Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи хунин ба оромгоҳи Шайх Ҳаҷвирии сӯфӣ


Ба дунболи ду ҳуҷуми интиҳорӣ ба оромгоҳи Шайх Алии Ҳаҷвирии сӯфӣ, ки тундравони мазҳабӣ онро ғайриисломӣ унвон кардаанд, фазои шаҳри Лоҳури Покистон ҳолати изтиробангезеро касб кардааст.

Ин бомбгузории интиҳорӣ беш аз 40 танро кушта бар ҷой гузошт. Нерӯҳои полис ва кормандони хадамоти амнияти Покситон бо нигаронӣ аз ҳуҷумҳои тозаи тундравон мавзеъҳои калидии шаҳри Лоҳурро зери назорат гирифтаанд.

Тадобири амниятӣ махсусан дар масоҷид, макони таҷаммӯъи намозгузорон афзоиш ёфтааст. Таври маъмул, таҷаммӯъи мардум дар намози ҷумъа нисбат ба рӯзҳои дигар бештар мешавад. Шиддати амал як рӯз баъд аз бомбгузориҳои интиҳорӣ, ки дар он беш аз 40 тан кушта ва 120 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст, рӯи даст гирифта шуд.

Оромгоҳи Шайх Алии Ҳаҷвирӣ дар қалби шаҳри Лоҳури Покистон, дар наздикии оромгоҳи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, шоир ва файласуфи машҳури Шарқ, ҷойгир аст.

Яке аз бомбгузорони интиҳорӣ худро дар таҳхонаи оромгоҳ мунфаҷир кард, ки мардум дар он қабл аз намоз машғули таҳорат буданд. Дуюмӣ бомбаро дар назди даромадгоҳ, дар ҳоле ба кор андохт, ки мардуми ваҳшатзада аз ҳуҷуми аввал аз бино фирор мекарданд.

Bombers Attack Sufi Shrine In Lahore
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00
Линки мустақим


Қиссаҳои шоҳидон

Марде бо номи Ҷамшед, ки аз ин ҳамла ҷон ба саломат будардааст ба хабаргузории Ройтерс гуфт:

"Ба думболи инфишор дар он ҷо бесарусомонӣ шурӯъ шуд. Касе набуд, ки ба доди мардум бирасад. Ҳар кас дар пайи наҷоти худ рӯ ба фирор оварда буд. Баъзеҳо шитобзада аз дарвозаҳо бадар шуданд, бархи дигар ба сӯи бахши занонаи оромгоҳ давиданд. Ҳар кас мехост аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бубарад. Ҳеҷ кас ба ҳеҷ кас кӯмак намекард. Ман ҳавзи хун ва теъдоди зиёди кушташудаҳоро дар ҳавлӣ мушоҳида кардам".

Миён Муҳаммад Мунир, сарпарасти оромгоҳи суфӣ Алии Ҳаҷвирӣ гуфт, ки ҳангоми ҳуҷуми интиҳорӣ, дар оромгоҳ беш аз 2 ҳазор инсон ба тоату ибодат мешғул буд.

Як узви нигаҳбонҳои ихтиёрии оромгоҳ як бомбгузори интиҳориро ошкор кард, аммо натавонист ӯро безарар кунад. Ҳоҷӣ Муҳаммад Ишоқ, шоҳиди ҳодиса ва як ходими маъмурияти оромгоҳ гуфт:

"Дар пешонии ин мардум навишта нашудааст, ки онҳо террорист ҳастанд. Нигаҳбони ихтиёрӣ талош кард, як аз онҳоро боздошт кунад, дурбини амниятӣ ин ҳолатро саб кардааст. Ӯ талош кард ҳамлагарро боздошт кунад. Як ҳамкори мо ҷони худро аз даст дод. Бубинед, шумо ҳар коре накунед, нафаре, ки бомбаро дар баданаш бастааст, маҳкум ба марг аст”.

То ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин амалро бар дӯш нагирифтааст, аммо ангушти иттиҳом ба сӯи гурӯҳои тундрави марбут ба Толибон ва Ал Қоида баланд шудааст.

Аз моҳи март ба ин тараф гурӯҳои тундрав 265 нафарро дар нӯҳ ҳуҷум кушта бар ҷо гузоштанд. Маъмулан гурӯҳои мазҳабие мавриди ҳуҷум қарор доштанд, ки тундравон онҳоро аҳли бидъат шумурдаанд.

Мояи ихтилоф бо сӯфиҳо чист?

Тасаввуф ҷараёни ирфониест, ки ҳам мусалмонони суннӣ ва ҳам шиа аз он пайравӣ мекунанд. Аҳли тасаввуф эътиқоди худро тавассути шеъру мусиқиву рақс ва самоъ баён мекунанд. Мусалмонҳоиаз нигоҳи эътиқод наздик ба сунниҳои бунёдгаро ва Толибон мусиқӣ ва рақсро бе динӣ унвон мекунанд.

Як ҳафта пеш аз ҳуҷум ба оромгоҳи суфӣ Алии Ҳаҷвирӣ бомбгузорони интиҳорӣ зимни ҳуҷум ба фирқаи дигари мазҳабӣ, мавсум ба Аҳмадия дастикам 82 пайрави ин фирқаро аз байн бурданд.

Фараҳноз Исфаҳонӣ, сухангӯи раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ гуфтааст, ки ин ҳуҷумҳо мояи ҳароси онҳо нестанд ва онҳо заҳри тундравиро аз кишвар берун хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG