Пайвандҳои дастрасӣ

ҲХДТ ба интихоботи президентӣ омода мешавад


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби орои бештар дар интихоботи президентӣ, гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис додааст.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ҳизб мегӯяд, ба ин гурӯҳҳо аъзои Кумитаи марказии иҷроия, созмонҳои маҳаллии ҳизб, афроди саршиноси минтақаҳо, адибон ва санъаткорон шомил мешаванд.

Вай афзуд, барои ташкил кардани ин гурӯҳҳо ва баргузор кардани ҷаласаҳои ноҳиявиву вилоятӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва мушовирони давлатии раисҷумҳур Абдуҷаббор Азизов ва Сайидмурод Фаттоев сафарбар шудаанд ва то ба ҳол гурӯҳҳо дар Бадахшону водии Рашт таъсис ёфтаанд.

ҲХДТ ҳизби ҳоким ва бузургтарин ҳизби сиёсии Тоҷикистон аст, ки ҳудуди 165 ҳазор аъзо дорад ва раҳбари он Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар гузашта расонаҳо навишта буданд, ки ин ҳизб дигарбора сарварашро ба маснади раисҷумҳурӣ пешниҳод кардааст. Аммо Усмон Солеҳ гуфт, то ҳол номзади ҳизб муайян нест ва пешниҳод дар Анҷумани навбатии он сурат мегирад. Аммо назари шахсии ӯ ин аст, ки беҳтар аз Эмомалӣ Раҳмон номзаде вуҷуд надорад.

Маъракаҳои таблиғотии интихоботӣ дар Тоҷикистон то се моҳи рӯзи баргузории шурӯъ мешавад. Масъули ҲХДТ мегӯяд, то он замон гурӯҳҳои мобилии таблиғотӣ бо таблиғи барномаи ҳизб машғул хоҳанд шуд. Интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2013 баргузор хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар оғози моҳи май Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ ва раиси ҲХДТ Тоҷикистон ба масъулони ин ҳизб амр карда буд, ки теъдоди аъзои муҳоҷири кории ин ҳизб дар хориҷ аз кишварро мушаххас кунанд.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи иттиллоот ва робита бо ҷомеаи ҲХДТ ба Озодӣ гуфта буд, ки раиси ҳизб ин дастурро ба хотири дақиқ кардани шумораи аъзои ҳизб ва ба чӣ кору фаъолият машғул будани онҳо додааст.

Ба гуфтаи оқои Солеҳ, бар пояи ҳисобу китоби муқаддамотӣ, ки аз созмонҳои ин ҳизб дар саросари кишвар дарёфт кардаанд, дар ҳоли ҳозир аз 8 то 10 ҳазор нафар аз аъзои ин ҳизб дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд. Усмон Солеҳ ҳозир нашуд, ки дар мавриди касбу ҳунари ин теъдод аз аъзои муҳоҷири ҲХДТ маълумот бидиҳад.

Вале вай гуфт, ки бар пояи дастури раиси ҳизб, онҳо бо ин шумора аз аъзои худ иртибот барқарор хоҳанд кард то дар интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар дар соли оянда онҳо низ фаъолона ширкат варзанд ва барои касби орои муҳоҷирин ба номзади ҳизб кӯмак кунанд.

Зимнан, ҲХДТ дар миёни 8 ҳизби сиёсии ин кишвар номзади худ ба мақоми раёсати ҷумҳуриро муайян ва эълон кардаст. Ин ҳизб ҳоло 165 ҳазор узв доштааст, ки 25 ҳазор нафар аз ин шумора дар як соли ахир узвияти онро пазируфтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG