Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ ва раиси ҲХДТ Тоҷикистон ба масъулони ин ҳизб амр кардааст, ки теъдоди аъзои муҳоҷири кории ин ҳизб дар хориҷ аз кишварро мушаххас кунанд.

Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи иттиллоот ва робита бо ҷомеаи ҲХДТ рӯзи сешанбеи 2 май дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ин хабарро таъйид карда гуфт, ки раиси ҳизб ин дастурро ба хотири дақиқ кардани шумораи аъзои ҳизб ва ба чӣ кору фаъолият машғул будани онҳо додааст.

Оқои Солеҳ гуфт, бар пояи ҳисобу китоби муқаддамотӣ, ки аз созмонҳои ин ҳизб дар саросари кишвар дарёфт кардаанд, дар ҳоли ҳозир аз 8 то 10 ҳазор нафар аз аъзои ин ҳизб дар муҳоҷирати корӣ ба сар мебаранд. Усмон Солеҳ ҳозир нашуд, ки дар мавриди касбу ҳунари ин теъдод аз аъзои муҳоҷири ҲХДТ маълумот бидиҳад.

Вале вай гуфт, ки бар пояи дастури раиси ҳизб, онҳо бо ин шумора аз аъзои худ иртибот барқарор хоҳанд кард то дар интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар дар соли оянда онҳо низ фаъолона ширкат варзанд ва барои касби орои муҳоҷирин ба номзади ҳизб кӯмак кунанд.

Зимнан, ҲХДТ дар миёни 8 ҳизби сиёсии ин кишвар номзади худ ба мақоми раёсати ҷумҳуриро муайян ва эълон кардаст. Ин ҳизб ҳоло 165 ҳазор узв доштааст, ки 25 ҳазор нафар аз ин шумора дар як соли ахир узвияти онро пазируфтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG