Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳилоли Аҳмар дар Кӯлоб аз низомиёни рус хостааст, то ҳудуди машқгоҳи худ дар Мумиракро мушаххас кунанд.

Намояндагони ин созмони байнулмилалӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯянд, машқгоҳ ё тамрингоҳи низомиёни рус солҳост дар ҳудуди ноҳияҳои Мӯъминободу Шӯрообод амал мекунад, аммо "қаламрав"-аш то ҳол мушаххас нашудааст. Зайниддин Олимов, котиби иҷроияи Ҳилоли Аҳмар дар минтақаи Кӯлоб гуфт, ин мавзӯъро ҳангоми сӯҳбат бо масъулони пойгоҳи низомии Русия дар миён гузоштааст. Ҳилоли Аҳмар тарҳеро барои огоҳонидани сокинон аз хатари мина рӯи даст гирифта, аммо ба иллати мушаххасу аломатгузорӣ нашудани қаламрави тамрингоҳ ба мушкил мувоҷеҳ (рӯбарӯ) шудааст.

Ҷаноби Олимов мегӯяд, "ду сол пеш аз деҳаи Мумирак се нафар аз як хонавода аз снаряд таркида ҳалок шуда буданд. Чанд нафари дигар маъюб шудаанд. Созмони мо як созмони хайриявист ва ба масъалаҳои будубош кор надорад ва мо танҳо хоҳиш кардем, ки барои ҳам осонии кори худ ва ҳам осонии кори мову сокинон ин корро анҷом диҳанд. Ин хоҳиш аст ва барои хоҳиши моро иҷро кардан низомиён маҷбур ҳам нестанд."

Зайниддин Олимов

Зайниддин Олимов

Ин дар ҳолест, ки сокинони деҳаи Мумираки ноҳияи Мӯъминобод ва сокинони деҳаи Дараи Оби ноҳияи Шӯрообод аз фаъолияти ин машқгоҳ шикоят доранд.

Савриннисо, як сокини деҳаи Мумирак мегӯяд, гову молашонро бо тарсу ҳарос ба чаро мебаранд ва аз сайругашти фарзандонашон дар атрофи русто низ хавф доранд: "Машқҳояшон сар мешавад ва шабу рӯз хоб надорем, вале мо аз он хавф дорем, ки ҳамон чизҳои метаркидагиро дар сари роҳ напартоянд."

Қумриннисо, сокини дигари деҳаи Дараи Об, ки дар болои ин машқгоҳ воқеъ аст, мегӯяд, ҳар боре низомиён тамрини худро оғоз кунанд, деҳаи онҳо тирборон мешавад: "Агар машқашон сар шавад, дар деҳаи мо мегӯӣ, ки ҷанг аст. Шифер (бомпӯш)-ҳои чанд хона сӯрох шудааст аз тири онҳо. Чанд кас ҳам мурдааст. Дар тирамоҳ чарогоҳи мо оташ мегирад аз тирашон, вале касе ба онҳо чизе намегӯяд."

Дар наздикии ин пойгоҳ тайи чанд соли ахир 9 нафар ҳангоми бархӯрд ба маводи тарканда ҳалоку маҷрӯҳ шудаанд. Се соли пеш додситонии Кӯлоб гуфта буд, барои бепарвоёна ҳаво додани маводи тарканда масъулони пойгоҳи низомии русҳоро ҳушдор додаанд. Бо сабаби рух додани чунин ҳодисаҳо, созмони Ҳилоли Аҳмар атрофи ин машқгоҳро минтақаи хатарнок дониста, ба сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом медиҳад. Инчунин, ин созмон дар ҷамоати Ёли ноҳияҳои Шӯрообод, Ҳамадонӣ ва Фархор, ки навоҳии наздисарҳади номбурда мешаванд, мардумро аз хатари мина огоҳ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG