Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндагӣ аз нигоҳи як ҷавони мошиншӯй


Саймӯъмин, ҷавоне, ки зиндагии худу пайвандонашро бо пули мошиншӯӣ таъмин мекунад

Саймӯъмин, ҷавоне, ки зиндагии худу пайвандонашро бо пули мошиншӯӣ таъмин мекунад

Имрӯзҳо кӯдакону ҷавононеро дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе дидан мумкин аст, ки ба хотири таъмини зиндагӣ даст ба корҳои мухталиф мезананд.

Саймӯъмин, ҳам ҷавонест, ки аз як деҳаи дурдасти Тоҷикистон ба пойтахти кишвар омада мошиншӯиро барои худ пеша қарор додааст ва тӯли ҳашт сол инҷониб зиндагии худу модарашро пушти ин “касб”
Мехоҳам, он мушкилҳое, ки дар
давраи мактабхонӣ буданд, онҳоро бартараф созам. Дигар намехоҳам ба он рӯзҳо баргардам...
пеш мебарад.

Вай дар оилаашон танҳо фарзанд буда ва пас аз мубталои беморӣ шудани падару модараш ба ин пеша рӯ овардааст.

Саймӯъмин мегӯяд, дар ҳоли ҳозир бозори мошиншӯӣ хеле гарм аст ва ӯ танҳо ба қавли худаш мошинҳои «иномарка»-ро мешӯяду халос. Зеро ба гуфтаи ӯ, дар истгоҳе, ки мошиншӯӣ мекунад, мошинҳои давраи Шӯравӣ ба чашм намехӯранд ва аз ин ҳисоб метавон даромадро хуб кард. Зеро ба бовари ӯ, соҳибони “иномаркаҳо” одамони аксаран пулдоранд.





Бо вуҷуди мушкилиҳо Саймӯъмин бо пешаи мошиншӯӣ тавонистааст, мактаби миёнаро хонда ва омӯзишгоҳи ронандагиро низ ба охир расонад. Вай қарор аст ба зудӣ соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардад: “Ба ҷуз аз мошиншӯӣ ба толори тамрини бадан меравем. Рӯзҳои якшанбе истироҳат мекунем, дигар рӯзҳо аз соати шаш то ҳашт кор. Касби дигар ҳам дорам. Дар истгоҳи таъмири мошинҳо низ кор мекунам.”

Бо вуҷуди ҳузнангез будани сарнавишти мошиншӯии Саймӯъмин вай аз зиндагӣ дилсард нест ва ба ин андеша аст, ки замоне мерасад, то ҳаёти худро билкул тағйир бидиҳад. Ба гуфтаи Саймӯъмин, ӯ аз хурдӣ дар дил орзуи “устои мошин” шуданро мепарварид, ки ҳамакунун ин орзуяш тавассути мошиншӯиаш амалӣ мешавад.

Афзун бар ин, вай имсол ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон супорида нахустин имтиҳони қабулро низ супоридааст. Талоши ин ҷавони деҳотӣ он аст, ки то битавонад аз мошиншӯи одӣ ба мутахассиси варзида бирасад: “Мехоҳам, он мушкилҳое, ки дар давраи мактабхонӣ буданд, онҳоро бартараф созам. Дигар намехоҳам ба он рӯзҳо баргардам.”

Дар ҳоле ки бархе аз ҷавонон ба таҳсил ва доштани ҷойи кори муносиб майлу рағбате надоранд, Саймӯъмин метавонад намунае беҳтар барои дигарон бошад. Зеро маҳз дар натиҷаи меҳнати мушкил, аммо манфиатовар ва ҳамзамон бо тафаккури пешрафта мехоҳад то ояндаи худро бисозад.

Навиштаи Рустами Набот

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG