Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет - ҷои дидори муҳоҷирони тоҷик бо волидон


Муҳоҷирони кории тоҷик мегӯянд, роҳкирои худро ба волидонашон фиристода, бо сӯҳбат тариқи Интернет иктифо мекунанд.

Акмал Хушвахтов, сокини 24-солаи Бадахшон, шаш сол боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Вай дар ин муддат боре ҳам ба дидорбинии волидонаш наомада, балки бо сӯҳбат тариқи телефон ва Интернет иктифо кардааст.

Ин сокини ҷавони Бадахшон мегӯяд, маблағеро, ки бояд барои роҳкирояш сарф кунад, ба волидонаш фиристода, бори зиндагиии онҳоро каме бошад ҳам, сабук месозад ва аз ин кор ҳам худаш хушҳол ҳасту ҳам волидонаш. Акмал мегӯяд, "аввал душвор буд, бо падару модар тамос гирифтан. Мо инҷо барои пулкоркунӣ омадаем ва наздиконро хеле ёд мекунем. Лекин, афсӯс, суръати Интернет каме паст аст, аммо ба ҳаминаш ҳам шукр. Ҳамин ки тавассути барномаи Skype (Скайп) якдигарро мебинем, фикр мекунем, дар паҳлуи якдигар ҳастем."

Ин дар ҳолест, ки ахиран ширкати мобилии "Билайн" дар деҳоти дурдасти Сучон, Тусён ва Бунӣ се истгоҳи 3G-ро бунёд ва ба истифода додааст. Маҳмуд Нодиров, раҳбари шӯъбаи кор бо операторон ва роуминги "Билайн" гуфт, онҳо ҳамчунин бо Интернети баландсуръат шаҳри Хоруғ, деҳоти Поршнев, Роштқалъа, Гармшчашма ва Дарвозро таъмин
кардаанд: "Фарқи асосии истгоҳҳои насли 3 (3G) аз насли 2-е, ки дар алоқаи мобилии "Билайн" истифода мешавад, дар сифати Интернет аст. Акнун онҳо аз интернети бесим роҳат метавонанд истифода кунанд."

Чунин имкониятро ширкатҳои дигар, аз ҷумла Babilon-M, Мегафон ва Tcell низ ба роҳ монда, гуфтугӯи муҳоҷирони тоҷик бо хонаводаи онҳоро осонтар намудаанд. Масрур Шогунбеков, сокини вилояти Бадахшон, мегӯяд, қаблан ҷавонони деҳоти дурдаст барои бо пайвандони худ дар тамос шудан маҷбур буданд, ба марказҳои вилоят биёянд. Аммо ҳоло дастрасии Интернети бесим ин мушкили аксариятро осон кардааст: "Дар Бадахшон замини корам кам аст ва ҷавонони деҳот вақти зиёди холӣ доранд. Аз ин рӯ, хуб аст, агар онҳо ин вақтро бо Интернет ва компютер сарф кунанд. Акнун онҳо бо хешу табори худ онлайн дар тамос шуда, аз шабакаҳои иҷтимоӣ низ истифода мекунанд."

Маҳмуд Нодиров
Маҳмуд Нодиров
Тибқи омори расмӣ шумори истифодабарандагони Интернет дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафар арзёбӣ мешавад. "Шумори истифодабарандагони Интернет сарфи назар аз илова шудани андози аксизӣ ва боло рафтани қиммати он рӯ ба афзоиш аст",- мегӯяд Фариштамоҳ Гулова, ҳамоҳангсози барномаҳои бунёди ҷамъиятии "Ташаббуси ҷамъиятӣ ва сиёсати интернет".

Вай илова кард, "метавон гуфт, бисёре аз шаҳрвандон Интернетро аз хона истифода мекунанд. Зеро онҳо дарк кардаанд, ки истифодаи Интернет дар хона роҳаттару арзонтар аст."
XS
SM
MD
LG