Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рузи 25-май дар сартосари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи кӯдакони беному нишон шинохта шудааст.

Волидайни Муҳаммади хурдсол, ки чанде пеш аз дасти кӯдакдуздон наҷот дода шуд, мегӯянд, агар дар ҷустуҷӯи фарзандашон каме таъхир мекарданд, шояд дигар ҳаргиз ба дидори ӯ намерасиданд. Ин тифли гумшуда ба дасти як гурӯҳи ҷинояткор афтод, ки қасд дошт ӯро ба хориҷи кишвар қочоқ кунанд ва бифурӯшанд. Муҳаммади 4-сола ҳангоми бозӣ дар назди хонаашон дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе аз пеши чашми амакаш ғайб задааст.

Баъд аз ду рӯзи ҷустуҷӯ, кормандони милиса ин тифлро 70 километр дур аз хонааш, дар шаҳри Норак ҳамроҳи як зани бегона ба пайдо карданд. Падари Муҳаммад, Парвиз Орифов мегӯяд, гум шудани фарзандаш барои ӯ ин қадар дардовар буд, ки дар соатҳои аввал чӣ кор карданашро намедонист: «Баъд сурати Муҳаммадро гирифта эълон навиштем, ки "писарбачае бо номи Муҳаммадҷон гум шудааст, нафароне, ки аз ӯ хабаре доранд, ба ин шумораҳо занг зананд." Ин эълонро нашр ва дар ҳар ҷо паҳн кардем."

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ба гуфтаи Орифов, баъд аз ҳодиса худи Муҳаммад ҳам то дер боз дар ҳолати ваҳму тарс қарор дошт. Аммо ёфт шуданаш мисли таваллуди дубора хушҳолии бепоёне буд. Пайвандони Муҳаммад худро дар муқоиса бо ҳамтақдирони хеш, ки фарзандонашон бедарак шудаанд, хушбахт меҳисобанд. Зеро ба фарқ аз онҳо, садҳо волидайни аз тақдири ҷигарбандашон бехабар, солҳои зиёд дар фироқи фарзанд оби дида мерезанд.

Абдукарим Абдулвадудов, як сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон мегӯяд, писараш Дурахшонро замони ноболиғ буданаш бо гуноҳи дуздӣ ҳабс кардаанд. Аммо пас аз 8 соли зиндон вай гӯё афв шудаву ба озодӣ баромад. Вале хонаводаи Абдулвадудовҳо то кунун аз сарнавишти фарзандашон бехабаранд: «Барои писарам соли 2006 хуҷҷат тартиб дода шудааст, ки гӯё вай тибқи афв ба озодӣ баромадааст. Ва бо мошин ӯро ба Душанбе интиқол додаанд. Аммо вақте, ки мо ронандаи мошинро пайдо кардем, ӯ гуфт чунин одамро намешиносад ва ба Душанбе ҳам набурдааст.»

Ҳарчанд аз нопадид шудани Дурахшон 6 сол гузаштааст, наздиконаш аз дидори ӯ умед накандаанд ва бо раҳпоӣ ба сар мебаранд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз афзоиши кӯдакони гумшуда дар кишвар изҳори нигаронӣ мекунад. Дафтари матбуоти ин ниҳод тақрибан ҳар ҳафта дар барномаи вижаи телевизионии худ аз бенишон шудани теъдоде аз сокинони Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аксарияти онҳоро наврасону ноболиғон ташкил медиҳанд. Мақомоти расмӣ беназорат мондани ноболиғонро сабаби асосии гум шудани онҳо меҳисобанд. Аммо ҳамарӯза садҳо кӯдаконеро дидан мумкин аст, ки ба иллати бенавоии хонаводаҳои худ, дар бозору хиёбонҳо машғули кори “сиёҳ”-анд. Дар тамоми кишвар ҳамагӣ ду маркази махсуси нигаҳдории кӯдакони Рӯзгори сахти хонаводаҳо, кӯдаконро алорағми хоҳишашон водор ба корҳои "сиёҳ" мекунад.

Рӯзгори сахти хонаводаҳо, кӯдаконро алорағми хоҳишашон водор ба корҳои "сиёҳ" мекунад.

гумшуда ва оворагард мавҷуд аст ва мӯҳлати нигаҳдорӣ дар ин марказҳо ним сол муқаррар шудааст.

Латиф Зокиров, раҳбари қабулгоҳ - таҳвилгоҳи ноболиғони хадамоти ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкуниҳои ҷавонону ноболиғони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта ба ин марказ наздики 600 кӯдак оварда шуд, ки аксарият барои муддате бенишон гашта буданд. Аз ин миён нисбати 3 нафар парвандаи ҷустуҷӯӣ боз гардида буд: «Волидайни фарзандгумкарда ба мо барои дарёфти онҳо муроҷиат мекунанд. Мо бо номи “Самтгирӣ” китоби махсуси байқадгирӣ дорем, ки дар он мо ин гуна хабарномаҳоро навишта мекунем. Ва дар суртаи пайдо кардани ноболиғон, дарҳол падару модари онҳоро огоҳ мекунем. Баъд аз муайян кардани шахсияти кӯдакон, онҳоро ба оилаҳояшон бармегардонем.»

Дар 4 моҳи соли ҷорӣ теъдоди кӯдаконе, ки ба ин марказ овардашуда 300 нафарро ташкил додаааст. Аз ин шумора 14 нафарашро ноболиғоне будаанд, ки аз Русия пайдо карда шудаанд. Оқои Латипов афзуд: ”Сабаби бенишон шудани чунин кӯдаконро метавон ин гуна шарҳ дод, ки аксарияти онҳо аз оилаҳое, ҳастанд ки дар ноҳияҳо ҷойгиранд ва ин кӯдакон барои меҳмонӣ ва ё бозорҳои пойтахт омада, роҳгум мезананд. Дар ин баробар кӯдаконе низ мавҷуданд, ки ҷое таҳсил намекунанд ва ба Душанбе ба хотири пайдо кардани маблағ меоянд ва дар бозорҳо ба кори сиёҳ машғул мешаванд. Чунин кӯдакон шабҳои худро ҳар куҷое, ки рост омад рӯз мекунанд.”

Баҳрӣ Валиева, дар кишвар ягона нафарест, ки дар баробари мақомоти интизомӣ ба таври довталабона саҳми худро дар ҷустуҷӯи афроди гумшуда мегузорад. Вай мегӯяд, то имрӯз ба имдоди зиёда аз 500 падару модар расидааст. Аз ин миён бону Валиева дар пайдо кардани 3 кӯдак мусоидат кардааст. Вай афзуд: “Дар мо асосан афроди гумшударо ба чанд гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст. Аз ҷумла онҳое, ки ба муҳоҷират рафтаанд, ҷавононе, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба хидмат даъват шуда буданд ва ҳамчунин ноболиғон. Масалан, мо тавонистем писареро пайдо кунем, ки бемории равонӣ дошт ва аз хона баромада, бедарак шуда буд.”

Ба гуфтаи Баҳрӣ Валиева, феҳристи ҷустуҷӯшавандаҳои вай наздики 80 нафар ҷавононеро ташкил медиҳад, ки солҳои 1992-1993 ба хидмати ҳарбӣ даъват шудаанд. Волидайни ин афрод то ҳанӯз ба зинда будани фарзандони худ бовар доранд. Ва шояд ин интизориҳои онҳо низ беҳуда набошад. Зеро мисолҳое низ ҳастанд, ки пайвандон баъд аз чандин соли ҷудоӣ ва бехабарӣ аз аҳволи ҳамдигар дигарбора ба ҳам омадаанд.

Аз ҷумла Зулфия Нуралиева, танзимгари барномаи хадамоти ҷустуҷӯи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мегӯяд, ҳамагӣ як рӯзи пеш бо кӯмаки онҳо модаре духтари худро пайдо кард, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ бедарак шуда буд. Ҳоло духтари вай дар Исроил ба сар мебурдааст.

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Зулфия Нуралиева гуфт: Вақте ки мо аз Исроил нома дарёфт кардем, дарҳол ба модараш хабар додем, ки духтари шуморо пайдо кардем. Бовар кунед он зан ҳамчунон бо алам гирист ва гуфт, ин ягона фарзанди ман аст. Ва тамоми умеди ман ҳам ба вай буд. Барои модар фироқи фарзанд хеле сахт аст. Ин зан аллакай бемор шудаву тӯли чандин сол бо фарзандаш тамоми алоқаро аз даст дода буд.”

Зулфия Нуралиева гуфт, дар муддати 3 соли фаъолияти онҳо беш аз 100 нафар барои пайдо кардани пайвандон муроҷиат кардаанд ва ин хадамот 13 нафари онҳоро ёфтааст. Ва аммо Зулфия Нуралиева бо нигаронӣ мегӯяд, ки ҳоло одамрабоӣ ба як тиҷорат табдил ёфтааст: «Ашхосе ёфт мешаванд, ки кӯдаконро бероҳа мекунанд. Ва ин ноболиғон ба ваъдаҳои гуногуни ин нафарон дода шуда, аз дунболашон мераванд. »

Бо ин ҳама кормандони мақомоти интизомии кишвар мегӯянд, як мушкили аслӣ дар ҷустуҷӯву пайдо кардани кӯдакони гумшуда, ин сари вақт муроҷиат накардани волидон ба ниҳодҳои дахлдор аст.

Ин хам дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорихои Тоҷикистон, афроди бенишоншуда то пайдо кардани далели марги онҳо, фавтида шумурда намешаванд. Ба ҷуз аз онҳое, ки дар вақти ҷанг ва офатҳои табиӣ нопадид гаштаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG