Пайвандҳои дастрасӣ

«Шоирон Рӯзи шеърро ноогоҳона ҷашн мегиранд»


Гулрухсори Сафӣ, шоираи саршиноси тоҷик

Гулрухсори Сафӣ, шоираи саршиноси тоҷик

Бо тасмими ЮНЕСКО, 21-уми март ба унвони Рӯзи ҷаҳонии шеър дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Аммо дар Тоҷикистон ба ин муносибат маҳфили хосае баргузор нашуд.

Гулрухсори Сафӣ, шоираи саршиноси тоҷик ва раҳбари Фарҳангистони шеъри ҷаҳон дар Тоҷикистон мегӯяд, бо он ки аксари Тоҷикистон ва аз он ҷумла бештари адибон аз Рӯзи ҷаҳонии шеър огаҳӣ надоранд, аммо онро «ноогоҳона» таҷлил мекунанд.

Зеро ба таъкиди бону Гулрухсор, «тамоми зебу зиннат ва гули сари сабади маҳфилҳои наврӯзӣ шеър аст ва ҳатман шоирон дар ин барномаҳо ширкат доранд ва тараннуми шеърро мекунанд.»

Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз эъломи Рӯзи ҷаҳонии шеър дар беш аз даҳ соли қабл, Фарҳангистони шеъри ҷаҳон ба раҳбарии бону Гулрухсор дар ҳамкорӣ бо намояндагии ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии шеърро бо баргузории маҳфилҳои адабӣ ҷашн мегирифт.

Аммо дар чанд соли ахир иқдомоте дар заминаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии шеър дар Тоҷикистон аз сӯи ҳеҷ ниҳоде, ҳатто Иттиҳоди нависандони он сурат намегирад. Бону Гулрухсор сабаби аслии ин амрро ба огоҳӣ надоштани мардум ва хоса адибон марбут медонад.

Ҳарчанд ба таъкиди бону Гулрухсор, созмони онҳо ният дошт, то ҳамоишеро дар мавзӯи шеъри Ҷопон ба истиқболи ин рӯз баргузор кунад, аммо мутаассифона ба далоили мухталиф ин кор сурат нагирифт. Аммо раҳбари Фарҳангистони шеъри ҷаҳон дар Тоҷикистон мӯътақид аст, ки дар оянда вазифаи аввалиндараҷаи онҳо бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии шеър хоҳад буд.

Зеро ба таъкиди вай, дар шароити феълии ҷаҳон беҳтарин силоҳ шеър аст, «кулли сиёсатмадорони ҷаҳон дигар наметавонанд бо зӯри силоҳ мушкилоти ҷаҳонро ҳал кунанд ва ҳамин забони шеър аст, ки онҳоро ба сулҳу осоиштагӣ ва шукуфоӣ мебарад.»

Зимнан, Рӯзи ҷаҳонии шеър аз сӯи ЮНЕСКО дар соли 1999 эълом шуд ва нахустин маросими Рӯзи ҷаҳонии шеър низ дар мақари ин созмон дар Порис баргузор шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG