Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин меҳмони «Ситораборон»: ФИРӮЗА ҲАФИЗОВА


Соли 1984 дар шаҳри Қурғонтеппа дар оилаи санъаткорон ба дунё омадааст. Таҳсили миёнаро дар мактаби рақами 12-и шаҳри Қурғонтеппа ва мактаб-интернати ноҳияи Вахш гирифтааст. Соли 2000 ба Душанбе меояд ва ба дастаи рақсии «Ҷаҳоноро» шомил мешавад. Аз соли 2005 то 2007 дар «Сипар», дастаи ҳунарии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, кор кардааст. Аз 2008 дар саҳнаи мусиқии поп ҳунарнамоӣ мекунад. Албоми ягона ва аввалинаш «Шоҳзодаи ман» ном дорад, ки ба духтари ягонааш Шаҳзода бахшида шудааст.

Фирӯза Ҳафизова
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:52 0:00
Линки мустақим




Дар як гӯшаяки деҳаи Афғонони ноҳияи Рӯдакӣ, шафати шаҳри Душанбе, сохтмоне оғоз ёфтааст, ки бинои орзуҳои Фирӯза Ҳафизова, ситораи мусиқии попи тоҷик хоҳад буд. Дар орзуву тарҳҳои Фирӯза ин як бинои сеошёна аст, ки қабати саввум маҳз барои тамрину нишастҳои овозхонон пешбинӣ. Дар ин хона ӯву духтари 7 – солааш Шаҳзода хоҳанд зист.

Фирӯза ду маротиба ба шавҳар баромада, ноком шудааст, аммо ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки марди зиндагиаш пайдо хоҳад шуд. Вай мегӯяд, дар ҳоли ҳозир занест, ки нақши мардро мебозад. Ҳоло Фирӯза дар як утоқи иҷора дар маркази шаҳр ба сар мебарад. Ин як утоқи якҳуҷрагии содда аст, ки ба қавли Фирӯза, барои зиндагиву эҷодаш кофист.

Фирӯза Ҳафизова бо як албоми «Шоҳзодаи ман» дар саҳна ҷой ва дар ҷомеа мухлисони сершумори худро пайдо кард. Қабл аз ин, ӯ дар дастаи рақсии «Ҷаҳоноро» - и Вазорати фарҳанг ва дастаи ҳунарии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохила раққоса буд. Тайи ду соли ахир ӯ тарки рақс кард ва ба овозхонӣ рӯй овард.

Аввалин суруди Фирӯза «Бачаи фархорӣ» унвон дошт, аммо ба ӯ хондании «Зиндагиам ба танҳоӣ гузашту мегузарад» муваффақияти бештар овардааст. Манбаъи даромади Фирӯза ба монанди аксари овозхонони Тоҷикистон ҳамоно суру арӯсиҳост.
XS
SM
MD
LG