Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз соли 1999 ба ин ҷониб ҳамасола рӯзи 12-уми май ба унвони рӯзи "Шашмақом" дар Тоҷикистон таҷлил мешавад.

Гуфта мешавад, ин иқдом ба манзури ҳифзи суннати овозхонии классикии тоҷикӣ ва тақвияти мактабу ҳунари мақомхонӣ амалӣ мешавад. "Шашмақом", мусиқии анъанавии мардуми тоҷик, таърихи қадима ва ғанӣ дорад ва аз мақомҳои Бузург, Рост, Наво, Дугоҳ, Сегоҳ ва Ироқ иборат аст. Соли 1949 ба ибтикори қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ансамбли шашмақомхонон рӯи кор омадааст.

Оҳангҳо ва сурудҳои "Шашамақом"-ро устодону донишмандони ин ҳунари асили тоҷикӣ Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов ба риштаи адвор ё нота кашида, ба ин шоҳасар умри дубора бахшидаанд.

Дар мусиқии "Шашмақом"-и асри гузаштаву имрӯз устодони мақом Нериё Аминов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзӣ, Қумрӣ Қодирова, Музаффар Муҳиддинов, Мастона Эргашева, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон саҳми бузург доранд.

Аз соли 2000-ум дастаи шашмақомсароёни Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон мақоми давлатӣ касб кард. Дар як сӯҳбате аз овозхони шинохтаи тоҷик Фурқати Сайид, ки инак, панҷ сол боз роҳбарии ин дастаи ҳунариро бар ӯҳда дорад, пурсидем, дар ҳоли ҳозир нақш ва мақоми "Шашмақом" чӣ гуна аст ва оё шунавандаҳои он кам шудаанд, ҷавонон ба он майлу рағбат нишон медиҳанд?

Фурқати Саид

Фурқати Саид

Фурқати Саид: "Аз соли 2000-ум таҳти рақами 204 фармони раисиҷумҳур дар бораи ба ансамбли "Шашмақом"-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов додани мақоми давлатӣ ва дар ноҳияҳову вилоятҳои кишвар ташкил намудани дастаҳои ҳунарии шашмақомсароён содир шуд. Фикр мекунам, ин фармон таърихӣ ва саривақтӣ буд. Зеро пеш аз ин ва ҳатто дар даврони Шӯравӣ низ ба ин мусиқии классикӣ таваҷҷӯҳ камтар зоҳир мешуд. Дар муассиса ва мактабҳои ҳунарӣ низ мусиқии аврупоӣ бештар омӯзонида мешуд. Мутахассисон, устодони мақомшиносу мақомдон ҳам наметавонистанд ин ҳунари афсонавиро ба шогирдон таълим бидиҳанд. Чун дар барномаи таълимӣ барои мусиқии суннатӣ соати камтар ихтисос дода шуда буд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, баъди ба тасвиб расидани ин амр дасти ҳунармандону донишмандони соҳа боз гардид. Дар ин даҳ соли гузашта корҳои шоистаеро барои ҳифзу густариш ва таблиғи ин "Шоҳнома"-и мусиқии халқи тоҷик ба анҷом расонида тавонистанд. Китоб ва дастуроти зиёд мунташир шуд, ки дар макотиби ҳунарӣ, аз ҷумла Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи ҳунарҳои зебо мавриди истифодаи донишҷӯён қарор гирифтааст. Чандин оҳангу матнҳои ин ҳунари миллӣ дубора эҳё шуданд ва ҳоло талоши мо бар ин аст, ки он боз ҳам рангу бӯи тоза ва ҷилои тобоне дошта бошад."



Радиои Озодӣ: Вале гуфта мешавад, шунавандаи "Шашмақом" кам мешавад ва гӯиё он дигар "аз мӯд" баромадааст...

Фурқати Саид: "Мусиқӣ ва бахусус мусиқии орифона, ирфонӣ ба завқу табъи шунаванда вобастагии зиёд дорад. Мо шунавандаро наметавонем аз рӯи синну солаш ҷудо бикунем, ки ин гурӯҳ мехоҳад мусиқии суннатӣ бишнавад ва он гурӯҳ мусиқии барои мисол имрӯза. Аз тарафи дигар ҷалби таваҷҷӯҳи шунаванда ба худи овозхон ҳам вобаста аст. Баъдан ба хотири шунаванда шуда мо наметавонем сатҳу мақоми ин ҳунари асилро пойин бубарем. Мо амалан кори устодону хунёгарони пешинаро идома медиҳем. "Шашмақом" ҳамеша шунаванда ва мухлиси худро дошт ва имрӯз ҳам дорад. Шумора муҳим нест. Муҳим он аст, ки онро киҳо ва чи тавр гӯш карда ва чӣ лаззати рӯҳӣ бармедоранд. Аммо ҳар як тоҷик метавонад ва бояд ифтихор дошта бошад, ки "Шашмақом" зода ва парвардаи фарҳанги беш аз ҳазорсолаи тоҷикон аст ва аввалин шуда онро тоҷикон эҷод кардаанд. Ниёкони тоҷикон барои ҳифзу густариши он ва то ба имрӯз ба дасти мо расидан сахт заҳматҳо кашидаанд, аз сина ба сина ва аз қалб ба қалб онро дастраси мо кардаанд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло аз шумори ҷавонон хоҳишмандон барои кор дар ҳайати дастаи шумо кам аст ё зиёд?

Фурқати Саид: "Ёд дорам замони донишҷӯӣ дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи устод Турсунзода дар ҳайати дастаи ҳунарии "Шашмақом" умдатан сарояндаҳои солманд фаъолият мекарданд. Аммо имрӯз ҳам мутрибон ва ҳам овозхонони ин дастаи давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳоло дар муассисаҳои омӯзиши санъат аз ҷумла Консерваторияи миллӣ ва Донишкадаи ҳунарҳои зебо мақомсароӣ ба таври васеъ таълим дода мешавад ва ҷавонони завқманд ба он хеле зиёданд. Дар толорҳо ҳам, ки мо консертҳои вижаи мақомсароӣ ташкил мекунем, шумораи ҷавонҳои бинанда бамаротиб бештар аст. Ман мутмаинам, ки ин мусиқии ноб дар ҷомеа ба як мақоми муносиби худ даст хоҳад ёфт, танҳо таблиғи онро дуруст мебояд роҳандозӣ кард."

Радиои Озодӣ: Овозхонҳо барои баргузории маъракаҳои мардум даъват мешаванд. Оё аз аъзои дастаи шумо ҳам барои тӯю хурсандиҳо даъват мешаванд?

Фурқати Саид: "Бале, ҳунармандони дастаи мо ҳам дар тӯю сури мардум ва бахусус "оши наҳор"-ҳо даъват ва мардум аз хидмати онҳо баҳравар мешаванд. Албатта, боз онҳое, ки ба ин навъи мусиқӣ алоқаи бештар доранд, низ маъракаҳои худро бо иштироки овозхонҳои мо мегузаронанд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло вазъи ансамбли давлатии "Шашмақом" чӣ гуна аст. Бо онки мақоми давлатӣ гирифт, пуштибони бештар мебинад?

Фурқати Саид: "Бале, ман бо ифтихор гуфта метавонам, шароити корие, ки барои даста фароҳам шудааст, хуб аст. Он чизҳоеро, ки барои мо, барои фаъолияти мо зарур буд, дастрас шудааст. Мо таъмин ҳастем. Ҳоло бояд танҳо эҷод кард, ба эҷод бояд машғул шуд. Вале, албатта, чун кор, ки ҳаст камбудиҳо низ ҷо надошта наметавонад. Албатта, хуб мебуд, дар ҳар як барнома даста бо либосҳои тоза ба тоза рӯи саҳна меомад. Зеро агар мо масалан бо либоси соли гузашта ба саҳна оем, тамошобин гумон мекунад, ки ин барнома (намоиш) кӯҳна аст. Мо ба либос ниёз дорем. Баъзе аз созҳои мусиқии хос барои мақомсароӣ ҳоло ба тармим зарурат доранд. Маоши кормандони мо ҳам то андозае боло рафтааст. Вале ҳар як ҳунарманди узви даста боз дар ду-се ҷойи дигар кор мекунад. Умдатан дар муассисаҳои таълимӣ ба шогирдон сабақ медиҳанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG