Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирӯза мехоҳад дар клипсозӣ "инқилоб" кунад


Фирӯза Ҳафизова
Фирӯза Ҳафизова

Фирӯза Ҳафизова, овозхони ҷавони тоҷик, клипи нави худро дар формати 3D пешниҳоди дӯстдорони оҳангҳои поп мекунад.

Рӯи навор омадани ин видеоклип дар чунин формат барои Тоҷикистон таҷрибаи нахустин аст ва дар сабти он гурӯҳи ҳирфаии наворбардорон ва кормандони фаннӣ аз Украина ҷалб гардидаанд.

Фирӯза Ҳафизова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, наворбардории клипи мазкур, ки дар шаҳри Тошканд сурат гирифт, як ҳафта тӯл кашида, таҳриру тарроҳии графикии он 5 моҳи дигар идома ёфтааст. Ӯ афзуд, "ҳангоме барои сабти клип ба Тошканд рафтам, дар он ҷо тасодуфан бо клипсозони укроинӣ ҳамсӯҳбат шудам. Онҳо пешниҳод карданд, ки клипи маро дар формати 3D сабт намоянд. Ман ҳам гуфтам, ки чаро не. Чун дар Тоҷикистон ин таҷрибаи нав аст. Ба ростӣ, бароям сабти ин клип ҳамчунон осон буд, ки на клипмейкерҳо (клипсозон) бо ман азоб кашиданд, на ман бо онҳо."

Беҳрӯз Зеваров
Беҳрӯз Зеваров
Таронаи Фирӯза, ки дар шакли 3D сабт шудааст, "Мач", яъне бӯса ном дорад ва таронаи нави ин овозхон аст.

Беҳрӯз Зеваров, продюссери Фирӯза Ҳафизова, дар чунин шакл наворбардории таронаро "ҷаҳиши намоён" донист. Вай дар сӯҳбат бо мо гуфт, ин клип алакай мухлисони худро пайдо карда ва дар муддати ду ҳафта ин наворро дар Youtube 13 ҳазор нафар дидаанд.

Ӯ афзуд, "дар шакли 3D ин клипро аз ҳамин рӯз мешавад тариқи торнамои Topvideo тамошо кард. Ҳамчунин, барои хоҳишмандон дар хонасинамои 5D, воқеъ дар пойтахти кишвар, клипи мазкур намоиш дода мешавад Барои телевизион бошад, ин оҳангро мо дар формати 2D пешниҳод месозем."

Ин ҳамсӯҳбати мо илова кард, клипсозӣ дар шакли 3D чандон гарон набуда, овозхонони тоҷик имкон доранд, бо кӯмаки мутахассисони хориҷӣ навори таронаҳои худро дар шакли наву муосир пешниҳоди ҳаводорон намоянд. Дар ҳоли ҳозир Фирӯза Ҳафизова аз ягона сарояндаи тоҷик аст, ки дар ҳамин формат (шакл) таронаи худро ба навори видео гирифтааст.

Фирӯза Ҳафизова ҳанӯз чаҳор соли пеш рӯи саҳнаи попи тоҷик омад ва то кунун 3 албоми таронаҳояшро ба бозор бароварда, аз маҳбубияти хос низ бархӯрдор аст.

XS
SM
MD
LG