Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи бастаи баъзе овозхонҳо ба консертҳои расмӣ


Шабнами Сурайё дар Наврӯзи соли 2011 тарона иҷро кард, вале онро аз телевизион намоиш надоданд...

Шабнами Сурайё дар Наврӯзи соли 2011 тарона иҷро кард, вале онро аз телевизион намоиш надоданд...

Мухлисону коршиносони шоубизнес ё саргармӣ мегӯянд, саҳнаи ҳунар барои бахше аз овозхонҳо танг шудааст.

Мухлисону коршиносони шоубизнес ё саргармӣ мегӯянд, ин соҳа дар чанд соли ахир ситораи бузургеро ба саҳна наовардааст ва гузашта аз ин саҳнаи ҳунар барои бахше аз ситораҳои таҷрибадори он танг
Шабнам, Садриддин, Баҳром ва Манижаро роҳ намедиҳанд. Фақат киро мемонанд? Парда Қосиму Нозияи Кароматуллову дигару дигарҳоро.
Он чизеро намегузоранд, ки мардум
ҳам гӯш кунад, ҳаловат барад...

шудааст.

Акнун ҳунармандоне мисли Далер Назаров, Сироҷиддин Фозилов, Шабнами Сурайё, Манижа Давлатова, Садриддини Наҷмиддин, Баҳроми Ғаффур, ки дар байни мардум, бахусус ҷавонон мухлисони бешумор доранд, дар ин саҳна кам зуҳур мекунанд.

Таври маълум ҳатто барои як сол аз мадди назар дур шудани ситора кофист, ки ӯ маҳбубияти қаблии худро аз даст бидиҳад ва барои бозгашти дубора ба саҳна бояд садҳои сангинро убур кунад. Акнун муваффақияти аз ҳама чашмгири ҳар овозхон дар Тоҷикистон даъват шудан ба консертҳои давлатӣ аст, яъне ҳунарнамоӣ дар ҳузури меҳмонҳои хориҷӣ ва мақомоти баландпоя.





Далер Назаров
Консертҳои расмӣ бо ҳузури раисиҷумҳури Тоҷикистон асосан бо ширкати гурӯҳи хоси овозхонон баргузор мешаванд. Дар ин барномаҳо, ки ба таҷлили санаҳои таърихӣ ва маросимҳои расмӣ бахшида мешаванд, асосан овозхонҳои мавриди таваҷҷӯҳи дастандаркорон ва ба қавли бархе манобеъ, маҳбуби шахси раисҷумҳури Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунанд. Азбаски ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон зуд-зуд баргузор мешаванд, ҳузури овозхонҳои маҳбуби мақомот низ дар саҳна зуд-зуд ба назар мерасанд.

Некрӯз, як сокини Душанбе мегӯяд, аслан овозхононе дар ин барномаҳо дучор меоянд, ки дар барномаҳои гузашта ҳам буданд ва онҳоеро, ки мардум, бахусус ҷавонон мехоҳанд шунаванд, ба ин консертҳо роҳ намедиҳанд: "Масалан, Шабнам, Садриддин, Баҳром, Манижаро роҳ намедиҳанд. Фақат киро мемонанд? Парда Қосиму Нозияи Кароматуллову дигару дигарҳоро. Он чизеро намегузоранд, ки мардум ҳам гӯш кунад, ҳаловат барад ба хости дили худ. Хулоса, ҳамин тавр мекунанд, ки овозхонони ба дили ҳукуматиҳо наздикро мемонанд. Ин якрангӣ дар бади ҳама задааст. Намехоҳанд фақат як гурӯҳро тамошо кунанд."

Нозияи Кароматулло
Аз ҷумлаи овозхонҳои равияҳои муосир бештар Бахтиёр Иброҳимов, Ален, Жанна Шаинян, Дилором Қурбонова, Таҳмина Ниёзова, Нозия ва Муҳаммадрофеи Кароматулло, Дилноза Каримова, Тобиш ва аз ҷумлаи овозхонони равияҳои анъанавӣ Парда Қосим, Давлатманд Холов, Саидқули Билол ва Давлат Назрӣ дар барномаҳои расмӣ зоҳир мешаванд, ки ба қавли Некрӯз, овозхонони хубу машҳур ҳастанд, аммо ҳамеша такрор шудани онҳо дар телевизиону саҳнаҳо дилгиркунанда аст.

Як овозхони маъруф, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар ин барномаҳо таронаҳои ӯро низ борҳо интихоб кардаанд. Аммо баъдан гуфтанд, ки “ҷой нест, дафъаи дигар мехонӣ”. Аммо Зафари Абдуҳалим, як овозхони ҷавони тоҷик, ки дар нишастҳои расмӣ ҳунарнамоӣ мекунад, мегӯяд, интихоб дар ҳамчунин барномаҳо вуҷуд дорад ва оне қабул мешавад, ки дарвоқеъ ҳирфаӣ аст: "Он ҷо пеш аз ҳама тарона бояд пешниҳод шавад. Боз онро бояд "зинда" иҷро кард. Бояд худатро нишон дода тавонӣ. Бояд як таронае хонӣ, ки касро ба ҳайрат орад. Ба ҳайрат, ки овард онҳо минбаъд низ инро ба назар мегиранд, қабул мекунанд."

Қудратулло Яҳёев, ки созмондиҳандаи асосии консертҳои расмӣ маҳсуб мешавад, низ суханони фавқуззикрро таъйид кард. Вай афзуд,
консертҳои расмӣ ҷойи таронаҳои ҳирфаӣ ва овозхонони касбӣ аст. Вай афзуд: "Имрӯз мо барои истиқболи сарварони кишварҳои ИДМ, Афғонистону Покистон ва раисиҷумҳури Русия омодагӣ мебинем. Бо чанд забон бояд барномаҳо омода шаванд. Ба забонҳои англисӣ, русӣ, узбакиву тоҷикиву қирғизиву қазоқӣ барнома тайёр мекунем. Намешавад, ки бо афроди ноогоҳ ин ҳамаро омода кард."

Аммо коршиносон мегӯянд, овозхонҳои мавриди назари масъулин низ он гуна нестанд, ки тасвир мекунанд. Ба қавли онҳо, аслан сухан сари бюрократия ва якдаста шудани шоу-бизнес аст, ки барои мусиқии тоҷик хатари бузург дорад.

Диловари Мизроб, продюссери мусиқӣ мегӯяд, роҳ ёфтан ба корсертҳои расмӣ ҳамеша барояш мушкил будааст ва ин як равандест, ки бештар суол дорад, ки посух: "Боре аз масъулин пурсидам, ки
Садриддини Наҷмиддин
чаро фақат ба як гурӯҳи хос роҳи ин саҳна боз аст, барои дигарон не. Ба худ мегуфтам, ки шояд онҳо аъзои дастаҳои давлатӣ ҳастанд, аммо медидам, ки бархе умуман шомили ягон гурӯҳ нестанд, аммо баромад мекунанд. Пас, боре коргардонҳо гуфтанд, ки барои онҳо як рӯйхат аз боло, барои онҳо ҳам номаълум пешниҳод мешавад."

Диловар дар гузашта продюсери Фарзонаи Хуршед, овозхони тоҷик буд, ки ахиран аз зиндон раҳо шуд. Вай мегӯяд, бо машаққати зиёд роҳи саҳнаи бузургро бо Фарзона пайдо карда, як қатор созишномаҳо бо ширкатҳои хориҷӣ ҳам баста буданд, аммо пас аз боздошти ӯ нақшаҳо ҳама барбод рафтаанд.

Ҳоло Диловар продюсери Фирӯза Ҳафизова ва Меҳринигори Рустам аст. Вай мегӯяд, бо он вуҷуд ки онҳо овозхонони соҳибистеъдод ҳастанд, идомаи роҳи ҳамвори онҳо ба сӯи шӯҳрат аз он шароите вобаста хоҳад буд, ки қавонини нонавиштаи Тоҷикистон пешбинӣ мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG