Пайвандҳои дастрасӣ

"Ҷунбиши миллӣ" интихоботи шаффоф мехоҳад


Ботур Қосимов, яке аз раҳбарони созмони нав -- Ҷунбиши миллии Тоҷикистон.

Ботур Қосимов, яке аз раҳбарони созмони нав -- Ҷунбиши миллии Тоҷикистон.

Яке аз раҳбарони созмони нав -- Ҷунбиши миллии Тоҷикистон ба пурсишҳои Радиои Озодӣ аз тариқи телефон посух дод.

Гурӯҳе бо номи "Ҷунбиши миллии Тоҷикистон" ҳамзамон бо пайдо шуданаш дар Интернет чанд моҳ пеш аз аҳзобу созмонҳои сиёсии кишвар даъват кард, ки барои пешниҳоди номзади ягона ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 мувофиқа ҳосил кунанд. Ин созмон, ки низоми ҳоким дар Тоҷикистонро “диктаторӣ” унвон кардааст, пешниҳод дорад, ки барои дастрасӣ ба як ҳокимияти мардумӣ дар Тоҷикистон ислоҳоти сиёсӣ баргузор шавад.

Масъулони ин созмон мегӯянд, ҷонибдорони онҳо дар Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо, Эрон ва Русия фаъоланд. Гурӯҳ пешниҳод мекунад, ки сар аз соли 2013-ум ду мӯҳлати 7-солаи раёсати ҷумҳурӣ то ду даври 4-солӣ коҳиш дода шуда, раҳбарони шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар бар пояи раъйи мардум интихоб шаванд.

Созмони Ҷунбиши миллии Тоҷикистон ба дунболи фаъол шудани торнамояш ва гузоштани шарҳу тафсирҳо дар шабакаи Фейсбук аз тарафи расонаҳои давлатӣ ҳадафи танқид қарор ёфтааст.

Гуфтугӯи мо соате баъд аз хабари радди дархости сабтиноми расмии созмони нав дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст ва табъан, пурсиши аввали мо низ дар ҳамин мавзӯъ буд.

Радиои Озодӣ: Ботур, имрӯз Вазорати адлия асноди Ҷунбиши миллиро барои бознигарӣ пас гардонд, аслан чӣ буд мушкил?

Ботур Қосимов: Бале, мо бачаҳо, ин ҷо ҳамаи асноди заруриро ҷамъ оварда будем, мутаассифона, як ду варақи дигар фаромӯш шудааст. Дар ин кор Қиёмиддин дар Тоҷикистон ба мо кӯмак мекунад. Вале ин масъаларо мо ҳатман дар як рӯз, як соат ҳал мекунем.

Радиои Озодӣ: Шумо исми созмони худро "Ҷунбиши миллӣ барои интихоботи озод дар соли 2013" ном гузоштаед. Идеяи ин ҷунбиш аз куҷост, раҳбаронаш киянд?

Ботур Қосимов: Ҷунбиши миллии Тоҷикистон аз эҳсосоти баланди меҳандӯстӣ ва аз дарду ғами мардуми мо, аз вазъияти танги имрӯзаи кишвар ба вуҷуд омад. Ақидае, ки дар атрофаш мо гирд омадем, ин аст, ки мардум ва миллат бояд ба ҷунбиш биояд. Замоне расидааст, ки дигар мардуми мо аз мушкилот раҳо шаванд, дигар ба сарсониву саргардони як миллиону ду миллон нафар дар ғарибӣ, ба фасоди фарогире, ки дар ҳама ҷабҳаҳои кишвар реша давондааст ва ба бедонишу бесавод мондани насли ҷавон нуқта гузошта шавад. Зеро ин ҳама ба ояндаи миллати мо хатар доранд. Ҳадафи мо таҳкими раванди демократӣ ва фаъол гардонидани ҳама ҳизбу ҳаракатҳои Тоҷикистон барои муборизаи қонунӣ дар интихботи раисҷумҳурӣ соли 2013 аст. Мақсади мо ба даст овардани ҳукумату мансаб нест. Мақсади мо хидмат ба Ватан аст. Мо мехоҳем ҳукумати наве аз ҳисоби ҷавонони донишманду коршинос ташкил шавад.

Радиои Озодӣ: Бо ин ҳадафу ин даъвоҳое, ки доред бовар доред, ки созмони Шумо сабти ном мешавад?

Ботур Қосимов: Тоҷикистон дар асл, дар қонун давлати ҳуқуқбунёд аст. Даъвову даъватҳои мо ҳама қонунӣ аст ва масъулини ҳукумат, ки дар иҷрои ин қонунҳо вазифадоранд бояд дар назди ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳам ҷомеаи байналмилаллӣ, ки ин шабу рӯз ба раванди демократияи кишварҳои минтақа назорат мекунанд, ӯҳдадориҳои худро иҷро кунанд.

Радиои Озодӣ: Ин созмон 3 моҳ пеш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз худ дарак дод, вале дар ин муддат ҳувияти раҳбарону аъзои гурӯҳ маълум набуд. Имрӯз бо пахши як изҳорот 3 нафар, Ботур Қосимӣ, Қиёмиддин Шоев ва як нафари дигар худро аз ҳайати раҳбарони ин созмон муаррифӣ кардед. Сирри ин муддат пинҳон доштани муасиссон чӣ буд? Оё ин рӯйихатти комили роҳбарони созмон аст?

Ботур Қосимов: Воқеан ин суолро бисёриҳо аз мо пурсон мешуданд, вале мо боз ҳам такрор мекунем, ки мақсади мо таблиғи шахсиятҳо нест, шахсиятҳо муҳим нестанд. Яке аз мушкилоти ҷомеаи мо ва як иштибоҳе, ки дар низоми сиёсии давлатҳои собиқ шӯравӣ ривоҷ ёфтааст, ин шахсиятпарастӣ аст. Мегӯянд, бингар, ки чӣ мегӯяд, мангар ки кӣ мегӯяд. Бино бар ин мо тасмим гирифтем, аввал диққати мардумро ба ақида ҷалб кунем ва баъд раҳбаронро ошкор кунем. Роҳбарони аслӣ мо ҳастем ва нафарони дигаре ҳам, мисли Манучеҳр Саъдиев, Рустам Ҳаитов ҳам ҳастанд. Аммо дар аввал мо бо овардани ин чанд ном иктифо мекунем. Ин созмон аз сӯйи ҷавонони коршиносу меҳандӯст таъсис ёфтааст. Мо ҷавон ҳастем дасту дили пок дорем ва Худо хоҳад ба ҳадаф мерасем ва дигар афроди шинохта ҳам ба мо ҳамроҳ мешаванд.

Радиои Озодӣ: Вале, Ботур, ин гурӯҳи шумо ҳадаф дорад дар интихоботи соли 2013 ширкат кунад ва маълум аст, ки ҳар як кори сиёсӣ пуштибону сармоя мехоҳад, даромади Шумо ё ҳимояи аз куҷост? Агар ҳама ҷавон аст, то куҷо имконоти хуби молӣ доранд ё сарпарасте ҳам доред?

Ботур Қосимов: Ростӣ, созмон танҳо бо кӯмаки аъзояш пеш бурда мешавад ва ҳеҷ як сармоягузории дохилӣ ё хориҷие надорад. Мо худамон мувофиқи имконотамон созмонро дастгирӣ мекунем. Мо бовар дорем, ки барои чунин як созмону ҳаракати миллӣ маблағи зиёде лозим нест, муҳим ин ҷо ақида аст.

Радиои Озодӣ: Шумо мегӯед, ҷонибдоронатон дар кишварҳои мухталифи хориҷ фаъоланд. Оё берун аз Тоҷикистон то куҷо метавонанд барои бароварда кардани аҳдофи шумо дар Тоҷикистон мусоидат кунанд?

Ботур Қосимов: Дар Тоҷикистон тавре мушоҳида мешавад, моро аксаран дастгирӣ мекунанд. Ҳама мефаҳманд, ки ин ақидаҳо ҳама ба нафъи Тоҷикистонанд. Мо аз ҳар кишварем, вале бо ҳам тамос дорем. Намояндаҳои махсусӣ расмӣ дар баъзе кишварҳо фаъоланд. Ман дар Амрико раҳбарӣ мекунам, дар Аврупо ҳам намоянда доред ва дар Русия низ. Аксари бачаҳо таҳсил мекунанд ва ё кори худро доранд, вале ба қадри имкон саҳми худро барои амалисозии ин аҳдоф мегузоранд.

Радиои Озодӣ: Аммо то имрӯз чӣ теъдод шомил шуданд ба гурӯҳи Шумо?

Ботур Қосимов: Ростӣ, тавассути шабакаи Интернет, махсусан Фейсбук, даъватҳои зиёд меоянд. Мо, албатта, ба ҳама ҷавоби мусбат медиҳем. Ҳар нафаре, ки мехоҳад метавонад шомили ин созмон шавад. Бисёранд шумори хоҳишмандон, масалан, Сураҷ Назаров ҳаст ин ҷо, Фаррух Умаров ҳаст, Манучеҳр Саъдиев. Чеҳраҳои шинохтаву кӯҳна нестанд, ҳама ҷавононанд. Дар Тоҷикистон шуморашон ҳудуди 250-300 нафар аст. Хусусан дар Душанбе. Мо аввал онро чун ҳаракати сиёсӣ сабти ном мекунем, чун ин осонтар аст ва баъдан он ба ҳизби сиёсӣ табдил дода мешавад, ки барои ин ҳадди аққал 1000 имзову аъзо лозим аст. Мо ҳатман номзади арзандаи худро пешбарӣ мекунем ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои дигар ба мо ҳамроҳ мешаванд ва овози худро ба номзади мо медиҳанд.

Радиои Озодӣ: Ҷунбиши Шумо ҳам мисли аксар созмону аҳзоби дигар бар пояи маҳал бунёд шудааст?

Ботур Қосимов: Ҳаргиз на, ҷунбиш, ҷунбиши миллӣ аст. Ман аз минтақаи шимол ҳастам, роҳбарияти дигар, яке аз Қурғонтеппа ва дигари аз Душанбе аст. Аъзо бошанд аз тамоми дигар минтақаҳои Тоҷикистонанд. Маҳалагароӣ рафтори хеле зишт аст барои мо. Ҳамин маҳалгароӣ ва хешутаборбозӣ аз мушкилот ва нокомиҳои аслии ҳукумати имрӯзаи мо аст.

Радиои Озодӣ: Агар сабти ном нашавед, шеваҳои муборизаи шумо чӣ гуна хоҳад буд? Ҳамчун як ташаккули сиёсӣ.

Ботур Қосимов: Аввал ин ки мо кӯшиш мекунем, то созмон сабти ном шавад,вале агар бо сабабҳои мухталиф сабт нашуд, мо ин масъаларо бо аъзо ва созмонҳои ҳуқуқи байналмилаллӣ баррасӣ мекунем. Ба ҳукумати Тоҷикистон номаҳо менависем. Мо бовар дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мо, ҷавонон, пуштибонӣ мекунанд. Мо хомӯш намеистем, ҷавонони коршинос ҳастем, аъзои ҳаракати мо мутахассисони касбу кори гуногунанд, бо таҷрибаву донишҳои худамон ҳатман ин ҳадафҳоро амалӣ мекунем. Кори намешуданӣ нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG