Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурба ҳисси мустақилият ва саг вафодориро меомӯзонад


Донишмандон ба волидайни ҷавон маслиҳат медиҳанд, ки барои пешрафти зеҳниву ҷисмонии фарзандон дар манзил ҷонварони мухталифро парвариш кунанд.

Ақидае, ки аз сӯи бархе аз волидон пазируфта шудаву аз ҷониби гурӯҳи дигари онҳо бо мухолифат рӯ бу рӯ гаштааст.

Олимони амрикоӣ пас аз омӯзиши ҷанбаъҳои рушди кӯдакони аз 1 то 3 сола ба хулосае омадаанд, ки манфиати ҷонварони мухталиф назар ба лӯхтаку бозичаҳо ба маротиб бештар аст ва онҳо метавонанд барои кӯдакон манбаи кашфиёт бошанд. Аз назари равонӣ кӯдакон ҳама намуди ҷонваронро хуш доранд ва онҳоро хатарнок намедонанд.

Аз ин лиҳоз ба ақидаи донишмандон, агар ихтиёр дар дасти кӯдакон мебуд, онҳо барои бозӣ на лӯхтаки беҷон, балки махлуқи ҷондорро интихоб мекунанд. Ва кӯдаконе, ки дар паҳлӯи сагу гурба, тӯтию кабку бедона ё канарейка ба воя мерасанд, аз ҳамсолони худ, ки танҳо баъд аз бузург шудан чунин ҳайвонотро мебинанд, комилан фарқ доранд.

Натиҷаҳои ин пажӯҳиш дар ҳоле нашр мешаванд, ки дар Тоҷикистон аксари оилаҳо аз нигаҳдории ҷонварони хонагӣ парҳез мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар замони шӯравӣ аксари хонаводаҳо ҳатман ягон намуди ҷонварро дар манзили хеш нигоҳ медоштанд.

Навбаҳор Мирзоева, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, ба ҷонварон муҳаббати беандоза дорад. Дар айёми хурдсолии Навбаҳор падараш ба хона 2 заргӯш меорад ва аҳли оила ба нигоҳубин ва парвариши ин намуди ҷонвар шурӯъ мекунад. Ба гуфтаи хонум Навбаҳор, мавҷудияти ин ҷонвар дар хона ба равони онҳо таъсири зиёд дошт.

Вай афзуд:«Вақте ки писари ман хурд буд, ҳамеша ин заргӯшҳоро дар дастонаш нигоҳ медошт. Ман таъсири мусбии ин ҷонварро эҳсос кардаам, асабҳоро ба зудӣ ором мекунад. Ман эҳсос кардам, ки нигоҳбунии заргӯш дар хона ба хислатҳои писарам таъсири худро гузоштааст. Масъулияташ бештар шудааст, орому ботамкин шудааст ва ҳамеша омодааст ба нафари дигар кӯмаки худро расонад.»

Навбаҳор Мирзоева мегӯяд, ҳарчанд дар шароити шаҳр нигаҳдории ҷонварон хеле мушкил аст, вай барои писараш чанд тутиро низ харидорӣ кардааст. Аммо Фарҳод, як падари ҷавон ба хотири бехатарии фарзандон ҳозир нест, ки дар хона ҷонарвареро нигаҳдорӣ кунад. Вай мегӯяд, ҳарчанд худаш сагу аспро дӯст медорад ва замоне ин намуди ҷонваронро парвариш мекард, сар задани як ҳодиса, муносибати ӯро аз ҳамзистӣ бо ҷонварон тағйир дод .

Фарҳод нақл мекунад, ки «тақрибан як сол пеш ман дар сафари хидматӣ будам ва дар ин вақт фарзанди калонии ман яксола буд. Ман дар хона саги калонро парвариш мекардам ва фарзандам низ ба ин ҷонвар шавқи калон дошт. Вақте ки саг хӯрок мехӯрд, писарам мехоҳад бо вай бозӣ кунад, ки ин замон саг ба вай ҳамла мекунад ва рӯяшро мехарошад. Ва то ҳанӯз осори дандонҳояш дар болои чашми писарам боқӣ мондааст. Ва ҳамин ҳодиса боис шуд, ки ҳоло ман ҳатто аз ҷонварони хонагӣ ҳарос дорам.»

Дар хонаводаҳои тоҷик аксаран сагу гурба парвариш меёбад. Ва низ ҳастанд хонаводаҳое, ки ҷонварони хурдро аз қабили заргӯшу моҳӣ, тӯтиву сангпушт ва ҳатто морро нигаҳбонӣ мекунанд.

Равоншиносони тоҷик ҳам нигаҳдории ҷонваронро дар хона беҳтарин василаи тарбияи атфол дар рӯҳия нотарсӣ меноманд. Онҳо мегӯянд, моҳии дар обгина ё аквариум буда, тифлро ором карда, қобилияти фикрронии ӯро рушд медиҳад. Гурба метавонад дар кӯдак хислати мустақилиятро парвариш бидиҳад ва саг бошад вафодориро меомӯзад.

Дар ҳамин ҳол, Бобошо Кармешев, сардори Раёсати назорати давлатии байтории Душанбе гуфт, аз рӯи мушоҳидаҳои онҳо имрӯз низ кам нестанд оилаҳое, ки ин ё он ҷонварро дӯст медоранд ва бевосита дар манзилҳояшон нигаҳдорӣ мекунанд. Аммо ба гуфтаи вай, мутаассифона аксарияти онҳо ба қоидаҳои беҳдорӣ аҳмият намедиҳанд ва ҳамчунин ин ҷонваронро аз назари байтор намегузоранд. Ва ҳамин ҳолат боиси он мешавад, ки ҷонварони бемор ба кӯдакон сироят мекунанд.

Ҷаноби Кармешев афзуд: «Оилаҳои тоҷик аслан дар манзилҳояшон сагу гурба ва тӯтиву кабкро нигаҳ медоранд. Зеро нигоҳубини онҳо осонтар ва ҳам харҷи камтар доранд. Вале мутаассифона соҳибони ҷонварон ба ҳолатҳои беҳдорӣ риоя намекунанд. Онҳоро бар зидди бемориҳо, ваксин намезананд. Яъне, мо ҷонваронро дӯст медорем, вале омода нестем, ки барои онҳо маблағ сарф кунем ва онҳоро дар шароити беҳтар нигаҳ дорем.»

Бояд гуфт, имрӯз дар Душанбе чандин зоомагазин, яъне мағозаи махсуси фурӯши ҷонварон амал мекунад, ки барои хоҳишмандон намудҳои харидани моҳиву тӯтӣ ва харгӯшу мушро пешниҳод мекунад. Қимати ҳар ҷонвар аз 25 то 2 ҳазор сомонӣ нарх дорад.


XS
SM
MD
LG