Пайвандҳои дастрасӣ

Фарёд макун ки нест фарёдрасе, З-ин даҳр зи ҳамдигар напурсанд касе Беҳуда фиғон макун, ки гунг аст ҳама, Хомӯш бимон дило, ки набвад ҷарасе.

Ин порае аз эҷодиёти шоири навқалам Фирдавси Аъзам аст, ки аксаран дар мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва ҳаёту мушкилоти ҳамсолонаш менависад.

Фирдавси Аъзам аз эҷодкорони 24-солаи суғдӣ мегӯяд, ки ҳаргиз худро шоир намеҳисобад ва барои шӯҳратёр шудан ҳам эҷод намекунад, танҳо мушкилоти ва зиндагии сангини мардум ӯро водор мекунад, то қалам ба даст бигирад ва ба ин васила то андозае дилашро таскин бахшад. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, аксари шоирони давр ба хотири маддоҳии нафаре шеър мегӯянду худро шоир мехонанд.

Фирдавс меафзояд, пас аз даргузашту фирори як идда шоирони маҳбуб дар кишвар шеър ҳам каме рисолаташро аз даст додааст. Ба андешаи Фирдав, нисбат ба даҳсолаҳои қабл шеъри иҷтимоӣ ё сиёсӣ мавқеи худро гум кардааст ва имрӯз наметавон шоиреро ном бурд, , ки шеъраш дархӯри мардум бошад.

Фирдавс мегӯяд, "пас аз даргузашти Лоиқ Шералӣ ва тарки ватан намудани Бозор Собир, ки имрӯз дар ватан нест, ҳеҷ шоир, ҳеҷ эҷодкори шуҷоъу далерро чун эшон дар фазои назми тоҷик мушоҳида намекунем. Мутаассифона, пас аз онҳо ҳеҷ нерӯи бузурге падид наомад, ки бо як инқилобе пардаи ин сукутро бидарад. Имрӯз аксар шоирони мо дарборӣ гаштаанд ва танҳо маддоҳу ситоишгарӣ ҳукумату арбобони давлат шудаанд. Ва ҳеҷ як шеъре эҷод намешавад, ки ба худшиносии фарҳангии мо равона шуда бошад, ё ки мардумро ба таҳаввулот, ба як инқилоби иҷтимоӣ даъват намояд".

Дар ҳамин ҳол Гулноз, аз қаламкашони дигари суғдӣ, мегӯяд, имрӯз аксар шоиру эҷодкорон худ ба мушкилии зиёд мувоҷеҳанд, аммо наметавонанд дар навиштаҳояшон дарду мушкилот ва ниёзмандиҳои худро бозгӯ созанд. Худи Гулноз, ки солиёни зиёд аз беманзилӣ азият мешуд, як моҳ муқаддам масъалаи манзили зисташро ба баррасии мақомот гузошта, пешорӯи мушкилу дардисарҳои зиёд шудааст.

Гулноз аз ҷумла гуфт, "шоир ҳам хеле ниёзҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худро дорад. Масалан, агар руҷӯъ кунам ба зиндагии як моҳ қабли худ, ман худро хеле бадбахт ҳис мекардам, ба хотири он, ки масъалаи манзили зисти ман пайдо шуд. Бовар кунед, ҳамин қадар мушкил буд ниёзҳои худро ба назди як нафаре кашондан".

Вале бо ин ҳама Фирдавс, аз ҳамсӯҳбатони мо, мегӯяд, ки ҳоло дар ҷодаи пажӯҳишу шинохти Мавлоно Ҷалолиддини Рӯмӣ қарор дорад ва бо ин вуҷуд тасмим дорад, ки як дафтари ашъори худро низ барои ҳаводорони шеъри ҷадид мунташир хоҳад хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG