Пайвандҳои дастрасӣ

Шаби гузашта дар натиҷаи як ҳамла дар маҳаллаи "Чоршанбебозор"-и шаҳри Хуҷанд ду сарроф кушта шуданд.

Огоҳӣ аз ин воқеа ва пайгирии он нимишабии 28 ба 29-уми декабр, замоне шурӯъ шуд, ки хонандаи торнамои Радиои Озодӣ бо номи Беҳрӯз аз Хуҷанд барои мо нома фиристода гуфт, ки ду сарроф дар наздикии кинотеатри "Ватан" ба қатл расидаанд ва ӯ аз тиреза ҷамъи одамон ва кормандони милисаро дидааст.

Барои ин паём Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ аз Беҳрӯз самимона ташаккур мекунад. Ин як намунаи хуби ҳамкорӣ дар тарҳи "Хабарнигори мардумӣ"-и мост.

Мақомоти умури дохилаи шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин ду сарроф ё худ кормандони нуқтаи мубодилаи асъор дар назди манзили худ дучори ҳамла гардидаанд. Ба гуфтаи онҳо, саррофонро афроди ношинос бо силоҳи худкори "Калашников" куштаанд.

НАҚЛИ НАЗДИКОНУ ҲАМСОЯҲО

Ғаниҷон Раҳматҷонов, домоди ин хонавода, низ ба Радиои Озодӣ гуфт, падар ва бародари ҳамсараш: Юлдош ва Фарҳод Бурҳоновҳоро, ҳангоме ки аз кор ба манзилашон бармегаштанд, афроди номаълум ба ҳалокат расонидаанд.

"Ба ман ин хабарро занг зада гуфтанд. Дар ҳоли шок будам. Ба манзили онҳо, ки омадам, алакай милисаю кормандони додситонӣ омада, шаҳрвандонро ба автомобили онҳо наздик рафтан намемонданд. Баъд, ки монданд, дидам, ки ҳар дуяшон дар дохили автомобили "Тико" беҷон афтодаанд",-нақл кард Раҳматҷонов.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо ва як хеши дигари ин хонавода, падару писар Бурҳоновҳо, яке 52 ва дигарӣ 29 сол дошта ва дар як дӯкони саррофии атрофи бозори "Панҷшанбе" кор мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, падару писар баъзан баъди кор маблағҳои гардишдодаи худро ба манзилашон меоварданд ва эҳтимол куштор барои ғорати ин пулҳо содир шуда бошад. Аммо онҳо мегӯянд, ин тахмини онҳост ва маълум нест, ки ин навбат дар автомобил маблағ буд ва онро қотилон ба яғмо бурданд, ё на.

Яке аз ҳамсояҳои Бурҳоновҳо гуфт, шом замони куштор барқ барои кӯтоҳмуддат хомӯш шуда, садои баланди тирро шунидааст. Аммо гумон кардааст, бачаҳо дар берун "хлопушка"-бозӣ мекунанд. Сипас, садои шӯру фиғонро шунида ба берун баромадааст.

МАҚОМОТ: ЧИЗЕ РӮШАН НЕСТ...

Намояндагони додситонии шаҳри Хуҷанд, ки дар ҷои ҳодиса ҳузур доштанд, гуфтанд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва як гурӯҳи вижаи тафтишотӣ, иборат аз кормандони ҳама ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳқиқи он оғоз кардаанд. Вале то кунун аз баёни фарзияҳои қатли саррофон худдорӣ меварзанд. Бархе аз онҳо як ангезаи куштори саррофони хуҷандиро ба хотири ғорати маблағи онҳо меноманд, аммо ба гуфтаи онҳо, ҳамзамон дигар сабабҳои эҳтимолии содири ин ҷиноят низ мавриди санҷиш қарор дорад, ки баъдан эълон хоҳад шуд.

Илова ба ин, ҳанӯз мақомот аз маълум шудани афроди гумонбар дар содири ин ҷиноят ва ё боздошту ҷустуҷӯи касе дар робита ба ин қазия хабар надодаанд.

Аммо ба назар мерасад, ки баъди ин ҷиноят назорати милиса дар Хуҷанд сахттар шудааст. Дар канори роҳҳо афроди низомипӯши силоҳбадаст ба назар мерасанд, ки баъзе автомобилҳоро нигаҳ дошта, тафтиш мекунанд. Ҳамчунин, дар канори милисаҳои раҳбон шумораи “дружиначиёни халқӣ” низ аз рӯзҳои дигар дида, бештар шудаанд.

ҲАРОСИ САРРОФОН

Кушта шудани ду сарроф ва он ҳам бо силоҳи оташфишон ҳамкасбони онҳоро дар Хуҷанд нигарон кардааст. Яке аз онҳо, ки нахост номаш бурда шавад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, пас аз ин ҳодиса онҳо ба таъмини бехатарии худ бештар аҳамият медиҳанд.

Дар қисмати шимолии Тоҷикистон куштори саррофон барои бори аввал нест. Моҳи августи соли ҷорӣ Шӯҳрат Ҷалолов, ки дар бозори марказии шаҳри Истаравшан ба саррофӣ машғул буд, бо ҳамсараш ба қатл расид. Ба дунболи он милисаи Суғд эълон карда буд, ки аз ду фарди гумонбар дар содири ин ҷиноят якеро боздошт кардаанд, вале дигарӣ худро ҳалок кардааст.

Тафсилоти бештарро аз ин ҷо бишнавед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG