Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Қазоқистон сабаби марги бузи кӯҳии сайгаро таҳқиқ мекунанд


Вазорати кишоварзии Қазоқистон гуфт, ки натиҷаҳои санҷиши сабабҳои марги садҳо сар бузи кӯҳии нодири навъи сайга дар ду ҳафтаи дигар маълум хоҳад шуд. Рӯзи душанбе дар минтақаи шимолии Костанай 543 ҷасади ҷонвари мурда, асосан бузи мода пайдо шуд. Ин ҳамон маҳалли Истгоҳи байналмилаии кайҳон аст, ки моҳи апрели имсол аз он ҳайати муштараки кайҳоннавардони Русияву ИМА барои таҳқиқоти кайҳонӣ парвоз карданд. Вале иртиботи ин ду ҳодиса, яъне парвози кайҳоннавардону марги ҷонварон собит нашудааст. Сайга аз бузҳои кӯҳии нодире маҳсуб мешавад, ки асосан дар қаламарви Қазоқистону ҷумҳурии Қармиқистони Русия боқӣ мондааст. Баъди солҳои тӯлонии шикори ғайриқонунӣ дар хоки шӯравии пешин шумори ин навъи ҷонварон то 50 ҳазор сар коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG