Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуфи Бан Кӣ Мун аз куштори ғайринизомиён дар Сурия


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ)
Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ)

Бан Кӣ Мун аз даври тозаи ҳамлаҳои нерӯҳои вафодор ба Башор Асад ба шаҳрвандони Сурия интиқод кард.

Дабири кулли Созмони Милал гуфтааст, давлати Сурия фавран ва бидуни қайду шарт куллия амалиёти низомӣ бар зидди шаҳрвандони ин кишварро мутаваққиф кунад.

Дафтари матбуотии Бан Кӣ Мун бо пахши баёнияе гуфт, “дабири кулли СММ аз ҳамлаи нерӯҳои давлатии Сурия ба ғайринизомиёни бегуноҳ, аз ҷумла занону кӯдакон, ибрози таассуф намуд."

Ин дар ҳолест, ки давлати Сурия ӯҳдадор шуда буд, ба истифода аз силоҳҳои сангин дар марказҳои шаҳр ва ҷойи серодам поён диҳад. Ба гузориши "Ройтерз", фаъолони сиёсии Сурия мегӯянд, дар хушунатҳои рӯзи ҷумъа (шашуми апрел) ба камияш 27 нафар кушта шудаанд. Қарор аст, ҳукумати Башор Асад то се рӯзи дигар дар чорчӯби тарҳи сулҳи Кофӣ Аннон, намояндаи СММ ва Лигаи кишварҳои араб дар умури Сурия, оташбасро иҷро карда ва нерӯҳои артишу силоҳҳои сангинро аз манотиқи шаҳрӣ хориҷ намояд.

Дар баёняии Бан Кӣ Мун ҳамчунин гуфта шудааст, ки мақомоти Сурия ба таври комил масъули нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар ва қонуни башардӯстонаи байналмилалӣ ҳастанд.

Шӯрои амнияти Созмони Милал рӯзи панҷшанбе бо иттифоқи оро (райъҳо) тарҳи шаш моддаии Кофӣ Аннонро барои поён додан ба хушунатҳо дар Сурия таъйид кард. Давлати Сурия мувофиқати худро бо ин тарҳи сулҳ эълом карда ва қарор аст ин тарҳи сулҳро аз рӯзи даҳуми апрели имсол ба унвони "зарбулаҷал барои барқарории оташбас" иҷро кунад.

Аммо мухолифони ҳукумати Башор Асад мегӯянд, нишонаҳои каме аз тамоюли ҳукумат барои иҷрои ин тарҳи сулҳ мавҷуд аст. Балки ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Башор Асад қасд дорад бо ба даст овардани замон контроли авзоъро дар ихтиёр бигирад.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз замони оғози нооромиҳо дар Сурия аз моҳи марти соли гузашта то кунун ба камияш 9 ҳазор нафар кушта шудаанд. Вале давлати Сурия мегӯяд, дар ин муддат 6 ҳазор нафар, аз ҷумла бештар аз 2 ҳазору панҷсад низомӣ ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG