Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Тарафдорӣ ва танқидҳо аз манъи филмҳои туркӣ


Хабари мамнӯъ шудани намоишу нашри чанд филми туркӣ, ки дар миёни хурду бузург дар Тоҷикистон маҳбубият доштанд, барқвор дар дохилу хориҷ паҳн шуд ва баъзеро хушҳол ва қисмеро ғамгину асабонӣ кард.

Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки аз ин баъд намоиши сериалҳои пурбинандаи “Ҳомиён”, “Пайроҳаи тақдир”, “Мисли Юсуф”, “Хаёлҳои сабз” ва “Водии гургон” дар телевизион мамнӯъст, зеро саҳнаҳои таблиғи зӯроварӣ, терроризм ва ифтотгароӣ зиёд доранд ва метавонанд, насли ҷавонро олуда кунанд.

Бо нашри ин хабар дар торнамои Радиои Озодӣ, сели шарҳу назар ҷорӣ шуд ва шарҳи аввалин аз Наҷиб аз Истанбул буд, ки мегӯяд, муассисаи “Тоҷиккино” кори хато кардааст ва бояд бигзорад, ки мардум киноҳои туркиро тамошо кунанд, зеро ҳеҷ кас филмҳои тоҷикиро дӯст намедорад. Вале Муҳаммадсалим аз Маскав кори мақомоти расмиро шоистаи аҳсан хонда ва ба онҳо офарин ҳам гуфтааст.

Ин хонанда навиштааст, “боиси хушҳолист, ки масъулин акнун зарари маънавӣ доштани тамошои филмҳоро дарк кардаанд. Хуб мешуд, барномаҳои телевизиониро низ ба танзим медароварданд, то кӯдакон дигар орзуи сарояндаву раққоса, Маҷнуну Лайлӣ ва паҳлавонҳои зиёновар шуданро камтар дар дил мепарвариданд. Ба ҷойи ин гуна филмномаҳо ва барномаҳои беранг хуб мешуд, ки филмномаҳо дар бораи бузургони гузашта, ки пайваста дар роҳи омӯзиши илм ва хидмат ба миллату дин қадам мебардоштанд, ҷойнишин мешуданд.”

Агарчӣ қарори манъи намоиши сериалҳои маъруфи туркӣ дар Тоҷикистон мисли Муҳаммадсалим даҳҳо нафари дигарро хушҳол кардааст, аммо теъдоди зиёди дигар ҳам ҳастанд, ки аз ин кори мақомот нороҳату асабонӣ шудаанд. Аз ҷумла, Дӯстмурод аз Душанберо, ки ин шарҳи худро бо се аломати хитоб ба поён расонидааст: “Модоме ки Тоҷиккино қудрати сохтани филм, ҳатто қудрати тарҷумаи онро надорад, пас, чаро пеши роҳи дигар филмҳоро мегирад. Ин филмҳои туркӣ аз филмҳои тоҷикии дар замони истиқлол таҳияшуда садҳо маротиба бартарӣ дорад. Филмҳои туркӣ саросар панду ахлоқ ва тарбия ҳаст. Шумо чӣ доред? "Беҳуда хорам мекунӣ", ки аз оғоз то анҷом ягон маъние надорад. Дар филмҳои тоҷикии мо фақат коттеҷҳои сарватмандону мошинҳои "воҳима"-и онҳо реклама мешавад, ки ин ба мардуми камбағалу қашшоқ, албатта, таъсири манфӣ мерасонад!!!”

Бархе аз корбарони вебсайти Радиои Озодӣ, гуфтаанд, манъи намоиши сериалҳои туркӣ ҳам бар зарар ва ҳам бар манфиати ҷомеаи Тоҷикистон будааст. Аз ҷумла, як нафар ки худро Nameless муаррифӣ кардааст, мегӯяд: “Масъулин шояд кори хуб карда бошанд, лекин бояд иқрор шуд, ки воқеан бисёр кӯдакону наврасон бо забони умумигуфтӯгуии тоҷикӣ ҳарф заданро маҳз аз ҳамин филмҳо ёд гирифтанд.”

Меҳрдод Хайруллопур

Меҳрдод Хайруллопур

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дар Фейсбук, Одноклассники, Мой Мир низ назарҳои шабеҳ зиёданд, вале Фаридун Ислом дар Мой Мир гуфтааст, як дӯсти ӯ баъд аз тамошои ин филмҳо ба ҷои салом бо шеваи туркӣ "селам" мегуфт ва аз ин рӯ хуб шуд, ки намоиши сериалҳои туркиро мамнӯъ карданд ва дигар ин ки кӯдакон ба ҷуз аз "ист полис" дигар ҳеҷ чизи хуб намедонанд. Дар Фейсбук, бахусус дар маҳфили Анҷумани фалсафа ва ҳикмати тоҷикистониён мамнӯъ шудани нашру намоиши 5 сериали туркӣ дар Тоҷикистон як баҳси асосӣ буд, ки мубоҳисонро ба ду ҷабҳа кашид.

Меҳрдод Хайруллопур амалкарди мақомоти Тоҷикистонро интиқод карда ва гуфтааст, "аз рӯзе, ки худро мешиносам, боре надидаам, мардум мисли оне, ки "Ҳомиён"-ро аз нуқтаҳои фурӯши диск суроғ мекунанд, дигар филмҳоро суроғ карда бошанд. Мардум тӯли ҳафта қисми навбатии ин филмро интизор мешуданд."

Як корбари дигари Фейсбук Сиддиқ Муборак, ки ба баҳс дар бораи манъи намоиши филмҳои туркӣ дар Тоҷикистон пайваста ба ин андеша мувофиқ нест ва мегӯяд, аз мамнӯъ шудани нашру намоиши он филмҳо касе зарар намебинад: "Бо он бародароне мувофиқам, ки аз мамнӯъ шудани чунин филмҳо ҷонибдорӣ карданд. Фикр мекунам, аз тамошои чунин филмҳо ягон манфиате ба мардуми тоҷик ва насли хурди осебпазир намерасад, ғайр аз зарар. Ман се чор қисми филми «Ҳомиён”- ро тамошо кардам, чизе ҷолиб наёфтам, танҳо парон-парону хархаша. Дигар ин ки сифати наворашон ҳам хеле паст аст. Аз ин рӯ, тамошои онро дар хона мамнӯъ кардам."

Сиддиқ Муборак

Сиддиқ Муборак

Шарҳи 56-ум дар бораи ин қарор дар Фейсбук аз Абдуллоҳ Абдулраҳим буд, ки гуфтааст, калиди ҳалли мушкили маҳбубияти филмҳои хориҷӣ аз ҷумла туркӣ дар Тоҷикистон дар дасти худи филмсозони тоҷик аст, ки дили мардумро ба филмҳои сохти ватанӣ гарм кунанд: "дар чанд соли ахир дар Туркия бештар филмҳои туркиро тамошо мекунанд ва рағбат ба филмҳои хориҷӣ дар онҷо хеле кам шудааст. Сабаби ин ҳам хубии филмҳои дохилӣ аст, ки ба дигар ба филмҳои хориҷӣ эҳтиёҷ намегузорад. Манзурам ин аст, ки ба ҷойи манъ кардани филмҳо, агар филмҳои беҳтаре омода кунем, халқ ҳам бо иродаи хеш аз филмҳои бегона даст хоҳад бардошт. Агарчӣ ин каме вақт мегирад, аммо роҳи беҳтаре аз ин наменамояд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG