Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Ҷаҳонии Меҳнат барои матраҳ кардани истисмори кӯдакон дар Тоҷикистон сомонаи наверо роҳандозӣ кард.

Таҳлилагарон мегӯянд, ҷалби атфол ба меҳнат дар Тоҷикистон дар ҳоли табдил шудан ба як фарҳанги норавои ҷомеа аст ва дар сурати боло нарафтани сатҳи иқтисодии хонаводаҳо гумон аст, ин мушкил ҳалли худро ёбад. Аммо, мегӯянд коршиносон, роҳу шеваҳои мубориза бо ин раванд натиҷасоз буда наметавонанд, зеро манзараи умумӣ ва омори дақиқ дар даст нест.

Масъулони Созмони Ҷаҳонии Кор (СҶК) бар инанд, ки сомонаи нави онҳо “www.no-childlabour.tj” ҳамчун оинаи вазъи феълӣ ва манбаи иттилоии дасти аввал ба ҳалли ин мушкилро мусоадат хоҳад кард. Муҳайё Хосабекова, ҳамоҳангсози барномаи байнулмилалии ҷилавгирӣ аз меҳнати кӯдакон дар СҶК дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳамакнун бо ворид шудан ба сомонаи мазкур метавон бо натиаҳоҷи таҳқиқ ва омори дақиқе ошно шуд, ки вазъи масъаларо бозгӯ мекунанд.

Хонум Муҳайё афзуд, «дар ин авохир барои коҳиши меҳнати атфол корҳои хеле зиёд анҷом мешавад ва мо тасмим гирифтем ки ин ҳама маълумотро дар як сомона гирд оварем, то ин иттилоъ ба ҳамагон дастрас бошад.Дар масъалаи омор бошад, мо ҳамеша аз эҳтиёт кор мегирем. Ва ба арқоме такя мекунем, ки аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ва аз ҷумла кумитаи омори кишвар пешниҳод мешавад.»

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳам сӯистифода аз нерӯи кӯдакон мушкили умдаи Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, аммо то имрӯз мизони ҷалби кӯдакон ба кор дар кишвар дақиқ нест. Ҳанӯз ду соли пеш таҳқиқоти ЮНИСЕФ ё Бунёди атфоли СММ теъдоди чунин кӯдаконро дар кишвар ҳудуди 200 000 нафар гуфта буд. Бино ба ин пажӯҳиш, ба кори сангин асосан атфоли аз 5 то 14-сола ҷалб шуда, 60 дарсади онҳо дар риштаи кишоварзӣ заҳмат мекашанд. Дар ин росто мошиншӯӣ, ҳаммолӣ ва халтафурӯшӣ дар бозор аз дигар пешаҳои ҷалби кӯдакон ба кори ҷисмонӣ унвон мешаванд.

Бар пояи баҳогузориҳои мухталиф 70 дарсади кӯдакони коргарро писарон ва 30 дарсадро духтарон ташкил медиҳанд. Ин кӯдакон асосан дар шаҳрҳо, дар ҷое ки имконияти бештари ёфтани кор ва дар айни замон эҳтимолияти баланди дучор шудан ба истисмор вуҷуд дорад, ҷамъ шудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қонунгузории Тоҷикистон расман ба меҳнати барвақтӣ ҷалб кардани кӯдаконро манъ кардааст.

Ҷалолиддин Амиров, як маъули Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ҳатто ду сол пеш президенти кишвар бо судури як фармон ба корҳои саҳроӣ ҷалб намудани донишомӯзонро манъ карда буд. Вай афзуд, «дигар ин ки истифодаи атфол дар тамоми намудҳои меҳнате, ки ба саломатӣ зарар меоранд, дар Тоҷикистон қатъиян манъ гардидаанд. Вазифаи кӯдак дар мадди аввал таҳсил кардан аст ва моддаи 41- Сарқонуни кишвар низ ба таҳсили ҳатмӣ фаро гирифтани насли наврасро тақозо мекунад. Аммо бо вуҷуди ин ҳукумати кишвар монеъ намешавад, ки кӯдакон ба меҳнати сабук дар давраи берун аз дарс ҷалб шаванд. Зеро дар кишварҳои дигар ҳам барои кӯдакон дар як рӯз то ду соат кор кардан иҷозат дода шудааст.»

Дар ҳамин ҳол ҷомеашиносон сӯистифода аз нерӯи кӯдакро қабл аз ҳама ба фақр, муҳоҷирати корӣ ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии хонаводаҳо дар Тоҷикистон марбут медонанд ва мегӯянд, аксаран кӯдакон барои кӯмак ба хонаводаҳо маҷбуранд ба меҳнати сангин машғул шаванд. Ин дар ҳолест, ки тибқи омор, 63 дарсади атфоли коргар ба оилаҳое мансубанд, ки 6 ва зиёда аъзо доранд ва дар таъмини рӯзгори хонавода мушкилӣ мекашанд. Дар баробари ин гуфта мешавад, 50 дар сади кӯдакони машғули кор дар кӯча, аз оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.

Фарҳод, як мусоҳиби ҷавони мо, ки аз 7-солагӣ ба муздурӣ машғул будааст, мегӯяд, 20 сол инҷониб падараш дар муҳоҷирати меҳнатист ва то ин дам боре ҳам маблағе нафиристодааст. Аз ин рӯ, мефзояд Фарҳод, аз замоне ки худро ёд дорад, дар кӯча ба корҳои сиёҳ машғул будаааст, то бори зиндагии модарро сабук ва ду бародари дигари худро саробонӣ кунад.

Ба гуфтаи Дилором Раҳматова, коршиноси тоҷик солҳои охир талаботи насли наврас низ тағйир хӯрдаву бино бар маҳдуд будани имкониятҳои молии волидайн барои қонеъ кардани хостаҳои худ ба ҳар навъ корҳои сиёҳ машғул мешаванд. Хонум Дилором дар ин бора мегӯяд, «имрӯз талаботи насли навин ва нигоҳи онҳо ба зиндагӣ дигар шудааст. Онҳо аллакай бо як даромади хурди оилаи худ қаноат кардан намехоҳанд. Ва онҳо талош ба он мекунанд, ки барои худ маблағ пайдо кунанд, то ин ки хостаҳо ва орзуҳояшонро бароварда созанд.»

Бо ин ҳама, намояндагии Созмони Ҷаҳонии Кор дар Душанбе қасд дорад, аз моҳи оянда дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон барои омӯзиши вазъи кори кӯдак дар Точикистон таҳқиқоти умумимилиро баргузор кунад. Гуфта мешавад, ин нахустин чунин пажӯҳиш дар 20 соли охир буда, барои муайян кардани шумораи дақиқи атфоли коргар ва сатҳи истифода аз неруи кори кӯдакон манбаи дақиқ хоҳад буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG