Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусаллаҳон 100 000 доллар ва як "Нексия"-ро рабуданд


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми июн тирандозӣ дар маҳаллаи Зарафшони Душанберо шарҳ дод.

Ду шахси мусаллаҳ рӯзи 11-уми июни соли ҷорӣ ба ду корманди нуқтаи мубодилаи асъор, ки аз хонаашон дар кӯчаи Амиршоеви шаҳри Душанбе берун мешуданд, дарафтода, ҳудуди 100 000 доллари онҳоро рабудаанд.

Ҷалолиддин Садриддинов, масъули дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, мусаллаҳон дар маҳаллаи Зарафшон онҳо аз яроқи пневматикӣ тир кушода, бо зӯрӣ автомашинаи тамғаи "Нексия"-и як шаҳрвандро аз худ мекунанд ва ба самти ноҳияи Ҳисор ғайб мезананд. Худи ҳамон рӯз баъд аз зӯҳр мошини мазкур дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ёфт шудааст.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар робита ба ин қазия парванда боз шуда ва таҳқиқ идома дорад. Ин вазорат гуфтааст, онҳое, ки барои пайдо кардани ин афрод кӯмак мекунанд, ҷоизаҳои пулӣ тақдим хоҳад кард.

Ҳамла ба кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Тоҷикистон кори нав нест. Дар охири соли гузашта дар Хуҷанд ду сарроф ё кормандони нуқтаи мубодилаи асъор дар назди манзили худ кушта шуданд.

Ба ин монанд ҳодисаҳои куштор ва ҳамла ба кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе ва дигар навоҳии кишвар низ рух додааст. Моҳи октябри соли 2011-ум дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъор дар шаҳри Душанбе ду нафар ҷароҳат бардоштанд.

Тайи ду соли ахир дар пайи чунин ҳодисаҳои нохуш кормандони нуқтаи мубодилаи асъор бо муштариёни худ эҳтиёткорона рафтор мекунанд. Агар солҳои пеш онҳо берун аз нуқтаи саррофии худ ҳам пули мардумро иваз мекарданд, ҳоло дигар дар дохили утоқи худ нишаста бо муштариён сӯҳбат мекунанд.

Бештари соҳибназарон мегӯянд, бояд саррофон барои ҳифзи худ ва ҳам маболиғе, ки дар ихтиёр доранд, бо худ муҳофиз бигиранд. Пешниҳоде, ки мақбули саррофон низ будааст, аммо ба далели камии даромад онҳо натавонистаанд, ки бо худ муҳофиз бигиранд.
XS
SM
MD
LG