Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО роҳ меҷӯяд. Тошканд, Душанбе ё Исломобод?


Андерс фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО

Андерс фоғ Расмуссен, дабири кулли НАТО

Кишварҳои минтақа саъй доранд, то интиқоли силоҳу муҳимоти НАТО тавассути хоки ин сурат бигирад.

Дар ҳоле ки паймони НАТО ба ихроҷи нерӯҳояш аз Афғонистон омодагӣ мегирад, Русия, Покистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиву Қафқоз саъй доранд, то интиқоли силоҳу муҳимоти Эътилофи байнулмилалӣ ба ватанҳояшон тавассути хоки ин кишварҳо гузарад. Дар давоми ду соли оянда нерӯҳои байнулмилалӣ тариқи кишварҳои ҳамсоя хоки Афғонистонро тарк мекунанд.

Ин бозгашти нерӯҳо харҷи хеле бузург дорад ва ҳар яке аз ҳамсояҳо умед дорад, ки дар ин раванд маблағе касб намояд. Амрико ҳар сол ба хотири интиқоли нерӯву муҳимоташ ба Афғонистон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ 500 миллион доллар масраф мекунад.

Ҳозир 49 кишвар дар Афғонистон нерӯҳояшонро ҷойгир кардаанд. Ҳангоми ихроҷи нерӯҳо онҳо маҷбур хоҳанд буд, ки дар як муддати кӯтоҳ миқдори фавқулода бузурги силоҳу муҳимотро аз Афғонистон берун бароранд. Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ҷамоҳири Қафқоз, Русия ва Покистон бовар доранд, ки бозгардони нерӯҳо ба онҳо даромади хубе хоҳад овард.

Нейл Мелвин, шореҳи Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии Сулҳ, воқеъ дар Стокҳолм, мегӯяд, даромади кишварҳо ба мавқеи ҷуғрофӣ ва музокироти онҳо вобаста хоҳад буд: "Ҳоло мо шоҳиди бозии бузург ҳастем, ки дар он доду ситад нақш дорад. Мардум медонанд, ки нерӯҳои байнулмилалии ҳомии сулҳ бояд Афғонистонро тарк кунанд. Яъне дар як муддати кӯтоҳ миқдори зиёди силоҳро ба ватанҳояшон баргардонанд. Ҳамин тариқ, ҳамаи ин кишварҳо ҳоло ин масъаларо гуфтушунид мекунанд."

Ба қавли коршиносон мавқеи беҳтарин барои музокиротро Узбакистон дорад. Зеро шабакаи роҳҳои оҳани ин кишвар, ки дар марз бо Афғонистон шурӯъ шуда, мустақиман то ба баҳри Балтик мерасад, аз нуқтаи ҷуғрофиёӣ муносибтарин аст. Узбакистон ҳам зоҳиран аз ин бартариш огаҳ асту тасмим гирифтааст, қимати транзитро ба қадри назаррас боло барад.

Торнамои Eurasia.net иттилоъ медиҳад, ки ахиран мақомоти Тошканд нархи транзит аз Афғонистонро камаш 50 дарсад боло бурдаанд. Аммо чунин болобарии нарх кишварҳоро ба ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии интиқоли муҳимот водор мекунад. Яке аз чунин роҳҳо аз шимоли Афғонистон тавассути Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистон-Озарбойҷон то бандари Потии Гурҷистон, воқеъ дар соҳили баҳри Сиёҳ ёд мешавад. Камбудии ин интихоб, ба гуфтаи коршиносон, роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон мебошанд, ки ба хусус дар фасли зимистон истифодаашон маҳдуд мебошад.

Ник Ҳарвей ҳангоми дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Ник Ҳарвей ҳангоми дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Аснои зиёрат аз Қирғизистон вазири нерӯҳои мусаллаҳи Британия Ник Ҳарвей ишора кард, ки Лондон метавонад бар ивази нархи муносиби транзит имкони тиҷорати баъзе муҳимоти низомиро баҳс кунад: “Агар нерӯҳои ISAF тамоми муҳимоташонро ба афғонҳо гузоранд, аз миқдори зиёд сари онҳо гиҷ хоҳад шуд. Мо ҳамчунон бо Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баҳс хоҳем кард, ки оё ин муҳимот барои онҳо низ арзише хоҳад дошт ё не?”

Ҷои ёдоварист, ки кишварҳои транзитӣ фақат ба интиқоли муҳимот ризоят дода, таъкид кардаанд, ки ҳатто зиреҳпӯшҳо қабл аз вуруд ба хоки ин кишварҳо силоҳашонро канор кашанд. Чанде пеш Фаронса иброз дошт, ки роҳи шимолии интиқоли муҳимот гарон буда, ин кишвар хоҳони дубора боз шудани роҳи Покистон аст. Феълан транзити як контейнер аз Кобул то Карочӣ ба 7 200 доллар баробар аст. Интиқоли як контейнер тавассути роҳи шимолӣ ба 17 500 доллар баробар будааст.

Моҳи ноябри соли гузашта, баъд аз як ҳамлаи тасодуфии НАТО болои сарбозони покистонӣ Исломобод роҳҳояшро барои ин паймон баст. Шореҳ Мелвин мегӯяд, шояд мақомоти Исломобод бар ивази иҷозаи эҳёи транзити боло бурдани нархи онро талаб кунад.

Хулоса, ба қавли коршиносон баҳсҳои оташини сиёсӣ барои пули транзит дар пеш аст. Масалан, Русия болои Қирғизистон зиёд фишор меовард, ки нерӯҳои эътилофи байнулмилалии зери раҳбарии паймони НАТО-ро аз пойгоҳи ҳавоии Манас берун кашад. Вале моҳи равон худи Русия ба паймони НАТО пешниҳод кард, ки аз пойгоҳи ҳавоии минтақаи Уляновски ин кишвар истифода баранд. Ин гуна таҷрибаҳо кишварҳои Осиёи Марказиро водор мекунанд, ки ба эҳтиёт мувозинатеро дар равобиташон бо Вашингтону Маскав ҳифз намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG