Пайвандҳои дастрасӣ

Чеҳраи нав ё барномаи нав? Нигоҳе аз имрӯз ба интихобот-2013


Акс аз бойгонӣ. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон. 28-уми феврали соли 2010.

Акс аз бойгонӣ. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон. 28-уми феврали соли 2010.

Барои пирӯзӣ дар интихоботи президентии соли 2013 киҳо ва бо чӣ роҳҳо мубориза хоҳанд кард?

Нақшаи Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон барои таҳияи реестер ё феҳрасти ягонаи соҳибони ҳаққи раъй дар кишвар, ки ҳафтаи гузашта эълон шуд, як таъкиди нав ба аҳамияти интихобкунандагон аст. Аммо шояд ин фақат оғози бозгашти таваҷҷӯҳ ба раъйдиҳанда аст ва ба эҳтимоли қавӣ бо назардошти интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли оянда интихобкунанда тадриҷан ба мухотаби асосии сиёсӣ дар кишвар табдил хоҳад ёфт.

Аз нав номзадҳо ва ҳизбҳо бо барномаҳои худ рӯй ба интихобкунандагон хоҳанд овард ва аз нав интихобкунандагон домани худро барои ҷамъоварии ваъдаву паймонҳо боз хоҳанд намуд. Ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ беш аз 3 миллион шаҳрванди қобили овоздиҳӣ ҷалб мешавад, ки бархе дар дохил ва бархи дигар дар хориҷи кишвар ба сар мебаранд. Аз интихобот то интихобот ва куллан дар чанд соли охир ин "артиши раъй" бо дигаргуниҳое рӯбарӯ гаштааст, ки метавонад ба натиҷаҳои интихоботи оянда ё пешомадҳои он таъсир дошта бошад.

РАЪЙДИҲАНДАГОН ДИГАР ЯКСОН НЕСТАНД

Агар ба бандубасти электорати интихоботи раёсати ҷумҳур дар соли оянда назар афканем, ба сурати умум тасвири ноумедкунандае ҳосил мешавад. Бахши умдаи интихобкунандаҳо шаҳрвандоне ҳастанд, ки ё поинтар аз хатти фақр ба сар мебаранд ва ё аз ҳисоби наздикони муҳоҷири худ рӯз мегузаронанд. Ин гурӯҳ аз ҷиҳати сиёсӣ фаъол нест ва дар баробари бӯҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ заъфпазир аст.

Гурӯҳи дигар собиқ синфи миёна аст, ки аз муаллиму духтуру муҳандису, иқтисодчиву ҳисобдор ва интеллигентсия иборат буда, бо маоши расмии чизе камтар аз 100 доллар дар моҳ аз зиндагии худ норозӣ аст. Аммо бо ин вуҷуд ҳаводории ошкоро ба аҳзоби сиёсиро барои худ муфид намешуморад.

Гурӯҳи сеюм, насли нав, ҷавонҳои аз 18 то 25-солааст, ки маъмулан дар донишгоҳ таҳсил мекунанд ва ҳарчанд сатҳи баланди дониш надоранд, аммо ба сиёсат рағбат нишон медиҳанд ва мехоҳанд дар ҷомеаи одилона ба сар бубаранд. Ба гуфтаи бисёре аз таҳлилгарони тоҷик, ин гурӯҳ дар интихоботҳои оянда бештар аз дигарон фаъол хоҳад буд.

Гурӯҳи чаҳорум як гурӯҳи хеле ташаккулёфтаи муҳофизакор аст, ки мазҳабро аз сиёсат ҷудо намедонад ва дар робита ба таҳаввулоти сиёсии мамлакат дидгоҳи хоси худро дорад. Ин гурӯҳ асосан аз хатмкунандаҳои мадрасаҳои динии хориҷи кишвар, ҳаводорони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва пайравони лидерҳои мазҳабӣ иборат аст. Онҳо бо шиорҳои дифоъ аз мусалмонони кишвар рӯи қишри муҳофизакори ҷомеа таъсири амиқ доранд ва ба эҳтимоли қавӣ дар овоздиҳии соли оянда аз худ дарак хоҳанд дод.

ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА СТРАТЕГИЯИ ОНҲО

Ҳар номзад ё ҳизби сиёсӣ мехоҳад, ҳимояти интихобкунандаро ба даст орад. Вале таҳлилгарон мегӯянд, ин далел, ки дар 20 соли охир интихоботҳои Тоҷикистон бо тақаллуб ва нақзи ҳуқуқи интихобкунанда баргузор шудаанд, шаҳрвандонро ба самимияту воқеӣ будани ин маъракаҳо машкук кардааст. Онҳо мегӯянд, дилсардии амиқ ба маъракаҳои сиёсӣ ҷомеаро ба рукуд гирифтор кардааст ва ҳоло шояд танҳо як-ду овоздиҳандаи “романтик” итминон дошта бошанд, ки овози онҳо метавонад, вазъи сиёсӣ дар кишварро дигар кунад.

Ба ақидаи коршиносон, ҳоло се ҳизб ва раҳбарони он ба сурти собит, яке кам ва дигаре бештар электорат ё интихобкунандаи ҳисобӣ доранд. Бузургтарин ташаккули сиёсӣ Ҳизби Халқию Демократӣ (ҲХДТ) ё ҳоким дар Тоҷикистон аст, ки бо истифода аз мавқеи раҳбарии аъзои аршади худ ва аз ҷумла раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки раҳбари ин ҳизб аст, метавонад иддао кунад, ки бештарин ҷонибдорони собитро дорад. Аксарияти конститутсионии Маҷлиси намояндагон дар ихтиёри ин ҳизб аст. Баъди он ҳам ду ҳизб -- Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар баробари ҳам қарор доранд. Агар инро ба назар бигирем, ки ҳардуи онҳо дар порлумони фақат дунафарӣ намояндаг доранд, бояд ба ин қаноат бирасем, ки шумори аъзо ва ҳаводарони ҳарду ҳизб низ зоҳиран бояд баробар бошад.

Аммо ба гуфтаи таҳлигарон, шумори аъзо ва ҷонибдорони ҳеҷ ҳизбе дар Тоҷикистон ба гунаи кофӣ собит нест, ки ба танҳоӣ битавонад барандаи интихобот шавад ва ниёзе ба ҷалби орои қишрҳои дигар надошта бошад. Ба ин манзур ҳамаи ҳизбҳо барои касби оро аз ҳамаи имконоти ихтиёри худ талош хоҳанд кард. Коршиносон мегӯянд, дар интихоботи порлумонии соли 2012 ҲНИТ дар ҷалби орои қишрҳои мухталиф аз технологияҳои нав истифода кард ва то ҷое мақомотро ғофилгир намуд ва тавонист орои бештареро касб кунад. Аз сӯи дигар ин ҳизб аксари орои эътирозиро низ ба худ ихтисос дод, зеро ба ҷуз ин ҳизб, гурӯҳи дигари ҷиддие, ки ба ҳизби ҳоким рақобат кунад, дар он сабқат ширкат надошт.

Сӯҳроб Шарифов

Сӯҳроб Шарифов

Бо таваҷҷӯҳ ба ин таҳлилгарон мегӯянд, имкон дорад, дар интихоботи соли оянда аксулбарномаҳое ба он чӣ дар интихоботи соли 2012 инттифоқ афтод рӯи даст гирифта шавад. Абдуғанӣ Маҳмадазимов мегӯяд, дар интихоботи соли 2010 аз ҳашт ҳизбе, ки дар интихобот ширкат дошт, фақат яктои он тавонист аз политехнологияҳои нав истифода кунад, аммо дар интихоботи соли оянда шоҳиди манзараи дигаре ба манзури ҷалби оро хоҳем буд: «Аз интихоботи соли 2010 ҳама сабақ гирифтанд. Дигар ҳизбҳо, аз ҷумла ҳизби ҳокими кишвар низ дарс гирифта ва барои ҷалби электорат политехнологияҳои муосирро истифода хоҳад кард. Ё имкон дорад ҳизбҳои раванди исломидошта ташкил кунанд. Ба ҳар сурат як қатор контр-чорабиниҳоро дар интихоботҳои оянда интизор шудан мумкин аст.»

Аммо таҳлилгарони дигар мегӯянд, ки муҳимтарин омиле, ки ҲНИТ аз он дар интихоботи порлумонии соли 2010 истифода кард, ин технологияи мазҳабӣ ва суистифода аз номи ислом буд, то технологияи сиёсӣ. Сӯҳроб Шарифов, собиқ мудири Маркази мутолиоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон истифода аз технологияи таъсиси ташаккулҳои сиёсӣ ва мазҳабиро барои рақобат бо ҲНИТ ғайримумкин медонад: «Бисёр таблиғотчиҳо мегуфтанд, исломро хат назанед, гунаҳкор мешавед, кофир мешавед. Ин технологияҳо истифода шуданд. Далел ҳаст, шоҳид ҳаст, вале мо ошкор накардем. Лекин тасаввур кунед, ки ду-се ҳизби дигари исломгаро пайдо шавад. Масалан, Исломи адолатҷӯ ё Исломи демократӣ ва ғайра, мардум раҳгум мезананд, яъне ҲНИТ он овозҳое, ки дар гузашта гирифта буд, дигар намегирад. Ин "таблиғи сиёҳ" аст, дар мо истифодаи онҳо таҷриба нашудааст. Ва Худо кунад, ки нашавад.»

РАЪЙИ МУҲОҶИРОНИ КОРӢ

Аз баъди интихоботи порлумонӣ ва акнун низ бархе аз ҳизбҳои сиёсӣ ба дунболи баҳрабардорӣ аз як омили дигар -- муҳоҷирони кории тоҷик афтодаанд, ки дар Русия бештар аз 1 миллион нафарро ташкил медиҳанд ва аксари кулли онҳо ҳаққи раъй доранд. Онҳо ҳаттто метавонанд ба мавзеъгирии хонаводаҳои худ дар Тоҷикистон дар рӯзи интихобот низ таъсир бигузоранд. Шояд талоши баъзе созмонҳои тоҷикии муқими Русия ба таъсиси ҳизби муҳоҷирон ба манзури интихоботи оянда сурат гирифтаанд. Каромат Шарифов, раиси яке аз созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Маскав гуфтааст, ки агар ин ҳизб таъсис шавад, орои ҲНИТ-ро дар интихобот коҳиш хоҳад дод. Сӯҳроб Шарифов бовар дорад, ки муҳоҷирон як омили муҳим дар интихобот хоҳанд буд, ки аҳзоби сиёсӣ қартаи онҳоро бозӣ хоҳанд кашид.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, ки аз вазъи муҳоҷирон огоҳӣ дорад мегӯяд, ки онҳо низ намунаи ҷомеаи камбағал ва тарсидаву ноогоҳи Тоҷикистонанд ва гурӯҳҳои муддаӣ дар интихобот наметавонанд, аз ин муҳоҷирон тавре истифода бикунанд, ки битавонад масири интихобро дигар намояд: «Як қатор диаспораҳое аз ин ё он ҳизб ҷонибдорӣ хоҳанд кард, аммо ба маънои умумӣ муҳоҷирон ҳам фаъол нестанд, ки дар интихобот пурра иштирок кунанд. Аксари онҳо дар ҷойҳои дурдаст, деҳоти Русия ҳастанд, ки имкони иштирок дар интихоботро надоранд. Психологияи муҳоҷирон ҳам қариб ҳамин психологияи мардуми мост. Ба ҷалби онҳо талош хоҳанд кард, вале ин як кори мушкил хоҳад буд.»

РАЪЙ БАРОИ ШАХС Ё БАРНОМА?

Яке аз масъалаҳои психологӣ ин аст, ки ба фарқ аз интихоботи порлумонӣ дар интихоботӣ президентӣ мардум умдатан ба фард раъй медиҳанд, то ба барнома ва шиори интихобот. Хоса бо таваҷҷӯҳ ба тарзи тафаккури мардуми Тоҷикистон нақши калидиро дар интихобот шахсиятҳо иҷро мекунанд. Ва ҷои фаровоне ба истифодаи технологияҳо ва барномаҳои мукаммал боқӣ намемонад. Сӯҳроб Шарифов мегӯяд: «Мардум бояд ба идея овоз диҳад. Аммо 80 фоиз бо эҳсосу психологияву тафаккури худ овоз медиҳад. На бо ақл ва нигоҳ ба ояндаву барнома. Яъне нақши шахсият бисёр муҳим аст. Ва агар дар интихоботи соли 2012 раиси ҷумҳури феълӣ номзад шавад, мисли Путину Назарбоев ғалабаи комил мекунад.Зеро мардум ба шахсият овоз медиҳанд.»

Аммо бархе аз коршиносон ба ҳаҷми "раъйи эътирозӣ" ишора мекунанд ва бар инанд, ки чунин раъй метавонад ин бор нақши умдатаре дошта бошад. Аз ин лиҳоз, гуфта мешавад, муҳим хоҳад буд, ки интихоботи соли оянда то куҷо воқеан рақобатӣ хоҳад шуд. Интихоботи соли 2006 -и раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ба ҷуз аз Эмомалӣ Раҳмон, ки номзади аслӣ буд, се номзади дигар аз аҳзоби сиёсӣ сабти ном шуданд, вале ҳамаи онҳо бо ризояти худи давлат вориди сабқат гашта, ба манфиати номзади асосӣ амал карданд ва агар интихоботи соли оянда низ ба ҳамин минвол сурат бигирад, зарурати зиёде ба сахткӯшӣ дар ҷалби электорат боқӣ нахоҳад монд.

Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, то кунун шавқи касеро барои номзад шудан ва ба вуҷуд овардани рақобат дар интихоботи соли оянда намебинад. Бино бар ин ба мушкил метавон ҳадс зад, ки шахсияте мустақил номзад шавад ва зарурати рақобат барои ҷалби оро бо истифода аз технологияҳои сиёсии навро воҷиб кунад: «Мисли он ки Прохоров дар Русия, ки омад ва гуфт, "ман даъво дорам". Ҳоло ҲНИТ, ки каме имкон дорад, гуфтааст, ки дар интихобот ширкат намекунад. ҲКТ заиф шудааст. Вале шояд ягон нафари мустақил пайдо шавад? Ё шояд аҳзоб эътилоф бикунанд? Ба ҳар ҳол чизи мушаххасе гуфтан ҳоло мушкил аст.»

Ба ҳар сурат, коршиносон мегӯянд, феълан ду ҳизб имкон пешбарии номзади худ дар интихобот ва ҳамин тавр электорати собити худро доранд. Яке ҲХДТ ва дигаре ҲНИТ. ҲКТ низ ҳарчанд аъзо ва ҷонибдор дорад, бо заъфи молӣ рӯбарӯст. Биноан, ду ҳолат -- эътилофи аҳзоб ё рӯйи саҳна омадани, ба истилоҳ, як Прохорови тоҷик ва чеҳраи тоза хоҳанд тавонист сафороии электорат ва шеваҳои корзорро ба куллӣ тағйир диҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG