Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҳафта низ идома кард, аммо ин бор низ дар мақомоти раҳбарӣ мансабдорони қадим таъйин шуданд.

Аз ҷумла дар раёсати Бонки миллӣ ва вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон нафароне омаданд, ки қаблан низ масъулиятҳои давлатиро бар ӯҳда доштанд.

Ба таъбири дигар, “кӯҳна”-ҳоро “ҷомаи нав” пӯшониданд ва ё боз ҳам «ҷойивазкунӣ»-и кадрҳо сурат гирифт. Симои нав ва шахсияти нав кадом мақомеро соҳиб нашуд. Ин дар ҳолест, ки сиёсати кадрии ҳукумат дар расонаҳо шадидан мавриди танқид қарор гирифта ва ҷомеа интизор дошт, ки дар ниҳоят таҳаввули ҷиддӣ дар ин самт ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳамакнун, ки ҳамин гуна як тағйирот сурат нагирифт, коршиносон ва соҳибназарон далоил ва сабабҳои ин амрро ҷӯё мешаванд

Аҳмадшоҳ Комилзода, коршиноси тоҷик ҷалб нашудани симоҳои нав ба мақомоти калидиро дар заъф ва беқудратии нафари тасмимгиранда марбут медонад. Оқои Комилзода гуфт, аз онки афроди дар канори раиси ҷумҳур солҳои тӯлонӣ бо ӯ ҳамкорӣ доранд, болои ӯ нуфуз пайдо карданд ва алъон барои раҳоӣ аз вобастагии онҳо, раиси ҷумҳурӣ бо мушкил дучор шудааст: "Ҳукумати Раҳмон қудрат надорад, ки кадрҳои ҷавонро, кадрҳои таҳсилкардаро дар сафи раҳбарони ҳукумат бубинад. Аз сӯи дигар ба кадрҳое, ки ҳоло дар мақомот ҳастанд, ба онҳо вобастагиҳои зиёде доранд. Ин гурӯҳҳо ба ҳамдигар иртибот доранд, ҳамдигарро пуштибонӣ мекунанд ва ин далелҳо боиси он мешавад, ки дигар дар ҳукумат кадрҳои нав, шахсиятҳои арзишманду таҳсилкарда ворид намешаванд."

Зимнан бештари онҳое, ки ба мақомоти давлатӣ таъйин ва ё интисоб шудаанд, узви ҲХДТ -- ҳизбеанд, ки роҳбарии онро раиси ҷумҳурӣ бар ӯҳда дорад ва ба истиснои хадамоти кадрҳои худи ҳукумат, ин ҳизб низ дар пешбарии номзадҳо ба мақомот саҳм мегузорад.

Усмони Солеҳ- мудири шӯъбаи таблиғ ва иттилооти Ҳизби ҳокими ХДТ таъйид кард, ки масъалаи пешбарии кадрҳо дар ҳизб низ баррасӣ мешавад. Вале вай такяи бештар ба кадрҳои кӯҳнаро на ба вобастагии раиси ҷумҳурӣ аз онҳо, балки дар афроди мутахассис ва озмудаву таҷрибадор будани онҳо алоқаманд медонад: "Ман фикр намекунам, ки ба чунин қарор бошад. Агар ягон вобастагӣ ҳам бошад ин танҳо ба таҷриба ба маҳорати ташкилотчигӣ ҳаст, ки онҳо дар тӯли раҳбариашон ҳосил мекунанд. Ҷаноби олӣ дар вақти ҷобаҷогузории кадрҳо аз тариқи хадамоти кадрии худ барои як вазифа се-чор нафар пешниҳод карда ва аз байни онҳо боз ҳам як нафар интихоб мешавад."

Вале Ибодуллоҳи Оқилпур, таҳлилгари дигари тоҷик, ки мегӯяд, дар яке аз озмунҳо барои ишғоли як мансабӣ давлатӣ ширкат карда, вале ноком берун омадааст, мӯътақид аст, ки иллати ба сари кор наомадани симоҳои нав, дар дасти афроди як маҳал қарор гирифтани бештари масъулиятҳои давлатист: "Президент ва Дастгоҳи иҷроияи ӯ як команда ташкил кардаанд. Яъне одамҳои худӣ. То вақте ин одамҳои худӣ дар сари қудратанд, симои тоза намеояд. Ман ба ин чиз мутмаинам. Зеро шахсан ман чанд сол пеш дар яке аз озмунҳо иштирок кардам. Маро аз ҳар ҷиҳат санҷиданд. Ман се маълумоти олӣ, якеаш аз ҷумла мактаби ҳизбии замони шӯравиро дорам. Лекин инҷо ин чизҳо нақш надоштааст. Фақат ба ҳамон команда наздикӣ дошта бошӣ ва агар одами ҳамон команда бошӣ, метавонӣ симои нав дар ҳукумат бишавию корро сар кунӣ. Лекин бадбахтии мо дар ин аст, ки ҳамон тиме, ки интихоб кардаанд, дар дастгоҳ тағйир намеёбад."

Ба ин тартиб тағйироти кадрии имсола, ки ба фарқ аз солҳои пешина на маҳз дар ҷаласаи натиҷагирии фаъолияти солонаи ҳукумат анҷом ёфт, балки ба мисли силсилафилмҳо то ба имрӯз идома дорад, кадом симои наверо дар ҳайати ҳукумат наовард.

Аз ин лиҳоз коршиносон ва соҳибназарон тахмин мезананд, ки Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад бо ҳамин тими озмуда ва содиқ ба худ, ба интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар дар соли оянда биравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG