки барои кору таҳсил азми ба хориҷа рафтан доранд.

Дар ҳамин ҳол мушоҳидаҳо ҳокист, ки ин мушкил танҳо хоси минтақаи Кӯлоб набуда дар дигар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад. Афроди зиёде аз манотиқи мухталиф аз дастрас набудани ба хусус атестат ё номаи камол шикоят мекунанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони вазорати маорифи Тоҷикистон мушкили дастрасӣ ба атестат ё номаи камолро таъид карданд.

Маҳмудхон Шоев, намояндаи Вазорати маорифи Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо «Озодӣ» гуфт, «дар ҳақиқат чунин арзу шикоятҳо ҳаст ва ба вазорат низ расидааст. Аммо тақсимоти номаи камол бо маром идома дорад. Аллакай вилоятҳои Суғду Хатлонва Бадахшон, шаҳри Душанбе ва як қатор ноҳияҳо бо номаи камол таъмин шудаанд ва бақия низ дар ҳамин рӯзҳо таъмин хоҳанд шуд».

Озодӣ: Пас сабаби ин мушкил дар чист, ки куллияи хонандагони мактабҳо соҳиби номаи камол нашудаанд?

Шоев: Яке аз сабабҳо он аст, ки шуморе аз номаҳои камол ба талаботи меъёриву ҳуқуқӣ мувофиқат надоштанд. Номаҳои камол низ тавассути нашриёти «Шарқи Озод» чоп мешавад. Дар ҷарёани чопи номаҳои камол, як садамаи техникӣ дар нашриёт рух дод, ки мӯҳлати дастрасӣ ба номаҳои камолро ба таъхир андохт.

Озодӣ: То ҳоли ҳозир чӣ миқдор аз мактабҳо бо номаи камол таъмин шудаанд?

Шоев: Албатта миқдори мактабҳоро гуфта наметавонам, аммо ноҳияҳо то рӯзи гузашта вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Роғун, Турсунзода ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва тавилдара пурра бо номаи камол таъмин шудаанд.

Озодӣ: Аммо шикоятҳо нисбати набуди номаи камол аз Хатлон низ мерасанд?

Шоев: Рӯзҳои наздик ҳатман мактабҳои ин минтақа бо номаи камол дастрас хоҳанд шуд. Чун шӯъбаҳо ва раёсатҳои маорифи хатлон номаҳои камолро гирифтаанд.

Озодӣ: Бархе аз сокинон аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки мактабҳо дар ивази дарёфти номаи камол пул гирфтаанд? Чаро чунин аст?

Шоев: Дар ҳақиқат нусхаи номаи камол бо як нархи муайян фурӯхта мешаванд. Чун хонандагон низ бояд барои нусхаи номаи камол маблағ пардохт кунанд. Зеро ин нусхаҳо дар нашрияёти «Шарқи Озод» бо пардохти маблағ чоп мешавад ва вазорати маориф низ аз ҳисоби маблағҳои гардон ба нашрияёт маблағ пардохт мекунад ва нашриёт онро чоп хоҳад кард.Чун тибқи қарордод бо нашриёти «Шарқи Озод», бояд вазорати маориф маблағ пардохт кунад. Маблағе, ки имсол ҷамъоварӣ мешавад, барои чопи нусхаҳои номаи камол барои соли оянда масраф хоҳад шуд.

Озодӣ: Аммо аз сӯи дигар бархе сокинон иддаъо доранд, ки нусхаҳои номаи камол дар мактабҳо ҳаст вале масъулони мактаб аз тариқи пардохти ришва номаи камолро ба хонандагон медиҳанд. Оё то кунун чунин маворидеро вазорати маориф ошкор кардааст?

Шоев: Дар сурати пеш омадани чунин ҳолатҳо сокинон метавонанд бевосита ба шӯъбаҳо ва раёсатҳои маорфи муроҷиат кунанд. Агар шӯъбаҳо ва раёсатҳои маориф чорае надидан, онҳо метавонанд ба вазорати маориф муроҷиат кунанд. Вазорати маориф сайти худро дорад ва сокинон озодона метавонанд номаву арзу шикояташонро ироа кунанд. То ҳоло арзу шикоят аз нарасидани номаи камол буд. Ҳатто ба вазорат низ омада чунин арзе карданд. Аммо дар мавриди ришвагирӣ ва ба фасод табдил додани ин раванд то ҳол шикояте нашудааст. Вазорати маориф омода аст, ҳама гуна арзу шикояти шаҳрвандонро таҳқиқ кунад ва чора андешад.

Озодӣ: Ҳамакнун, ки мушкили дарёфти номаи камол дар бархе аз мактбаҳо вуҷуд дорад, оё ин амр ба ҷараёни супоридани ҳуҷҷати хонандагон ба донишгоҳҳо таъсир намегузорад. Вазорати маориф чӣ иқдоме дар ин замина хоҳад кард?

Шоев: Вобаста ба ҳамин ҳолате, ки пеш омадааст, вазорати маориф тасмим гирифт, ки мӯҳлати қабули довталабон ба мактабҳои олӣ ва муассисаҳои ибтидоиву миёнаи кишвар тамдид кунад. Яъне мӯҳлат, яке каме дарозтар карда мешавад. Шояд ин раванд як ҳафта тамдид карда шавад. Қарор аст, ба зудӣ як фармоиши вазири маориф дар заминаи тамдиди мӯҳлати қабул ба донишгоҳҳо содир бигардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG