Пайвандҳои дастрасӣ

"Дигар кадр намонд". Матбуот ва тағйирҳои кадрӣ


Нашрияҳои чопи Душанбе

Нашрияҳои чопи Душанбе

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунон дар меҳвари матолиби нашрияҳои чопи Душанбе қарор дорад.

"ОЗОДАГОН"

Дар матлабе бо номи "Ислоҳот" навиштааст, "аз оғози сол мушоҳида мешавад, ки президенти Тоҷикистон ин бор низ баръакси интизороти мухолифонаш ислоҳоти чашмгиреро ба сомон намерасонад. Ба навиштаи нашрия "тағйироти кадрие, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон рӯи даст гирифт, давоми мантиқии ҳамон сиёсати наву кӯҳна аст, ки чеҳраҳои қаблӣ танҳо ҷойи худро иваз менамоянд."

"ФАРАЖ"

Ин нашрия навиштааст, "тағйироти деринтизор дар ҳукумат чеҳраи наверо ба саҳнаи сиёсӣ наовард. Ин шабеҳи бозии шоҳмот буд, ки бозигарон дар натиҷаи садоқату тавоноии хешро нишон додан, танҳо вазну қудрати худро коҳиш медиҳанд ё кам мекунанд." Нашрия менависад, "шояд интизории шадиди ҷомеа дар роҳи тағйироти ҷиддӣ ва кадрӣ ва бароварда нашудани ин интизорӣ ба ҳамон гуфтаи худи президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам рабт дошта бошад: "Дигар кадр намонд".

"НАҶОТ"

Чунин шеваи ба амал овардани тағйироти кадриро мавриди интиқод қарор дода ва навиштааст, ки "ин тарзи аз курсӣ канор рафтанҳо ва аз мансаб гирфтанҳоро мардум мебинаду мегӯяд, боз таъйину интиқол аз курсӣ ба курсӣ дар доираи маҳал мечархад." Ба навиштаи нашрия, "то даме, ки чун сӯзани паргор дар як нуқта истодаву гирди ҳам давр мезанем, асло пешрафтеро интизор будан нашояд."



"МИЛЛАТ"

Оғози таъйинот дар ҳукуматро ба "кӯлчақанд"-и ҳизби ҳоким ташбеҳ дода ва дар матлаби "Гашти асп"-и Раҳмон" навиштааст, "ҳукуматдорон аз мо дида хубтар дарк мекунанд, ки ҷойивазкунии кадрҳо ба мавсиме рост омадааст, ки ҳамакнун ҳар зарбаи ақрабаки соат моро ба маъракаи интихоботи президентӣ наздик мебарад. Оғози таъйинот, ки ба қавле аз "Гашти асп" оғоз гардид, аз он дарак медод, ки ҳизби ҳоким барои соли наве пеш аз "Интихоботи 2013" кӯлчақанди ҷолибе тайёр дорад."

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Оғози тағйироти кадрии ҳукуматро "ғайриқаноатбахш" хондааст. Ба навиштаи нашрия, "дарк мешавад, ки дар воқеъ масоили кадр хеле нохуб аст". Аммо нашрия феҳрасти номзадҳои алтернативӣ ба мақомҳои давлатиро низ пешниҳод кардааст, ки дар миёни онҳо чеҳраҳои нав ба мушоҳида мерасанд.

"СССР"

Тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати Тоҷикистонро дар матлаби "Вазиррафту омад!" самараи пешгӯиҳои коршиносон арзёбӣ карда ва навиштааст, "пешгӯии коршиносон пиромуни реформаҳои ҷиддӣ дар сохторҳои ҳукумат, ба вижа пас аз амалиёти ассиметрии Русия дар нисбат ба моҷарои халабонҳои рустабор дар Қӯрғонтеппа, ҷомаи амал мепӯшад." Ба навиштаи нашрия "то маҷлиси ҷамъбастӣ, ба таъбири Хуршеди Атовулло "Дилзанак-2012" ҳанӯз 2 ҳафта аст, аммо то ин соат даҳҳо раис ва 2 вазири калидӣ -- маориф ва корҳои дохила аллакай сабукдӯш шудаанд."

"ИМРӮЗ НЮС"

Дар матлаби "Истеъфо-ШОУ 2012" навиштааст, "ҷаласаи ҳукумат агар Гул Шераливу Шералӣ Хайруллоевро ба истеъфо равон кунад, беҳтарин "Истеъфо-ШОУ" дар соли 2012 мегардад." Ба навиштаи нашрия, "шумори чунин вазирон дар ҳукумати Тоҷикистон танҳо аз ин ду вазир иборат нест. Вале ин вазирон самтҳоеро раҳбарӣ доранд, ки ба қавле сутуни давлатдорӣ бар пояи он аст."

"ТОҶИКИСТОН"

Дар робита ба тағйироти кадрӣ дар ҳукмат курсии сарвазирро ба чолиш кашида ва навиштааст, ки "қаблан аз рӯи анъана вазифаи сарвазирӣ "мол"-и хуҷандиҳо ҳисобида мешуд. Аммо тахмин меравад, ин бор ҷуғрофия сари интихоби сарвазир нақше нахоҳад бозид." Нашрия бо таваҷҷӯҳ ба таъйини Матлубхон Давлатов ба мақоми муовини аввали нахуствазир ва афзун гаштани ваколатҳояш навштааст, ки "бо ин салоҳиятҳо Матлубхон Давлатов метавонад ҳатто сарвазирро иваз намояд."

"НИГОҲ"

Бар ҷавонгароии сиёсати кадрии Тоҷикистон таъкид карда ва навиштааст, "бо вуҷуди он ки бахши аъзами аҳолии Тоҷикистонро маҳз ҷавонон ташкил медиҳанд, синну соли миёнаи аъзои ҳукумат тақрибан 56 сол аст." Ба навиштаи нашрия, "риояи тавозуни ҳузури ҷавонон дар қудрат, аз як сӯ ба нафъи пӯёӣ ва созандагии фаъолияти ҳукумат хоҳад шуд ва аз сӯи дигар, рӯҳияи "нолозим" будани онҳо барои ҳалқаи нухбаро аз байн хоҳад бурд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG