Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узбакистон бо ирсоли номае ба "Тоҷиктрансгаз" гуфтааст, сар аз 1-уми апрел интиқоли газро қатъ мекунад.

Сайидаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктраснгаз" зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ амалкарди ҷониби Узбакистонро ба иҷрои қарордоди интиқоли гази ин кишвар ба Чин марбут донист, ки аз аввали апрел оғоз хоҳад шуд, "бо Чин ҳам шартнома имзо кардааст ва бояд аз 1-уми апрел газро ба он тараф интиқол диҳанд. Зеро аз тарафи Чин маблағгузориҳои бузург шудааст ва барои ҳамин ҷониби Узбакистон бояд ин шартномаро иҷро кунад."

Қаблан “Узтрансгаз ” бо PetroChina International Co. Ltd.(CNPC) дар бораи интиқоли солонаи 10 миллиард метри мукааб гази Узбакистон ба Чин тибқи нархгузории байналмилалӣ созишномаи ҳамкорӣ баста буд. Аммо расонаҳо навиштаанд, ки Узбакистон ба Чин ҳар ҳазор метри мукааб газашро бо қимати 90 доллар мефурӯшад. Ин ҳам дар ҳолест, ки қимати ин ҳаҷм барои Русия 220 ва Тоҷикистон беш аз 227 доллар аст.

Ба гуфтаи Саидмаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз", Тоҷикистон барои ҳар се моҳ дар ҳудуди 45 миллион метри мукааб газро аз Узбакистон ворид мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки гуфта мешавад, Узбакистон дар як рӯз 200 миллион метри мукааб газ истихроҷ мекунад. Ҳамакнун, ки семоҳаи нахусти соли ҷорӣ ба поён мерасад, ҷониби Узбакистон ба Тоҷикистон паёме фиристодааст ва гуфтааст, ки интиқоли гази табииро сар аз 1-уми апрел комилан қатъ хоҳад кард. Кишвари ҳамсоя камбуди захоири газро сабаби аслии ин амр унвон кардааст.

Тибқи тавофуқи қаблӣ, Тоҷикистон бояд дар соли 2012 аз кишвари ҳамсояаш Узбакистон ба миқдори 200 миллион метри муккааб газ бигирад, ки ба коркарди якрӯзаи газ дар Узбакистон баробар аст. Ба ин далел Сайдаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз" мӯътақид аст, ки интиқоли 45 миллион метри мукааб газ барои ҳар се моҳ ба Тоҷикистон набояд барои Узбакистон мушкил бошад.

Аммо мушкил сари он аст, ки дар ҳоли ҳозир қарордоди ҳамкорӣ миёни ду кишвари ҳамсоя танҳо барои семоҳаи аввал, ки то чанд рӯзи дигар ба поён мерасад, имзо шудааст. Сайидаҳмад Шарофиддинов умедвор аст, ки аз роҳи музокироти дӯстона ва ҳамсоягӣ ҷониби Узбакистон мавқеашро тағйир хоҳад дод. Бо ин ҳам мақомот ва соҳибназарони тоҷик мегӯянд, дар сурати пофишории Узбакистон ба иддаояш, ин амр ба иқтисоди Тоҷикистон латмаи сангине ворид хоҳад кард.

Ҳадяи Сафар, коршиноси масоили минтақаӣ дар ин бора мегӯяд, "бубинед, аввалин зарба ба корхонаи алюминиум аст, ки низоми кор дар корхонаро комилан аз байн мебарад. Ҳол он, ки рушди иқтисоди Тоҷикистон аз содироти алюминиум сахт вобаста аст. Баъдан қатъи интиқоли газ тавассути Узбакистон фаъолияти дигар аз корхонаҳои саноатӣ, назири «Тоҷиксемент», «Тоҷиказот» ва ғайраро аз байн хоҳад бурд. Гузашта аз ин, низоми нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанберо ба ҳам мезанад, зеро аксарияти воситаҳои нақлиёт бо газ кор мекунанд."

Ин вазъро масъулони ширкати "Талко" хуб дарк мекунанд, аммо умедворанд, ки мушкил бо роҳи гуфтушунид ҳалли мусбатеро пайдо кунад. Ба ин далел дар ҳоли ҳозир аз додани ҳар гуна шарҳе худдорӣ меварзанд. Ин дар ҳолест, ки аввали соли ҷорӣ Узбакистон бидуни огаҳӣ интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ кард ва танҳо ба дунболи сафари ҳайати баландпояи ин кишвар, таҳти сарварии муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ба Тошканд ва имзои созишномаи нави интиқоли гази табиӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон дар таърихи 5-уми январ мушкил рафъ гардид.

Дар гузашта низ мавориди қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон тавассути кишвари ҳамсоя борҳо ба мушоҳида расидааст. Аммо дар сурати пофишории Узбакистон ба қатъи комили газ, оё Тоҷикистон роҳи алтернативии берун рафтан аз ин вазъиятро дорад ё хайр? Сайдаҳмад Шарофиддинов, раиси ширкати "Тоҷиктрансгаз" дар посухи ин суол гуфт, "пеш аз ҳама қадами нахуст, ин истихроҷи конҳои гази худист. Бо пурзур намудани кор дар ин конҳо, мо метавонем ба таъмини газ муваффақ шавем. Замони зиёде намондааст, чун корҳо ҳоло дар як - чанд кон идома дорад."

Иқтисоддонҳо низ бар ин нукта таъкид мекунанд, аммо мегӯяд, дар шароити феълӣ дастёбӣ ба истихроҷи гази худӣ кори мушкил аст. Зеро бо он, ки бархе аз ширкатҳои хориҷӣ, назири «Газпром» -и Русия дар ин самт фаъолият дорад, аммо то ҳол ба истихроҷи газ муваффақ нашудааст. Аз сӯи дигар ҳарчанд бархе коршиносон воридоти нафту газ аз дигар кишварҳо, назири Чин ва Эронро роҳи бурунрафт аз мушкил медонанд, аммо мегӯянд, ин кор мушкилоти бештари молӣ дар пай дорад.

Дар зимн, бо он ки Тоҷикистон дорои даҳҳо миллиард метри мукааб захираи газ аст, аммо то кунун газро аз Узбакистон ворид мекунад, ки бештари ин маводро корхонаҳои саноатӣ истифода мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG