Пайвандҳои дастрасӣ

Фарзандони муҳоҷирон бо рӯҳияи зарбхӯрда ба воя мерасанд ва як таҳдид ба суботу созандагӣ маҳсуб мешаванд.

Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид, Юнисеф зимни пажӯҳиши масъала ба хулосае омадааст, ки фарзандони он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки солҳо дар муҳоҷират ба сар мебаранд, ба иллати дурӣ аз назорату тарбияи падар умдатан бадҷаҳлу хашмгин ва якраву гапнодаро бузург мешаванд. Чунин хислатҳо бештар дар миёни писарон ба мушоҳида расидааст. Аксари модарон ба пажӯҳишгарони Юнисеф гуфтаанд, тарбия ва бузург кардани бачаҳо дар танҳоӣ кори ниҳоят сангин аст.

Шарофат, ҳамсари як муҳоҷири корӣ аст, ки 15 сол боз чаҳор бачаи худро танҳо тарбия мекунад. Ӯ мегӯяд, шавҳараш соле як бор ба дидорбинии оилааш меояд ва дар тарбияи фарзандон ҳеҷ нақш надорад. Ба қавли Шарофат, бачаҳо аз амраш сарпечӣ мекунанд ва ҳар дархосташро зери суол мебартанд.

Ба гуфтаи Лайло Муширӣ, масъули Юнисеф дар Тоҷикистон, ҳарчанд муҳоҷирати корӣ то ҷое барои таъмини иҷтимоии кӯдакон мусбат аст, ҳиҷрати тӯлонии падарон ё модарон ба рӯҳу равони фарзандон таъсири амиқан манфӣ доштааст. Таҳқиқи вазъи 5000 нафар аз хонаводаҳои муҳоҷирон муайян кардааст, ки дар онҳо Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

аксаран фарзандони то15-сола, бештар духтарон, худро танҳову азёдрафта ва бепуштибон эҳсос мекунанд ва азият мекашанд. 33 дарсади хонаводаҳои пурсидашуда гуфтаанд, ки муҳоҷират ба рӯҳияи кӯдаконашон таъсири бад гузоштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз 80 дарсади волидони муҳоҷир бо хонавода ва фарзандони худ моҳе ду бор тамоси телефонӣ доштаанд

Ҷовид Ҷӯраев, ҷомеашиноси тоҷик ва нафаре, ки солҳои зиёд дар бахши ҳимояи ҳуқуқи кӯдак фаъолият кардааст, мегӯяд, дар ҷомеаи суннативу падарсолори тоҷик, ки падар нақши бориз дорад, набудани дасти мард кори модаронро сангин кардааст.

Назарсанҷии Юнисеф нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон аз ҳар хонаводае ҳадди аққал як ё ду нафар муҳоҷир шудаанд ва ба сурати умум фарзанди афроди муҳоҷир будан таҳқир нест. Аммо аксари кӯдакони мавриди пурсиш ба Юнисеф гуфтаанд, ки онҳо дар баъзе ҳолатҳо таҳқир мешаванд. Махсусан, агар падари кӯдак дар муҳоҷират дубора издивоҷ кунад ва оилаи худро аз ёд бубарад. Дар чунин ҳол бачаҳои дигар аз чунин кӯдакон “бепадар” ё “сағера” ном мебаранд.

Бояд гуфт, аз 200 000 кӯдак, ки дар бозори кори Тоҷикистон ба меҳнати сангин машғул ҳастанд, бахши умдаро фарзандони муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд. Дар хонаводаҳое, ки камбуди нерӯи мард эҳсос мешавад, аз нирӯи бачаҳо асосан дар кишоварзӣ, мисли ҷамъоварии пахта, парваришу ҷамъоварии картошка фаровон истифода мешавад.

Равоншиноси тоҷик Маҳмуд Кабирӣ бо ишора ба ин ҳама мушкилиҳое, ки домангири фарзандони муҳоҷирон аст, мегӯяд аз ҳоло бояд ҳатто бонги изтироб заду аз пайи дарёфти роҳи ҳал шуд. Ӯ саркашии кӯдакон аз ҳарфи бузургсолон ва сангдилии онҳоро вокуниш ба вазъияте меномад, ки дар оилаҳои муҳоҷирони корӣ ҳукмфармост. Ба гуфтаи ӯ, агар равони зарбхӯрдаи кӯдакон, ки аз хурдсолӣ муҳаббати волидонро надидаанд, табобат нашавад, онҳо наметавонанд узви созандаи ҷамъият бошанд. Гузашта аз ин, ин гурӯҳ метавонанд ба суботи ҷомеа таҳдид кунанд.

Муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба давлатҳои дигар, махсусан Русия аз охири солҳои 1990 шурӯъ шуда, дар солҳои баъдӣ ҳамагонӣ шуд. Ҳоло ҳудудан то 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ва кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ ба сар мебаранд. Фоидаи муҳоҷират беш аз 2 миллиард доллар дар сол ҳисоб шудааст. Аммо то ҳол ҳисоб накардаанд, ки хисороти маънавии он чӣ қадар хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG