Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет: Василаи наздикӣ ё ҷудоии одамон?


Дар паҷ соли ахир Интернет дар Тоҷикистон ба беҳтарин василаи муошират ва ҳамкории инсонҳо табдил шудаааст.

Акнун бештари ҷавонон, ҳатто аз навоҳии дурдаст дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои худ саҳифа боз карда ва доираи муоширати худро густардатар менамоянд. Аммо дар ҳоле ҷавонони тоҷик Интернетро фатҳ ва имконоти онро барои рушди донишу ҷаҳонбинии худ истифода мебаранд, ки донишмандони бритониёвӣ мегӯянд, Интернет инсонҳоро аз якдигар дур ва танҳо мекунад.

Ба назар мерасад, танҳо олимони британиёвӣ нестанд, ки чунин ақида доранд. “Дуруст аст, ки Интернет дунёи моро рангин ва зиндагиро осонтар кардааст. Дар вақти дилхоҳ мо бе мушкил охирин хабарҳоро дарёфт месозем, бо дӯстонамон дар хориҷи дуру наздик роҳат сӯҳбат менамоем, мусиқӣ мешунавем, филм тамошо мекунем. Хулоса мо миллионҳо соатро дар Фейсбуку дигар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузаронем, то ҳадде ки аллакай аз ҳаёти воқеӣ дур гаштаву қариб муоширати чашм ба чашмро фаромӯш кардаем..."

Ин сатрҳо ба қалами ҷавондухтаре тааллуқ дорад, ки назари худро аз суду зиёни Интернет ва таъсири дунёи виртуалӣ ба ҳаёти реалияш дар торнамои Блогистон - сайти вижаи блогҳои беҳтарини ҷавонони тоҷик баён кардааст.

Воқеан, бо рушди фанновариҳои муосир ва дастрасу нисбатан арзон шудани Интернет, дар Тоҷикистон низ теъдоди ҳарчи бештари одамон, бахусус ҷавонон вориди ин ҷаҳони виртуалӣ мешаванд. Ҷаҳоне, ки ба онҳо имкони васеи дарёфти дӯстони ҳамфикрро медиҳад ва чеҳраҳои зиёдеро ба онҳо муаррифӣ мекунад.

Абдуманнон Шералиев, як соҳибкори тоҷик, ки даҳ сол инҷониб ба истилоҳ “дар интернет зиндагӣ мекунад” , мегӯяд, "чун соҳибкорам, Интернет аз нигоҳи иқтисодӣ фаъолиятҳои маро осону босуръат кардааст. Чун аср, асри иттилоот аст, агар аз ин дид ҳам назар кунем, чизи хеле хуб аст. Аммо аз нигоҳи иҷтимоӣ бароям мушкили зиёдеро эҷод кардааст. Ман дар хотир надорам, ки кай охирин бор китобро дар даст гирифтаам. Аз ҷониби дигар назар ба зиндагии воқеӣ, дар Интернет вақти худро бештар сарф мекунам.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар аксари кишварҳои олам ҳанӯз чанд соли пеш пажӯҳишгарон собит карда буданд, ки агарчӣ Интернет нишондиҳандаи кам кардани фосилаҳо ва густариши равобит миёни инсонҳо шудааст, аммо ҳамзамон робитаҳои иҷтимоии байни инсонҳоро коҳиш ва эҳсоси танҳоии онҳоро афзоиш додааст. Яъне, ҳоло дигар, аксарият барои фиристодани мактуб аз почтаи маъмулӣ истифода намекунанд ва ҳатто барои сӯҳбат бо ҳамсояҳо берун ҳам намебароянд. Чун ин ҳамаро тавассути Интернет мешавад анҷом дод.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Муҳаммадӣ Ибодуллоев
Ин аст, ки иддае аз ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, дар ҳоли рушди босуръати Интернет дар Тоҷикистон, ҳамин гуна равиш дар ҷомеаи тоҷик низ мушоҳида мешавад. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати Интернет мегӯяд, ҳарчанд дар Тоҷикистон то ҳанӯз итифодаи Интернет хусусияти оммавӣ касб накардааст, вале шумораи истифодабарандагони шабакаи ҷаҳонӣ босуръат меафзояд.

Ба гуфтаи вай, ҳоло тавассути интернети мобилӣ 1,8 миллион нафар аз Интернет истифода мебаранд, ки дар муқоиса бо аввали соли 2011 38 дарсад бештар будааст. Ӯ меафзояд, "нисбат ба чаҳор ва ё панҷ соли пеш имрӯз дастрасӣ ба Интернет арзонтар шудааст. Ба хотири он ки имрӯз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон низ тавассути 3G хидматрасониҳои интернетиро пешниҳод месозанд.”

Дар бештари мавридҳо мушкилоти иқтисодӣ, ноҷӯриҳо ва вуҷуди хушунат дар хонавода ва дастгирӣ наёфтан аз ҷониби атрофиён боиси эҳсоси танҳоӣ кашидани одамон мешавад ва ҳар яке барои берун омадан аз ин вазъи бӯҳронӣ дар алоҳидагӣ кӯшиш мекунад. Дар ин миён рушди технологияи навин ва пайдоиши ҳар гуна барномаҳои муоширатӣ, маконеро барои гурез аз воқеият ва василаеро барои таъмини ниёзҳои ҳаяҷонӣ ва равонӣ ба вуҷуд овардааст. Нафарони зиёде барои гурез аз танҳоӣ, бо дӯстони ба истилоҳ вертуалӣ, аз эҳсоси худ мегӯянд ва ҳамзамон табодули назар мекунанд.

Равоншиносон бар инанд, ки бо ин тарзи муошират танҳоиву заифиро фақат барои кӯтоҳмуддат метавон фаромӯш кард ва ин доруе нест, ки табиб ба бемор мефармояд. Нодир Амонов, равоншиноси тоҷик, бар ин аст, ки беҳтар мебуд, агар инсонҳо шарику дӯстҳои худро дар ҳаёти воқеӣ биҷӯянд. Нодир Амонов мегӯяд, "ҳамин эҳсоси танҳоӣ дар инсон ҳисси дараҷаи пасти худбаҳодиҳӣ, нобоварӣ ва нокомиро ба вуҷуд меорад.Шахс бо ин гуна ҳиссиёт
ба мақсад расида наметавонад. Пеш аз ҳама фард бояд сари он андеша кунад, ки ба чунин ҳолат гирифтор шуданаш шояд айби худаш аст. Шояд худ бо дигарон забон ёфтаву муросо кардан наметавонд.”

Пизишкон низ собит кардаанд, ки ҳеҷ як муоширати виртуалӣ ё маҷозӣ наметавонад ҷойи сӯҳбатҳои гуворои чашм ба чашмро бигирад. Ба таъкиди онҳо, ба ҳангоми мулоқотҳои рӯ ба рӯ, мусоҳибон ҳормони окситасинро хориҷ мекунанд, ки кори дили онҳоро беҳтар месозад. Ба онҳое, ки шояд ҳоло худро танҳо эҳсос мекунанд, равоншиносон машварат медиҳанд, ки ҳар қадаре метавонанд хушгуфторӣ ва хушрафториро дар худ ташаккул бидиҳанд. Зеро чеҳраи хандон ва муомилаи хуб ҳатман таваҷҷӯҳи пайвандон ва атрофиёнро ба шумо ҷалб мекунад ва онҳо ҳаргиз намегузоранд, ки бо мушкилоти худ танҳо бошанд.

Бо ин ҳама соҳибназарон мегӯянд, рушди фанновариҳои муосир, манзур Интернет, аз падидаҳои нодири "инқилоби илмӣ - фаннӣ" унвон мешавад ва тавонистааст, таҳаввулоти чашмгиреро дар ҳаёти башарӣ ба вуҷуд оварад, ки ба эҳтимоли зиёд суди он аз зиёнаш бештар аст.
XS
SM
MD
LG