Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шеър дар ҳиҷрат сӯзонтар аст...


Ҳасан Холзода, шоири тоҷик, ки ба Академияи калом бадеъ ва саноеи нафисаи Русия пазируфта шуд.

Ҳасан Холзода, шоири тоҷик, ки ба Академияи калом бадеъ ва саноеи нафисаи Русия пазируфта шуд.

Шоири муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург узви Академияи каломи бадеъ ва саноеи нафисаи Русия интихоб шуд.

Санкт-Петербург, 05.01.2012. Шоири муҳоҷири тоҷик Ҳасан Холзода академики Академияи каломи бадеъ ва саноеи нафисаи ба номи Г. Р. Державин пазируфта шуда, бо медали Кумитаи Мукофоти Русия «Ф.М. Достоевский. Барои нафосат, башардусти, адолат» сарфароз гардонида шуд.

Ҳасан Холзода (Холов Ҳасан Абдушукурович), корманди собиқи хадамоти матбуоти ВКД ҷумҳурии Тоҷикистон, дастпарвари Донишкадаи забон ва адабиёти руси шахри Душанбе буда, аз соли 2003 дар Федератсияи Русия муҳоҷир ва бинокор аст. Бо вуҷуди меҳнати сангин ӯ пайваста ба эҷоди шеър машғул аст ва туфайли тарҷумонҳо шеърҳояш ба забони русӣ дар маҷмӯаи адабии «Шӯълаҳои соҳил» ва нашрияҳои «Хуросон» ва «Турон» ба табъ расидаанд.

Ҳасан Холзода узви Иттифоқи байниминтақавии нависандагони Россия буда, ҳамеша бо ашъори тозааш дар маҳфилҳои адабии Санкт-Петербург ширкат мекунад.

Ба гуфтаи Евгений Павлович Раевский, президенти Академияи каломи бадеъ ва саноеи нафисаи Русия ба номи Г. Р. Державин, дар лирикаи Ҳасан рӯзгори марди муҳоҷир, ёду ҳасрати ватан, муҳаббат ба волидон бозтоб ёфтаанд. Зимнан, Холзода нахустин шоир аз минтақаи Осиёи марказист, ки ба узвияти ин академия пазируфта шуда, бо медали Достоевский қадр гаштааст.

Ҳасан Холзода, шоири тоҷик, ки ба Академияи калом бадеъ ва саноеи нафисаи Русия пазируфта шуд.

Ҳасан Холзода, шоири тоҷик, ки ба Академияи калом бадеъ ва саноеи нафисаи Русия пазируфта шуд.

Худи Ҳасан Холзода тасмим гирифтааст, ки маҷмӯаи ашъори худ -- «Сафар бо дуои падар»-ро ба забонҳои тоҷикию узбакӣ ба нашр расонида, дар омӯзондани забони русӣ ба муҳоҷирон ва ғанӣ гардонидани дунёи маънавии онҳо саҳмгузор бошад.

Ёдовар мешавем, ки Академияи каломи бадеӣ ва саноеи нафисаи Русия ҳанӯз соли 1783 бо фармони малика Екатеринаи II таъсис ёфтааст.

Зайнуддин Орифӣ,
Санкт-Петербург

Намунае аз ашъори Ҳасан Холзода

Оре, ватан ҳамеша дар дилу дидаи ман маҳфуз аст.

Бояд ба дунё дилпазир эй Панҷи ноороми ман,

Эй, шунав дарёи Сир, Кофарниҳон, Варзоби ман.

Бош ба Хатлон, нотамом Яхсу, Сиёб умре равон,

Ҳам ба Тоирсу Қизилсу бингаред бо меҳри том.

Эй ба ту Кофарниҳон, бинам ки Элокат мудом,

Осиёи сангинамро даври худ тобад тамом.

Донаи гандум ҳамоно кӯфта нони мо кунад,

Лаззати нону Ватанро бар дили мо ҷо кунад…

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG