Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cурия тарҳи сулҳи Куфӣ Аннонро пазируфт


СММ рӯзи сешанбе эълон кард, ки Сурия тарҳи сулҳи Куфӣ Аннон барои поён додан ба хушунат дар ин кишварро пазируфт.

Ҳамд Фовазӣ, сухангӯи намояндаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб барои Сурия гуфт, «оқои Аннон инро қадами муҳиме барои поён додани хушунат ва хунрезӣ дар Сурия медонад.»

Ба гузориши Ал-ҷазира, Куфӣ Аннон аз Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия хостааст, то ба ваъдаҳои худ пойбанд бошад ва онҳоро иҷро намояд.

Тарҳи сулҳи пешниҳодии Куфӣ Аннон шомили оташбаси фаврӣ, оғози музокироти ҳукумат ва мухолифон, тазмини дастрасии кӯмакҳои башардӯстона ба минтақаҳои ҷангзада ва хуруҷи сарбозони давлатӣ аз шаҳрҳо ва деҳаҳо аст.

Куфӣ Аннон рӯзи душанбе ба Чин сафар кард то ҳимояти Пекинро низ ҷалб намояд. Оқои Аннон рӯзи якшанбе низ дар Русия бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури ин кишвар дидор кард. Дмитрий Медведев, «ҳимояти комил»-и худро аз талошҳои байналмилалӣ барои поён додан ба як соли бӯҳрони хунин дар Сурия эълом кард.

Русия, ки муттаҳиди наздики Асад аст, мегӯяд, шарти поён додан ба саркӯбии давлатӣ дар Сурия ин аст, ки мухолифони мусаллаҳ низ оташбас эълон кунанд. Русия ва Чин то кунун ду қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ дар маҳкумияти саркӯбии хушунатҳо дар Сурияро вето кардаанд.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории расмии Сурия эълом кард, ки Башор Асад ба шаҳри Ҳимс сафар кардааст. Ҳимс дар як соли гузашта маркази эътирозҳо алайҳи ҳукумати Башор Асад будааст. Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, дар як соли гузашта дар Сурия ҳашт ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG