Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Турсунбой-лакаби баҳмутест, ки ахиран ба «Боғи ҳайвоноти шахри Душанбе» оварда шудааст.

Зане аз маъмурияти Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе хоҳиш кардааст, ки лақаби баҳмути нав иваз шавад, чунки шавҳари ӯ низ Турсунбой ном дорад ва мавриди масхараи рафиқонаш қарор гирифтааст.

Назаралӣ Сатторов, раиси Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе гуфт, «Дар ҳама боғҳои ҳайвоноти ҷаҳон ҳамаи ҷонварон ба худ лақаб доранд. Лақаби баҳмути мо Турсунбой аст. Ман аз он зан, аз ҳамаи шахсоне, ки Турсунбой ном доранд, хоҳиш мекунам, ки хафа нашаванд. Масалан, тағои раҳматии ман Турсунмурод ном дошт. Чӣ магар ман хафа шавам. Ман албатта, хафа нестам. Ин номро мо намондаем. Масалан, ҳастанд сагҳо бо лақаби Мухтор, гурба бо лақаби Вася, хирс бо лақаби Миша. Боз хоҳиш мекунам, ки ҳеч кас ба худ накашад, ки номи ӯ лақаби баҳмут аст. Дар ҳамаи хуҷҷатҳо ҳам номи ин баҳмут Турсунбой аст. Номи одамро иваз кардан осонтар аст, нисбати иваз кардани номи ҳайвон.»

Турсунбой-баҳмутро дар ивази чаҳор паррандаи нодир аз Боғи ҳайвоноти шаҳри Чимкенти Қазоқистон ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе интиқол додаанд. Ин баҳмут қариб 1,5 тонна вазн дошта ҳамарӯза 40-50- килограм сабзавоту гӯшти моҳӣ мехӯрад. Баъди пайдо шудани Турсунбой, теъдоди муштариёни Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе 20 дарсад зиёд шуд.

Назаралӣ Сатторов, раиси Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дар ин бора гуфт: «Албатта, чӣ хеле, ки худи Шумо шоҳид шудед, тамошобинони боғи ҳайвонот баъд аз ворид намудани баҳмут 20-30 фоиз аз пештара зиёд шудааст.»




Аммо баъзе аз тамошобинони «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе» аз лақаби баҳмут, яъне Турсунбой, норизо ҳастанд.

Бо ин ҳам имрӯзҳо Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе пур аз тамошобин аст ва аксарият дар назди панҷараи баҳмут ҷамъ меоянд.

Аммо кормандони Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе аз фарҳанги тамошобинони боғ изҳори нигаронӣ карданд. Як корманди Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе мегӯяд: « Дар боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе» 17 сол буд, ки баҳмут набуд. Ман шахсан се сол шуд дар боғ кор мекунам интизори баҳмут будем. Лекин тоҷикҳои худамон ба қадри баҳмут намерасанд ва ӯро сангсор мекунад. Ҳарчанд таъкид мекунем, ин корро накунанд, вале падару модарон боз баҳс карда мегӯянд, ки мо як сомонӣ дода ба боғ даромадем, чӣ коре хоҳем мекунем. Баъзе аз тоҷикҳои худамон маданияти паст доранд. Чанд касро барои бераҳмона рафтор кардан нисбати ҳайвонхо ҷарима карда суратошонро гирифта, дар панҷараҳои қафаси ҳайвонҳо насб кардем то ибрати дигарон шавад.»

Ин дар ҳолест, ки Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», ки соли 1960 таъсис шудааст, бо 130 намуд ҳайвон, танҳо ҷоест, ки сокинон ва меҳмонон ҳамроҳи фарзандони худ ба тамошои ин макони диданӣ меоянд. Албатта, мардум интизор дорад, ки бештар ҳайвоноту паррандаҳо ва хазандагони нодирро дар ин боғ бубинанд.

Аммо бо гузашти 20 сол аз истиқлоли Тоҷикистон, то ҳол Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе натавонистааст нодиртарин ҳайвонотро гирди ҳам биорад, то ҳам ҳусни шаҳр афзояду ҳам теъдоди тамошобинони ин боғ бештар шавад.

Дар даврони шӯравӣ, ҳайвоноти нодире, назири фил дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе вуҷуд дошт. Аммо ҳоло баъзе панҷараҳо ва қафасҳои Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе холист ва дар интизори ҳайвоноти нодир ҳастанд. Албатта дуруст аст, ки мушкилоти молӣ сабаби аслии ин амр гардидааст.

Навиштаи Абдулло Ашӯров

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG