Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ҷиҳати музокирот бо мақомоти Узбакистон дар ҳоли ҳозир дар Тошканд қарор дорад.

Як манбаъ дар "Тоҷиктрансгаз" рӯзи 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳайат сарвари ширкат Сайидаҳмад Шарофиддинов ва муовини ӯ Шавкат Шоимов низ шомиланд. Аммо ин манбаъ нагуфт, ки сарварии ин ҳайатро кӣ ба зимма дорад ва ба ҷуз ин ду раҳбари "Тоҷиктрансгаз" боз киҳо ба ин ҳайат шомиланд.

Сайидаҳмад Шарофиддинов, сарвари "Тоҷиктрансгаз" ҳузури худ дар Тошкандро таъйид ва ё такзиб накард.
Узбакистон қаблан изҳор дошта буд, ки интиқоли газ ба ҳамсоякишвари шарқиашро батамом қатъ мекунад. Бино ба таъйиди мақомот, шурӯъ аз имрӯз, 2-юми апрел, интиқоли газ ба ширкати "Талко" - бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон қатъ шудааст.

Игор Сатторов, сухангӯи "Талко" дар таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкат то ба ҳол манбаи дигари таъмини истеҳсолот бо маводи сӯхтро пешбинӣ накардааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, онҳо умедворанд, ки музокирот сари таъмини ширкат бо гази Узбакистон муваффақ хоҳад буд.

Бино ба иттилои расмӣ, корхонаи "Талко" солона 45-50 миллион метри мукааб, чоряки гази воридотӣ аз Узбакистонро истифода мекунад. Худи Тоҷикистон дар соли 2012-ум аз Узбакистон бояд 200 миллион метри мукааб газ ворид мекард.

Қаблан Сайидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктраснгаз" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ амалкарди ҷониби Узбакистонро ба иҷрои қарордоди интиқоли гази ин кишвар ба Чин марбут донист, ки аз аввали моҳи апрел оғоз шудааст. Дар оғози соли ҷорӣ Узбакистон бидуни огаҳӣ интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кард ва танҳо ба дунболи сафари ҳайати баландпояи ин кишвар, таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ба Тошканд ва имзои созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон 5-уми январ мушкил рафъ гардид.

"Тоҷиктрансгаз" қаблан эълом дошта буд, ки омода аст аз Туркманистон газ бигирад, аммо дар ин маврид ҳам роҳи ягонаи интиқол - Узбакистон аст.
Коршиносон мегӯянд, мавзӯи сӯҳбати мақомоти тоҷику узбак дар Тошканд ҳам ба азсаргирии интиқоли гази худи Узбакистон ва ё овардани гази Туркманистон тариқи қаламрави ин кишвар ба Тоҷикистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG