Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъзе аз мухилисон дар шарҳи сабаби аслии маъруф шудани филми "Ҳомиён" мегӯянд, мардум ҳамеша ба ҳимоят ниёз дорад, вале дар симои пулиси кишвар ҳимоятгарро намебинанд.

Ин аст, ки ба гуфтаи мардум “ҳаваси дуғро бо моҳтоб мешикананд” ва шефтаи “Ҳомиён” шудаанд. Шоҳрух, як навраси 11-солаи тоҷик аст, ки то ҳадде зери таъсири ин филм мондааст, ки худро узви “Ҳомиён” тасвир мекунад ва бо ин ҳадаф филмеро бандубаст ва дар Ютюб нашр кардааст.

Қаҳрамони филм, албатта, худи Шоҳрух аст. Бояд гуфт, бо вуҷуди ҷавонӣ ва камтаҷрибагӣ Шоҳрух нақши худро хеле ҳирфаӣ бозидааст. Ӯ ҳоло дар синфи 4 мехонад ва орзуи ҳунарманд шуданро дорад. Шоҳрух меӯяд, агар рӯзе ҳунарманди шинохта шавад, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад, ки ангезаи онро маҳз аз филми “Ҳомиён” гирифта буд. Шоҳрух ҷасорати қаҳрамонҳои филмро мебинад ва орзу мекунад, ки “эй кош дар ҷойи онҳо бошад ва ба доди корафтодаҳо бирасад”: "Мехоҳам ҳунарманд шавам ва бештар дар нақши пулис нақш офарам. Яъне дар кино ҳам бошад, ба доди мардум бирасам."


Аз сӯи дигар бекории фарогир дар миёни ҷавонон ва набудани имкони таҳсил бисёре аз онҳоро хонанишин ва ошиқи сериалҳои романтикӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон филмҳои хориҷӣ, аз ҷумла филмҳои бисёрсериягии туркӣ тамошобинони зиёд доранд, ки ҷавонону наврасони тоҷик идеяи зиндагии худро аз ин филмҳо мегиранд...
кардааст. Бисёре аз ин наврасону ҷавонон идеяи рангини зиндагии худро аз рафтори қаҳрамонони филмҳо пайдо мекунанд ва хаёлан дар қасру кушкҳо зиндагӣ мекунанд. Агар солҳои гузашта баҳси филмҳои бисёрсериягии бразилиягиву кореягӣ ва туркӣ танҳо дар байни занҳои хонанишин баҳс мешуд, солҳои ахир бисёре аз ҷавонҳо низ ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шудаанд.

Шариф як тамошобини сериалҳо мегӯяд, агар ин филмҳо дар Тоҷикистон ва аз тарафи филмсозони тоҷик таҳия мешуд, таъсираш ба зеҳни ҷавонон бештар мебуд: "Фикр мекунам филми "Ҳомиён"-ро дар тарҷума тағйир додаанд. Суханони пандомези он бо забони тоҷикӣ боиси он шудааст, ки тамошобини бисёр пайдо намояд."

Тайи 20 соли ахир тавлиди филмҳои бузургҳаҷм дар Тоҷикистон ба роҳ монда нашудааст ва чанд талоши таҳияи сераилҳои худӣ ба нокомӣ анҷомид. Аввалан, онҳо хеле соддалавҳона ва аз ҷиҳати таҳия низ ба меъёрҳои маъмулӣ мувофиқат набуданд. Дар муқоиса бо ҳамсояҳои дигар, ки ҳоло қудрати пешинаи филмсозиро баргардонидаанд, Тоҷикистон дар сафи аз ҳама ахир қарор дорад ва коршиносон умед надоранд, ки ин соҳа солҳои наздик фаъол шавад.

Аммо як коршиноси умури синамо дар Тоҷикистон гуфт, тавлиди филм дар Тоҷикистон тақрибан вуҷуд надорад ва ин халоро филмҳои туркиву эрониву русиву кореягӣ пур кардаанд. Дар ҳамин росто, бархе дигар аз соҳибназарон ба ин ақидаанд, ки дар натиҷаи тамошои ин гуна филмҳо ахлоқи ҷавонон коста гашта, рӯҳияи онҳо бар пояи тарғиботи идеологии ин ё он кишвар ташаккул меёбад.

Аммо Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синомагарони Тоҷикистон ба ин фикр розӣ нест. Ӯ мегӯяд, ин як раванди гузариши халои синамои тоҷик аст ва наметавонад, ки ахлоқи наврасону ҷавононро дигар кунад. Ба андешаи Ҳақдодов солҳои пеш ба ҳамин монанд воқеаҳо дар синамои тоҷик буд, аммо рӯҳияи мардумро дигар карда натавонистанд. Вай мегӯяд: "Як роҳ аст. Дар паҳлуи ин сохтани филмҳои ватанӣ бо ҳамин мавзӯъ, бо ҳамин шаклу ҳамин сохт. Бо омӯхтан ва донистани психологияи кунунии ҷавонону наврасони мо. Синну солро ба назар гирифта, мутахассисони ҳирфаӣ бояд чизе барои инҳо биофаранд."



Бо вуҷуди ин имрӯз дар олами синамои тоҷик филмҳои хориҷӣ тамошобинони хеле зиёд доранд, ки ба мисли Шоҳрух барин ҷавонон ва наврасони тоҷик идеяи зиндагии худро аз ин филмҳо месозанд. Аммо ин идеяҳо, ки хаёлӣ ва фантазия ҳастанд, ба қавли коршиносон дар ҳаёти ояндаи онҳо ва ташаккули онҳо ҳамчун шахсият нақши муассир мегузоранд.

Рустами Набот

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG