Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баҳори араб" бетаъсир набудааст


Хонаи Озодӣ дар гузориши солонаи худ мегӯяд, қиёмҳои мардумӣ дар ҷаҳони араб мардумеро илҳом бахшидааст, ки ҳукуматҳои ситампеша доранд.

Аммо айни замон Хонаи Озодӣ маълум кардааст, ки таназзули озодиҳо дар чанд кишваре идома кардааст, ки мардумаш аз ҳуқуқи сиёсиву мадании худ ба таври комил баҳра мебурданд.

Ҳамин аст, хулосаи аслии Шохиси озодиҳо дар ҷаҳон, ки созмони Хонаи Озодӣ, қароргоҳаш дар Амрико нашр кард.

Арк Падингтон, муовини мудири созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, исёни мардумӣ, ки дар Тунису Миср ва дигар кишварҳои арабӣ шурӯъ шуд, нишон дод, ки демократия дар кишварҳо бо ҳукуматҳои ситамгар имкон дорад.

Арк Падингтон, муовини мудири Хонаи Озодӣ
Арк Падингтон, муовини мудири Хонаи Озодӣ
Шохиси озодӣ, ки Freedom House аз соли 1972 нашр мекунад, баҳрамандии мардум аз ҳуқуқи сиёсиву маданӣ дар 195 кишвар ва 14 минтақаи ҷаҳонро арзёбӣ ва онҳоро ба се гурӯҳ “озод”, “нимаозод” ва “ноозод” табақабандӣ мекунад. Аз ҷумла аз рӯи ин меъёрҳо: “баҳрамандии мардум аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, озодиҳои сиёсӣ, орӣ будани ҳукумат аз фасодкорӣ, волоияти қонун, озодии баёну эътиқод, баҳрамандӣ аз ҳуқуқи эътирозу ҷамъомад ва ҳуқуқи фардӣ. “

Дар соли 2011-ум чун як соли пеш аз ин, 87 кишвар озод хонда шудаанд, ки 43 дарсади аҳолии курраи Замин дар онҳо зиндагонӣ мекунанд. Аммо соли шашум аст, теъдоди кишварҳое, ки озодиҳо дар онҳо маҳдудтар мешаванд, назар ба теъдоди кишварҳои рӯ ба беҳбудӣ бештар аст.

Яъне вазъи 26 кишвар сол то сол бадтар шуда ва танҳо 12 кишвар ба истилоҳ “озодтар” шудаанд. Мянмар аз қабили ин кишварҳост, ки мисли Куриёи Шимолӣ ҳукуматаш золиму ситампеша хонда мешуд, аммо ҳоло раҳбари мухолифин
Аун Сан Су Чи, раҳбари мухолифони Мянмар
Аун Сан Су Чи, раҳбари мухолифони Мянмар
Аун Сан Су Чиро раҳо карда ва озодии матбуоту дигар озодиҳои сиёсиро замонат додааст.

Арк Падингтон, муовини мудири Хонаи Озодӣ Озарбойҷону Қазоқистонро интиқод кард, ки мухолифону матбуотро зери фишор қарор доданд ва озодии эътиқодро маҳдуд карданд. Хонаи Озодӣ “ақибнишини се демократияи илҳомбахши ҷавон” ба мисли Украинаву Африқои Ҷанубӣ ва Маҷористонро нороҳаткунанда хонда ва ислоҳоти маҳдудкунандаи ҳуқуқ дар Қонуни Асосии Маҷористон, таъқиби мухолифони сиёсӣ дар Украинаро мисол овардааст.

Тоҷикистон чун солҳои гузашта дар радифи кишварҳои ноозоди ҷаҳон қарор гирифтааст. Ин созмон мегӯяд, дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодиҳои сиёсиву маданӣ таъмин намешавад.

Туркманистону Ӯзбакистон низ тағйири зиёде накардаанд ва ҳамчунон “унвони ситамгартарин аз ситамгарон” насиби онҳост. Қирғизистон дар радифи кишварҳои нимаозод мондааст ва Ҷумҳурии Белорус дар поёни феҳрасти Хонаи Озодӣ қарор дорад, ки раиси ҷумҳури он Александр Лукашенкоро "охирин диктатори Аврупо" меноманд.
XS
SM
MD
LG