Пайвандҳои дастрасӣ

Ба назари маҳофил, қадимгароӣ дар интихоби кадрҳо ва камбуди технократҳо дар ҳукумат як “садди чинӣ” дар роҳи рушди кишвар шудааст.

Бо вуҷуди тарбияи садҳо муттахассис дар донишгоҳҳои хориҷӣ, умури давлат дар Тоҷикистон ҳамчунон дар дасти кадрҳои бозмонда аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст. Нозирон аз ҷумла соҳаи барқро мисол оварда, мегӯянд, камбуди шадиди нерӯи барқ, ки инак 20 сол боз гиребони Тоҷикистонро сар намедиҳад, нишон медиҳад, ки сиёсати кадрии давлати Эмомалӣ Раҳмон дар ин соҳа ҷои зиёде барои таъриф надорад.

Бозори кадрии Тоҷикистонро ба деге монанд мекунанд, ки кафлезбадастонаш аз он гаштаву баргашта ҳамон як кадрҳои аксаран бозмондаи замони Шӯравиро ба косаи ҳукумат мекашанд. Меъёри ин косакашӣ низ бар ҳамон аслҳои кӯҳнаи садоқатсолориву таборгароӣ ва маҳалгароӣ такя мезанад.

Дар пешорӯи ҷаласаи солонаи ҳукумат дар маҳофил умедвор буданд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон билохира ба ислоҳоти куллие дар бахши кадр иқдом хоҳад кард. Аммо тағйироти имсола низ аз марзи қалъабандиҳои қаблӣ фаротар нарафт ва бо ҷойивазкунии ҳамагӣ чанд вазир анҷом ёфт.

“Давлате ки кадр тарбия намекунад, давлат нест”

Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки собиқаи тӯлонии кор бо кадрҳо дар замони Шӯравиро дорад, мегӯяд, мушкили аслии сиёсати кадрии имрӯза адами тавозун аст ва дар натиҷа Тоҷикистон имрӯз муттахассисе намеёбад, ки нерӯгоҳ бисозад ё ягон корхонаи нави саноатиро гардон кунад. Ба ақидаи Шабдолов, Тоҷикистон пеш аз ҳама ба як сиёсати хеле мутавозини тарбияи кадрҳо ниёз дорад: “Масъалаи тарбияи кадрҳо ин тақдири давлат аст. Давлате, ки кадр тарбия намекунад, он дигар давлат ҳам нест. Мо дар ин бахш норасоии зиёд дорем. Ҳатто бубинед, дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун мебинем, ки аксари муҳандисонаш солхӯрдаанд. Баъди чанд сол бояд ҷои онҳоро касе пур кунад. Нашавад, ки мо ба ҷои онҳо аз ҳисоби коргарони разряди панҷум муҳандис бисозем?”

Шодӣ Шабдолов ва таҳлилгарони дигар мегӯянд, аз кадрҳои аксаран обакии донишгоҳҳои Тоҷикистон дида, бояд дидаи умед бештар ба сӯи онҳое дӯхт, ки дар хориҷа таҳсил кардаанду мекунанд. Феълан дар донишгоҳҳои 39 кишвари ҷаҳон зери 2 000 толибилими тоҷик таҳсил мекунанд ва чанд ҳазори дигар алакай таҳсилро дар хориҷ хатм кардаанд.

Аммо аз ин шумор то ҳол нафаре ба раддаҳои аввали раҳбарӣ дар Тоҷикистон роҳ наёфтааст. Аксари донишҷӯёни тоҷик баъди хатми таҳсил ё дар хориҷ мемонанд ва ё дар ягон созмони байналмилалӣ кор мекунанд, то дар идораҳои давлатии Тоҷикистон.

Зуҳуршо Раҳматуллоев

Зуҳуршо Раҳматуллоев

Зуҳуршоҳ Раҳматуллоев, ки баъди хатми таҳсил дар Бритониё дар Душанбе дар як созмони хориҷӣ кор мекунад, мегӯяд, толибилмони тоҷик бо азми зиёди хидмат ба ватан бармегарданд, вале воқеиятҳои Тоҷикистон, бахусус маоши паст ва “тағобозӣ”-и роиҷ хеле зуд ба ин оташи азми онҳо оби сард мерезад: “Тағо дар фарҳанги мо нишастааст. Институтҳои ғайрирасмӣ дар Тоҷикистон дар зиндагии мардум хеле таъсир доранд, чунки давлат ҳанӯз ҳаматарафа мустаҳкам нашудааст чун дар кишварҳои пешрафта. Аксари мардум бо ҳамин роҳ, яъне тавассути ҳамсояву ҳамшаҳрӣ ё хешу табор, соҳиби маълумот ё ҷои кор мешавад ва ҳар кори дигарашро буд мекунад. Ҷавононе, ки бармегарданд, пас аз ягон сол боз ба ҳамин муҳите ки ҳаст, хӯ мегиранд, яъне зиндагиашонро бо роҳҳое, ки кор буд шавад, пеш мебаранд.”

Эмомалӣ Раҳмон бо чӣ ба интихобот хоҳад рафт?

Ба бовари нозирони умур, иштибоҳҳои кадрӣ, бахусус дар соҳаи барқ, як дардисари асосии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли оянда хоҳад шуд. Ҷаноби Раҳмон дар интихоботи соли 1999 савори аспи сулҳ ба пирӯзӣ расид. Як заминаи пирӯзии ӯ дар интихоботи соли 2006, ваъдаи алакай то соли 2009 аз байн бурдани лимити нерӯи барқ буд.

Адолати Мирзо

Адолати Мирзо

Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи “Миллат”, ки ин нашрия хостори табдили чанд вазири калидӣ, аз ҷумла вазири энержӣ Шералӣ Гул ба далели идомаи буҳрони барқ шуда буд, мегӯяд, вақте мардум мебинад, ки ин ҳукумат дар 20 сол натавонист хонаашро гарму чароғон кунад, хеле дар андеша меуфтад, ки рӯзгори онҳоро ба дасти кӣ супурдаанд: “Танҳо 4 сол ваъдаашон буд, ки Тоҷикистонро аз бӯҳрон хоҳад баровард. Вале ин ваъда иҷро нашуд, балки вазъ боз ҳам бӯҳронитар шуд. Фикр мекунам, як масъалаи умдае, ки пешорӯи оқои Раҳмон меояд дар интихоботи соли 2013, ҳамин хоҳад буд. Ин бастагӣ ба рақибони ӯ дар интихобот хоҳад дошт, ки чигуна метавонанд аз ваъдаи иҷронашуда ба сӯди худ истифода баранд.”

Вазири энерживу саноат Шералӣ Гул, барои мисол, хатмкардаи Донишкадаи кишоварзист ва баландтарин мақоме, ки то омадан ба Душанбе дошт, раёсати ноҳияи Данғара ва аз он пеш раҳбарии идораи оби ин ноҳия буд. Раҳбари феълии “Барқи тоҷик” Абдулло Ёров дар 12 соли охир 3 маротиба раиси ин ширкат таъйин шуда, ду дафъаи аввал маҳз ба иллати нокомӣ дар ҳалли бӯҳрони барқ барканор шудааст.

Бо як гул ҳам баҳор мешавад

Ба ақидаи таҳлилгарон, интисоби афроди ғайриҳирфаӣ ва нолоиқ хоси танҳо як риштаи алоҳида дар Тоҷикистон нест, балки падидае саросарист. Онҳо мегӯянд, зарурати як ислоҳоти куллӣ дар сиёсати кадрӣ кайҳо пеш омадааст ва ҳукумати Тоҷикистон аз ин ба баъд бояд асосан аз ҳисоби вазирони технократ такмил шавад.

Адолати Мирзо мегӯяд, таҷруба нишон медиҳад, ки гоҳо ҳатто бо як гул ҳам баҳор мешавад: “Дуруст аст, ки аз дасти як нафар шояд чизи зиёде наояд. Вале бубинед, яке аз пешрафтҳое, ки давлати Тоҷикистон дорад, дар соҳаи мухобирот аст, ки баъди вазир таъйин шудани шодравон Саид Зубайдов дар байни кишварҳои пасошӯравӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ба даст овард. Агар касе бо ирода ё бо ҳадаф ба курсии вазирӣ ё раисӣ бишинад, кори бузурге ҳам агар аз дасташ наояд, як коре ҳатман анҷом хоҳад дод.”

Аммо ба ақидаи бисёриҳо, дар бештари ҳолатҳо дар Тоҷикистон он афроди ангуштшуморе ҳам, ки азми ислоҳот дар дил ба кобина роҳ меёбанд, баъд аз як муддати хеле кӯтоҳ қоидаҳои кӯҳнаи бозӣ дар ин саҳнаро пазируфта, ҳамранги боқии ҷамоат мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG