Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Миллии Сурияро ба ҳайси намояндаи қонунии ҳамаи мардуми Сурия расман эътироф гардид.

Ҳамоиши “Дӯстони Сурия” дар Истанбул Шӯрои Миллии Сурияро ба ҳайси намояндаи қонунии ҳамаи мардуми Сурия расман эътироф кард. Дар ин нишаст намояндагони зиёда аз 60 давлати ғарбӣ ва арабӣ ширкат дошта, Русия, Чин ва Эрон аз он канораҷӯӣ карданд. Раҳбари мухолифон Бурҳон Ғалюнӣ гуфт, аз ин ба баъд Шӯрои Миллии Сурия ба ҳамаи шӯришиёне, ки зидди режими Башор Асад меҷанганд, музди моҳона хоҳад пардохт. Вай гуфт, чунин музд ба ҳамаи афсарон, сарбозон ва аъзои дигари Артиши Озоди Сурия дода хоҳад шуд.

Дар дувумин дар ҳамоиши “Дӯстони Сурия” дар Истамбул вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон гуфт, режими Сурия, тарҳи сулҳи Созмони Милал ва Лигаи Арабро нодида гирифтааст. Вазири умури хориҷии ИМА гуфт, Сурия тарҳи пешниҳодии Кофӣ Анон, фиристодаи СММ ва Лигаи Арабро иҷро карданӣ нест.

Ба эҳтимоли зиёд ин паёми Клинтон ба эълони ахири ҳукумати Сурия бастагӣ дорад, ки аз пирӯзияш бар мухолифон хабар дод ва мегӯяд, танку нерӯҳояшро замоне аз шаҳрҳо хоҳад баровард, ки вазъ дар онҳо оддӣ шавад.

Хонуми Клинтон ҳамчунин ба ширкаткунандагони ҳамоиши “Дӯстони Сурия” дар Истамбул гуфт, кишвараш мухолифони Сурияро аз василаҳои мухобиротӣ таъмин хоҳад кард ва акнун бояд “нақшаи амалкардҳои сиёсӣ” таҳия гардад.

Пештар, сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз ҷомеаи байнулмилалӣ хост, аз ҳаққи суриягиҳо ба дифоъ аз худ ҳимоят кунад. Дар оғози конфронси “Дӯстони Сурия” Эрдуғон гуфт, “агар Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз касби ҳама гуна масъулият сарпечӣ мекунад, ҷомеаи байнулмилал илоҷе ҷуз аз ин нахоҳад дошт, ки ҳаққи суриягиҳо ба дифоъ аз хештанро бипазирад.”

Намояндагони зиёда аз 60 кишвари ғарбӣ ва давлатҳои арабӣ дар ҳамоише дар Истамбул аз Сурия тақозо карданд, тарҳи сулҳи Созмони Милал ва Лигаи Арабро бипазирад. Раҳбари иттиҳоди оппозисюн, мавсум ба Шӯрои Миллии Сурия, Бурҳон Ғалюн аз ҷомеаи байнулмилалӣ хост, мухолифонро мусаллаҳ кунад. Пеш аз оғози ҳамоиш ӯ гуфт, интизори мавзеъгирии ҷасуронаи “Дӯстони Сурия” аст.

Оқои Ғалюн инчунин гуфт, ҳаргиз интизорашро надорад, ки ҳукумати раисиҷумҳур Башор Асад нукоти тарҳи сулҳи фиристодаи Созмони Милал ва Лигаи Араб, Кофӣ Анонро иҷро хоҳад кард: “Мухолифон аз тарҳи Анон айнан шабеҳи тарҳи қаблии Лигаи Араб истиқбол кардаанд. Аммо ба иҷро шудани он шубҳа дорем, ҳамон гуна ки ба татбиқи тарҳи гузашта шубҳа доштем.”

Тарҳи пешниҳодии фиристодаи Созмони Милал ва Лигаи Араб, Кофӣ Анон қатъи даргириҳо, оғози гуфтушуниди ҳукумат ва мухолифон ва боз шудани роҳҳои кӯмаки созмонҳои имдодрасонро ба мардуми Сурия дар назар дорад.

Бино бар омори Созмони Милал дар як соли саркӯби тазоҳуроти Сурия, ки бо илҳом аз Баҳори Араб оғоз ёфта буд, 9000 нафар дар ин кишвар кушта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG