Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони Хонаи Озодӣ ва ё Freedom House фазои ҳоким дар паҳнои шӯравии пешинро чун вазъи бӯҳронии ҷаҳони араб осебпазир медонад.

Раиси пажӯҳишгоҳи Freedom House Кристофер Волкар дар сӯҳбати вижа бо хабарнигори Радиои Озодӣ Никола Крастев гуфтааст, ки рушди ниҳодҳои демократӣ дар Молдова ва Гурҷистон ба чашм мехӯрад. Дар айни замон Волкар бар пояи як пажӯҳиши соли 20101-ум гуфтааст, агар ҷамоҳири назди баҳри Балтикро истисно намоем, 80 дар сади аҳолии кишварҳои собиқ Шӯравӣ зери ҳукми низомҳои худкома ба сар мебаранд.

Раиси пажӯҳишгоҳи Freedom House Кристофер Волкар мегӯяд, соли равон ин муассиса вазъи 29 кишвари собиқ Шӯравиро ба баррасӣ гирифта, ба хулосае омадааст, ки дар кишварҳои минтақа таназзули масъулияти ниҳодҳои демократӣ эҳсос мешавад ва раҳбарони худкома бидуни кадом тағйире дар сари қудрат боқӣ мемонанду ҳеҷ ислоҳоте низ мадди назар надоранд. Ба қавли Волкар ин ҳамон вазъест, ки дар як идда кишварҳои Африқои Шимоливу Ховари Миёна дар арафаи инқилоби кишварҳои арабӣ ва ё ба истилоҳ баҳори арабӣ ҷой дошт.

Волкар меафзояд: “Мо бар пояи индекс ё худ шохисҳои демократӣ вазъи кишварҳои худкомаи собиқ Шӯравиро таҳқиқ намуда, дарёфтем, ки дар ин кишварҳо ислоҳоте татбиқ намешавад ва нишондиҳандаҳои демократии онҳо ба кишварҳои арабии мувоҷеҳ ба инқилоб шабоҳат доранд. Наметавон гуфт, ки кишварҳову ҷомеаи онҳо комилан шабеҳи ҳамдигаранд, вале вақте шумо мебинед, ки дар ин кишвар тағйири осоиштаи қудрат дар байни нерӯҳои сиёсӣ имкон надорад, ҳамчунон садои нерӯҳои муътадили сиёсӣ шунида намешавад ва бар илова фасод рушд намудаву ҳокимияти қонун сарфи назар мешавад, шабоҳатҳои низомҳо возеҳ мегарданд”.

Волкар ибрози нигаронӣ мекунад, ки вақте нерӯҳои муътадили сиёсӣ аз саҳнаи сиёсӣ канор партофта мешаванд, ҷои онҳоро нерӯҳои экстремистӣ ишғол мекунанд.

Ба ақидаи раиси пажӯҳишгоҳи Freedom House кишварҳои собиқ Шӯравии дорои захираҳои бузурги маводи сӯхт, ба монанди Русия аз истихроҷи нафту гази табиӣ мафоди бузурге ба оварда, зиёд дар фикри рушди соҳаҳои дигари хоҷагиҳояшон нестанд.

Аммо дар кишварҳои арабӣ инқилобҳо аз он сабаб сар задаанд, ки мардум аз ҳукми тӯлонии раҳбарони солхӯрдаи муттаҳам бо фасод ба дод омада буд. Дар мамолики собиқ Шӯравӣ бошад, аксаран раҳбарон ҷавонанд.

Дар ин бора Волкар мегӯяд: “Вақте раҳбарони худкомаи кишварҳои собиқ Шӯравиро таҳқиқ мекунед, мебинед, ки аз миёни нӯҳ раҳбар синни фақат ду нафар аз 70-сола боло аст: Президенти Узбакистон Ислом Каримов ва президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев. Дигарон ҳама ҷавон ҳастанд: раҳбари Озарбойҷон Илҳом Алиев 49-сола аст. Раҳбари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвазири Русия Владимир Путин 58–сола мебошанд. Президенти Русия Дмитрий Медведев аслан 45 сола аст. Агар мо амалкардҳои гузаштаи ин раҳбаронро мадди назар гирем, мебинем, ки онҳо солҳои тӯлонӣ курсиҳояшонро ҳифз карданианду ҳеҷ ислоҳоти назаррасе ҳам то ин замон татбиқ накардаанд, пас метавон тахмин кард, ки дар дурнамои сиёсии ин кишварҳо тағйири чашмгире мушоҳида нахоҳад шуд”.

Волкар мегӯяд, татбиқи ислоҳот дар кишварҳое, ки ба рукуди давомдор одат кардаанд, кори осон нест. Ӯ Мисрро мисол меорад, ки дар рӯ ба рӯи мероси сисолаи ҳукми Ҳуснӣ Муборак, яъне маъмурияти саршор аз камбудиву фасод қарор дорад, ки ислоҳ намудани он вақту нерӯи зиёд талаб мекунад.
XS
SM
MD
LG