Пайвандҳои дастрасӣ

Озодии матбуот дар даҳ соли охир маҳдуд шуда, аз ҳар 6 нафар, як нафар дар ҷаҳон аз он баҳраманд аст.

Созмони байнулмилалии Freedom House ё "Хонаи Озодӣ", ки дар Амрико қароргоҳ дорад, дар гузориши солонаи худ гуфтааст, ки аз лиҳози вазъи озодии матбуот Тоҷикистон дар соли гузашта ду зина поён рафта, аз ҷойи 174-ум ба мақоми 172 фуромад.

"Хонаи Озодӣ" гуфтааст, бо вуҷуди онки Қонуни Асосии Тоҷикистон озодии сухан ва матбуотро кафолат додааст, аммо мақомоти расмӣ хабарнигоронро метарсонанд ва ба онҳо таҳдид мекунанд. Бо баҳонаи таҳдиду бӯҳтон рӯзномаҳоеро, ки ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунанд ба додгоҳ мекашанд ва ҳукумат аксари нашрияву нашриёт ва таъсисоти пахши телевизиону радиоҳоро дар ихтиёр дорад.

Раҳбари Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, арзишёбаии созмони байнулмилалии "Хонаи Озодӣ" воқеият дорад. "Соли гузашта нисбати расонаҳои Тоҷикистон чанд қазияи додгоҳӣ мавҷуд буд. Хушбахтона, дар поёни сол, аз 11 қазияи додгоҳии зидди расонаҳо 9 қазия ҳаллу фасл шуд ва бештар ба манфиати рӯзноманигорон ва васоити ахбори ом. Вале аз он ҷо ки соли гузашта ду парвандаи пурсару садо ба миён омад, яке зидди Муҳаммадюсуф Исмоилов ва дигаре Урунбой Усмонов ва суд онҳоро маҳкум карду сипас афв шуданд, вале азбаски иттиҳоми зидди онҳо исбот нашуд, созмонҳои байнулмилалӣ онҳоро фишор ба матбуот мешуморанд."



Дар бораи озодии матбуоти чопиву радиову телевизион ва Интернет дар 197 кишвар бо назардошти меъёрҳои қонунӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ "Хонаи Озодӣ" бар ин аст, ки теъдоди мардуми баҳраманд аз матбуоти озод, дар ҷаҳон андаке коҳиш ёфта, ба 14,5 дарсад расидааст, ки пасттарин нишондод аз соли 1996 аст. "Хонаи Озодӣ" дар ҳамин сол ба арзёбии баҳрамандии мардуми ҷаҳон аз озодии матбуот дар ҷаҳон шурӯъ карда буд.

Кристофер Волкар

Кристофер Волкар

Бо вуҷуди таназзули давомдор, ба гуфтаи муаллифони гузориш, "Баҳори Араб" дар соли гузашта барои матбуот низ “суди дарозмуддат” овард. Кристофер Волкар, муовини раиси созмони “Хонаи Озодӣ” гуфт, Либия ва Тунис ва Миср то ҳадде дар роҳи озодии матбуот “қадамҳои бузурге” гузоштанд, аммо дар кишварҳои дигари минтақа тамоюли баръакс дида шуд: “Дар се кишвари минтақа мо шоҳиди пешрафт шудем, ки дар дутои онҳо Тунис ва Либия ҳаракатҳои таърихӣ ба самти шаффофият дида шуд. Дар айни ҳол дар чанде аз кишварҳои минтақа, ки муҳити бисёр сахте барои фаъолияти матбуот доштанд, саркӯбии бераҳмонаи матбуот дида шуд. Аз ҷумла дар Эрон, Сурия ва Баҳрайн.”

Дар гузориш омадааст, ин гуна тамоюл инъикоскунандаи тарси режимҳо ва вокуниши хушунтабори онҳо ба қиёмҳои мардумист. "Хонаи Озодӣ", дар феҳрасти худ Эронро аз назари озодии матбуот, дар миёни бадтарин аз бадтаринҳо ҷой додааст. Ҷумҳурии Белорус, Куриёи Шимолӣ ва Узбакистон низ чунин баҳо гирифтаанд, зеро ба гуфтаи Хонаи Озодӣ, дар ин кишварҳо, “матбуоти мустақил комилан вуҷуд надорад, ё ба сахтӣ фаъолият мекунад, матбуот сухангӯи режимҳост, дастрасӣ ба иттилооти дуруст комилан маҳдуд аст, дигарандешонро бо зиндону шиканҷа ва ё дигар навъҳои табъиз нобуд мекунанд.”

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои дигари шӯравии собиқ низ дар ин гузориш баҳои баде гирифтаанд, аз ҷумла Тоҷикистону Арманистону Озарбойҷон. Матбуоти Қазоқистону Қирғизистон ва Русияро низ "Хонаи Озодӣ" кишварҳои “ноозод” хондааст.

Созмони "Хонаи Озодӣ" танҳо матбуоти Украинаро “қисман озод” номида, вале онро танҳо як зина болотар аз кишварҳои ноозод қарор додааст. Аз назари озодии матбуот Русия бо Зимбабве дар як зина аст. Кишвари дигари шӯравии собиқ, Гурҷистон таҳсин шунида ва дар сафи кишварҳое қарор гирифтааст, ки матбуоташ “қисман озод” аст. Амрико дар ин феҳраст дар зинаи 22-ум аст ва мардуми Финландия, Норвегия ва Шветсия аз озодтарин матбуот дар ҷаҳон баҳраманд будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG