Пайвандҳои дастрасӣ

Мактабҳои хориҷӣ: Макони дониш ё тафаккури ғайр?


Даромадгоҳи литсейи туркӣ дар Хоразм: Аввал бо узбакӣ навишта шудааст, сипас бо туркӣ ва охирин бо русӣ

Даромадгоҳи литсейи туркӣ дар Хоразм: Аввал бо узбакӣ навишта шудааст, сипас бо туркӣ ва охирин бо русӣ

Мақомоти Узбакистон 5 хабарнигори нашрияи “Йеттӣ иқлим”, ё худ “Ҳафт иқлим” ва 2 хабарнигори нашрияи “Ирмоқ”-ро ба ташкили созмони тундрави мазҳабӣ, табъу нашри адабиёти ғайриқонунӣ ва ҳамин тавр, ба таблиғи пантуркизм муттаҳам мекунанд. Дар рӯзи шурӯъи ин мурофиа телевизиони давлатии Узбакистон филми мустанадеро бо номи “Нуре, ки ба сӯи зулмот мебарад” низ ба намоиш гузошт, ки фаъолияти шабакаи байнулмилалии литсейҳои туркӣ, мавсум ба “Нурчилик”-ро ба боди шадиди интиқод мекашид.

Шабакаи литсейҳои “Нурчилик”-ро тоҷири турк Фатҳулло Гулун раҳбарӣ мекунад. Тадрис дар ин макотиб бар пояи низоми таълими
"Тошканд аз хатмкардаҳои литсейҳои туркӣ эҳсоси хатар мекунад"
бритониёӣ, вале бо изофаи аносири исломӣ, аз ҷумла таълимоти Бадеъуззамон Нурсӣ сохта шудааст. Таълимоти ин фақеҳи курдтабор, ки барои ақидаҳояш 27 солро дар зиндон ба сар бурдааст, дар рӯҳияи зеҳнияти исломӣ тарбия додани ходимони ояндаи давлатӣ ва бо чунин шеваи осоишта худ ба худ ба низоми исломӣ табдил додани низомҳои ҳоким дар кишварҳои мусалмониро дар бар мегирад.

То замони манъ шудани фаъолияти литсейҳои туркӣ дар соли 1999, дар Узбакистон 67 литсейи “Нурчилик” фаъолият дошт, ки ҳар сол ба беш аз 25 000 толибилм номаи камол медод. Мақомоти Тошканд мегӯянд, бо вуҷуди манъи фаъолияти шабакаи “Нурчилик”, ҳузури он дар Узбакистон ҳифз шуда ва аз ҳисоби таҳсилкардаҳои литсейҳои туркӣ дар Узбакистон як гурӯҳи бузурге ташкил ёфтааст, ки бо ҳар роҳу васила ва бо ёриву кӯмаки ҳамдигар талош мекунанд, ҳузури худро дар майдони тиҷорати Узбакистон густариш дода, ба идороти давлатӣ низ бештар роҳ биёбанд. Мурофиаи оғозшуда дар пойтахти Узбакистон ҳокист, ки Тошканд аз сӯи ин гурӯҳ эҳсоси хатар мекунад.

Аммо Баҳодур Иброҳимов, бародари яке аз хабарнигорони ба додгоҳ эҳзоршуда, иттиҳомоти ворида ба ин 7 таҳсилкардаи литсейҳои туркиро сохта меномад ва мегӯяд: “Онҳоро, барои мисол, ба он муттаҳам мекунанд, ки китобҳои Бадеъуззамон Нурсиро мутолиа кардаанд. Мо ба китобхонаи миллии ба номи Алишеро Навоӣ дар Тошканд дархост додем ва дар посухи расмии китобхона гуфта мешавад, ки китобҳои ин фақеҳ дар бойгонии онҳо ҳаст ва ҳар кас метавонад ба таври озодона ин китобҳоро дархост ва мутолиа кунад. Кас аз куҷо медонад, ки мутолиаи кадом китоб иҷозат дода шудааст ва хондани кадом китоб манъ аст?”

Силсилаи литсейҳои Фатҳуллоҳ Гулун дар кишварҳои зиёд, аз ҷумла дар Тоҷикистон, фаъолият доранд. Ноилшоҳ Нуралиев, сухангӯи вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар 5 шаҳри бузурги Тоҷикистон, бо шумули пойтахт, шаҳри Душанбе, 6 литсейи туркии мавсум ба “Шалола” ва як мактаби байнулмилалии туркӣ амал мекунанд.

Чанд сол қабл гурӯҳе аз донишмандони саршиноси тоҷик аз афзоиши шумори чунин литсейҳо изҳори нигаронӣ карданд. Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи мустақили “Фараж” мегӯяд, мақомоти литсейҳои туркӣ ба дунбол маҷбур шуданд, дари чанде аз ин сохтмонҳои маъмулан бастаро як дафъа бар рӯи хабарнигорон боз кунанд: “То хабарнигорони мо бо чашми худ бубинанд, ки дар он ҷо чӣ меомӯзанд. Мо дидем, ошно шудем бо барномаи дарсии онҳо. Ва бояд гуфт ки ҳарчанд рӯҳияи туркигароӣ дар хонандагони ин литсейҳо эҳсос намешавад, вале ман фикр мекунам, ки бо анҷом додани сафарҳо ба Туркия ва дар он ҷо гузаштани давраҳои омӯзишӣ, албатта, ин рӯҳия ба тавре дар онҳо ҷой мешавад. Ва дар ҳамин ҳол, бубинед, ки бо вуҷуди назар ба макотиби маҳаллӣ хеле гаронтар будани ҳаққи таҳсил дар литсейҳои туркӣ, худи тоҷикон кӯшиш мекунанд, фарзандони онҳо дар ин литсейҳо таҳсили илм кунанд. Албатта, пеш аз ҳама ба хотири омӯхтани забони англисӣ.”

Аммо Ноилшоҳ Нуралиев, сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, то ҳол кадом як мавриди тадриси туркигароӣ дар
"Дар панҷ шаҳри бузурги Тоҷикистон мактабҳои туркӣ фаъолият мекунад"
литсейҳои туркӣ мушоҳида нашуда ва чунин масъала боре ҳам дар сатҳи вазорати онҳо матраҳ нашудааст. Ӯ афзуд, барномаи таълимии литсейҳои туркӣ ҷавобгӯи талаботи вазорати маориф буда, интиқоди ахири вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов ба саводи толибилмони ин литсейҳо марбут мешуд, на ба худи барномаи таълим: “Сифати дониш ҷавобгӯи шароиту талабот нест. Яъне шароити хеле хуб муҳайё шудааст, вале талабот ҷавобгӯи сатҳи байналмилалӣ нест, Нигаронии вазир низ аз ин нигоҳ аст.”

Ҷовид Ҷӯраев, корманди созмони байнулмилалии “Наҷоти кӯдакон” ва аз нахустин хатмкардагони тоҷики Донишгоҳи Истамбул, мегӯяд, дар Тоҷикистон бархе ба онҳое, ки дар литсейи туркӣ ва ё дар донишгоҳҳои Туркия таҳсил гирифтаанд, бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд, вале дар асл тайи солҳои таҳсил ӯ кадом сиёсати пайгиронаи тарбияи зеҳнияти туркигароиро дар қиболи донишҷӯёни хориҷӣ эҳсос накардааст: “Ин ҳарфҳо асос надоранд. Ин аз тасаввуроти қолабии мардуми мо бармеояд. Мо, 40 нафар аз Тоҷикистон, дар он ҷо таҳсил мекардем, вале ягон нафари мо зери таъсири гурӯҳҳои сиёсӣ ё динӣ нарафт. Гарчӣ дар он ҷо гурӯҳҳои гуногун вуҷуд доранд, вале ягон сиёсати махсус барои тағйир додани тафаккуру рафтори донишҷӯёни хориҷиро мо эҳсос накардем.”

Ҷовид Ҷӯраев меафзояд, аксари хатмкардагони донишгоҳҳои Туркия дар Тоҷикистон дар созмонҳои байнулмилалӣ ҷойи кор
Ноилшо Нуралиев: "Нигаронӣ аз сифати таълим аст, на аз барномаи таълим"
меҷӯянд, вале асосан ба далели маоши нисбат ба идороти давлатӣ муносибтаре, ки дар муассисаҳои байнулмилалӣ ба онҳо пешниҳод мешавад.

Таҳлилгари тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо, ки худ низ таҳсили олиро дар хориҷ гирифтааст, мегӯяд, дар Тоҷикистон, ба хусус насли калонсол, бар ин ақида аст, ки ҳар парваридаи мактаби хориҷӣ хатти машши он кишварро пеш мебарад. Абдуллоҳи Раҳнамо мегӯяд, чунин пешқазоват дуруст нест, вале дар айни ҳол таҳти таъсир рафтани гурӯҳи хурде аз ин таҳсилкардаҳоро инкор намекунад. Таҳлилгари тоҷик меафзояд: “Вале мо агар бо дарназардошти чунин эҳтимол аз таҳсили ҷавонони тоҷик дар хориҷ сарфи назар кунем ва ё онро маҳдуд кунем, хатои бузург мебуд. Зеро имрӯз бинобар бар фалаҷ будани низоми маорифи динӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин фалаҷ будани низоми маорифи дунявӣ дар кишвар, мо муттахассисони муосир омода карда наметавонем. Ва мо ҳамеша байни ин ду интихоб, ки ҳам мутахассис зарур аст, ва ҳам бехатар будани он барои сарнавишту амнияту суботи Тоҷикистон зарур аст, байни ҳамин ду чиз бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем.”

Ба бовари таҳлилгарон, дар пешбурди чунин хутути машш ба вижа фориғултаҳсилини макотиби олии Ҷумҳурии исломии Эрон фаъолтар ба назар меоянд. Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтавори “Фараж” мегӯяд, ӯ бисёре аз онҳоеро, ки дар матбуот сароҳатан аз мавқеъи Теҳрон пуштибонӣ мекунанд, ном ба ном медонад ва ҳаддалимкон аз нашри матолиби онҳо дар ҳафтаномааш худдорӣ меварзад: “Дар нашрияҳо бархе бархӯрдҳое, ки масалан, байни Амрикову Эрон мешавад, чунин хабарнигорон кӯшиш мекунанд, аз нуқтаи назари диниву забонӣ ба эҳсосоте, ки мо дорем, сару кор бигиранд ва дар матбуоти Тоҷикистон аз манфиатҳои сиёсии Теҳрон пуштибонӣ кунанд. Албатта, ингуна рӯзноманигорон ҳастанд, маълуманд ва ман, ҳамчун раҳбари нашрия, бисёриҳоро ном ба ном медонам ва мефаҳмам, ки матолиби онҳо аз кадом зовия навишта шудаанд.”

Аммо ба назари таҳлилгарон, ба сурати умум, худи ин раванд, ки ҳамасола сели хатмкардагони макотибу донишгоҳҳои хориҷӣ ба
Ҷовид Ҷӯраев: "Ягон нафари мо зери таъсири гурӯҳҳои сиёсӣ ё динӣ нарафтааст"
майдони кӯчаки Тоҷикистон мерезад, ташвишзост, чунки ин тоифа аз кишварҳои мухталиф ва бо мафкураҳои низ мухталиф ба ин майдони кӯчак мерезад.

Душанбе то кунун раванди таҳсили шаҳрвандонаш дар кишварҳои хориҷиро тақрибан зери назорат надошт ва танҳо дар пайи зуҳури ҳаракати тундрави мазҳабии Салафия водор ба андеша шуд. Аксари пайравони ин ҷунбиш низ таҳсилкардагони мадориси динии хориҷӣ буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG