Пайвандҳои дастрасӣ

Кормандони мақомоти милиса зимни як амалиёти шабона дар дискоклубҳои шаҳри Қӯрғонтеппа 40 ноболиғро боздошт кардаанд.

Генерал Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, гуфт, бо ин вуҷуд ки шумораи дискоклубу тафреҳгоҳҳои шабона дар Қӯрғонтеппа ва навоҳии атроф андак аст, назорати фаъолияти ин муассисаҳо заиф буда, чандин ҷиноят маҳз дар чунин ҷойҳо сар задааст:

«Дар ҷойҳои дилхушии шаҳри Қӯрғонтеппа шабонгаҳ 40 кӯдаку ноболиғ дастрас шуданд. Нисбат ба онҳо маводҳо таҳия шуда истодааст. Ҳамаашон сабти видеоӣ шудаанд. Ҳоло алайҳи падару модари ин кӯдакон дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чораҳои конкретӣ андешида мешаванд. Дар оянда низ тамоми саъй ва кӯшишамонро ба он равона мекунем, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва чунин тафреҳгоҳҳо одамони фавқулодда пайдо нашаванду аз ҷиноятҳои содирмешуда саривақт бохабар гардем ва ба ҷинояткориҳо дар чунин ҷойҳо роҳ надиҳем.»

Генерал Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон

Генерал Анвар Тағоймуродов, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон

Генерал Тағоймуродов афзуд, ҳанӯз оморе оид ба шумораи дақиқи дискоклуб ва марказҳои шабонаи дилхушӣ дар вилояти Хатлон вуҷуд надорад, аммо фаъолияти се дискоклуби шаҳри Қӯрғонтеппа, ки аз соати 9-и шаб то 4-и субҳ кор мекунанд, зери контрол гирифта шудааст.

Аммо Солеҳ, ҷавоне, ки аз мизоҷони доимии дискоклуби «Аспи сафед»-и Қӯрғонтеппа будааст, мегӯяд, шоми рӯзи гузашта кормандони милиса нафақат ноболиғон, балки ҳудуди 70 то 80 нафар наврасону ҷавонон, ҳатто донишҷӯёни донишгоҳҳоро ҳам боздошт намуданд.

«Студентҳое, ки дар хобгоҳҳо зиндагӣ мекунанд, духтаракони ҷавоне, баъзеяшон ноболиғ буданд, ҳамчунин ҷавонону наврасони бесоҳибу беманзилу ҷойро дастгир карданд. Воқеан, баъзан мешавад, ки дар дискоклуб менӯшанд, чанҷол мекунанд, гоҳе маводи ғайриқонуниро дастрас ва истеъмол мекунанд, ки ҳамааш ба кашмакашию хархашаҳо анҷом меёбад. Дар дискоклуб шоҳиди бисёр корҳои ғайриқонунӣ ҳам шудан мумкин», - мегӯяд Солеҳ.

Вай афзуд, «Аз тарафи дигар, маъмурони дискоклубҳо бо кадом роҳе аз замони гузаронидани амалиёти милисаҳо пешакӣ хабардор мешаванду мизоҷони доимиашонро зуд огоҳ мекунанд. Ба мизоҷони ноболиғ, духтаракони ҷавони «норасид» мегӯянд, ки ин шом ба ту иҷозат нест, ки ба клуб дароӣ, зеро имшаб милисаҳо рейд доранд…»

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои Солеҳ, бастани дари дискоклубҳо ҳуқуқи шаҳрвандонро ба истироҳат, ки Қонуни асосии кишвар кафолат додааст, маҳдуд мекунад.

Вале мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин нукта таъкид мекунанд, ки бар асоси моддаи 8-уми қонуни «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», рафтани наврасону ҷавонони то 20-сола ба дискоклубҳо манъ аст.

Аммо Дилбар Солиева, раиси созмони хатлонии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон

Аммо Дилбар Солиева, раиси созмони хатлонии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон

Аммо Дилбар Солиева, раиси созмони хатлонии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки на ҳама банди қонуни мазкур ба меъёрҳои ҷомеаи мардумсолорӣ мувофиқ аст: «Ҳар нафаре, ки ба синни 16 мерасад, аллакай болиғ аст, шаҳрванди комилҳуқуқи кишвар мешавад, шиноснома мегирад. Вақте ки шаҳрванд 18-сола мешавад, ҳуқуқи интихоб карду интихоб шудан, ҳатто ба вакили мардумӣ дар маҷлисҳои маҳаллӣ шудан ҳуқуқ пайдо мекунад. Ҷавонони 18-сола ҳуқуқи бунёди оиларо доранд. Аммо ин банди қонун, ки бояд падару модар «дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд”, поймолкунии ҳуқуқи шаҳрванд аст. Одам, ки 20-сола шуд, худро мустақил ҳисоб мекунад, бо дӯстонаш метавонад ба марказҳои дилхушӣ ё ҳар ҷойи дигар биравад. Агар ҷинояте содир кард, муҷозот шавад, агар не, пас чӣ тавр падару модар фарзанди 20-соларо аз иҷрои коре маҳдуд мекунад? Ин ҳам дар ҳоле, ки вобаста ба менталилети мо, 19-20-солаҳо шояд аллакай худашон соҳиби фарзанд шуда бошанд.”

Бо ин ҳама, ташдиди назорати кори дискоклубҳо аз сӯйи маъмурони милиса норозигии мудирияти бархе дискоклубҳоро ба бор овардааст. Ба иддаои онҳо, рейду амалиётҳои мақомоти интизомӣ боиси коҳиши шумораи мизоҷони дискоклубҳо шудааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки бархе аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз идеяи бастани дискоклубҳо, ё ҳадди ақал шадидтар шудани назорати кори чунин муассисаҳо пуштибонӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG