Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе – ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии ҳандболи Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии ҳандбол ё тӯби дастии Тоҷикистон миёни тимҳои мардона, ки дар Қасри варзиши иттифоқҳои касабаи пойтахти кишвар се рӯз давом кард, бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе ба анҷом расид.

Тими вилояти Хатлон мақоми дувум ва дастаи вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳистон мақоми севумро касб карданд.

Дар ин бора ба “Озодӣ” Саид Маҳмудов, муовини аввали раиси Федеросиюни ҳандболи Тоҷикистон, хабар дод. Ӯ гуфт, “мусобиқаи имсола бо ширкати чаҳор даста аз вилоятҳои Бадахшону Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру навоҳии тобеи марказ баргузор шуд. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ сурат гирифт ва ҳар як даста се бозӣ анҷом дод.”

Бояд гуфт, ки ҳандбол дар Тоҷикистон аз соли 2005-ум, баъди таъсиси Федеросиюни миллии тӯби дастӣ таҳти раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ аз нав эҳё шуд. Ва ҳоло ин навъи олимпии варзиш дар манотиқи мухталифи кишвар ба роҳ монда шудааст.

Ба итилои Саид Маҳмудов дар ҳамин ҳол дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи миллии олимпӣ ва Федеросиюни ҳандболи кишвар давраи бозомӯзии мураббиён аз манотиқи мухталифи кишвар ҷараён дорад, ки то рӯзи 26-уми апрел идома хоҳад кард.

Машғулиятҳоро коршиноси байналмилалӣ Игор Шестаков (Норвегия), аз Академияи ҳандболи ҷаҳон, ба таври назарӣ ва амалӣ роҳандозӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG