Пайвандҳои дастрасӣ

Навори рақси якҷояи занону мардон дар маросими арӯсӣ дар Покистон баҳсҳоеро дар ҷомеаи ин кишвар ба по кардааст.

Ҷомеаи мазҳабии Покистон рақси якҷояи занону мардонро дар маросими арӯсӣ маҳкум мекунад. Ин аст, ки намоиши як навори видеоӣ, ки дар он занону мардони покистонӣ якҷоя рақс мекунанд, боиси баҳсҳои тезутунд шудааст.

Баҳси ин навори видео ҳатто то ба порлумони ин кишвар ҳам рафтааст. Пас аз баррасии ин мавзӯъ дар порлумон чунин овозаҳо паҳн шуданд, гӯиё рӯҳониёне, ки ҳукми қатли иштирокдорони ин маросими арӯсиро содир кардаанд, боздошт шудаанд.

Бо вуҷуди ин баҳсҳо, иддае бовар доранд, ки ин навор барқасдона омода ва пешкаш гардидааст. Абдулмаҷиди Афридӣ, раҳбари пулиси Кӯҳистон дар минтақаи Хайбар Пахтунхва ҳам мегӯяд, ин навор ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад бозгӯ кунад, ки занону мардон якҷоя рақсидаанд.

"Аввалан дар навор заноне намудор мешаванд, ки либоси тӯюна дар бар суруд мехонанд. Ин занон хуб медонанд, ки онҳоро ба навор мегиранд. Баъдан як ҷавоне нишон дода мешавад, ки нишаставу ханда мекунад. Дар ин қисмати навор Шумо занеро намебинед. Пас аз он боз як марде пайдо мешавад, ки рақс мекунад. Боз зане пайдо мешавад, аммо ин ҷавон дар он ҷо намудор нест. Фикр мекунам, ин видео бо иштироки занон дар маросими арӯсӣ навобардорӣ шудааст. Аммо касе барқасдона ин наворро гирифта бо қисматҳои дигар пайванд кардааст",-афзуд ӯ.

Навори видео аз Ютюб гирифта шудааст:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG